https://sputnik.tj/20210601/ruzi-1-iun-dar-tarih-1039868484.html
Рӯзи ҳифзи кӯдакон: 1 июн дар таърих
Рӯзи ҳифзи кӯдакон: 1 июн дар таърих
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи якуми июн ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии муҳофизати кӯдакон қайд мешавад. Ҳамчуниндар Тунис Рӯзи Конститутсия ва дар Муғулистон Рӯзи модару кӯдак таҷлил мешавад
2021-06-01T06:00+0500
2021-06-01T06:00+0500
2021-06-01T10:36+0500
дар ҷаҳон
дар тоҷикистон
ҷашн
таърих
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1f/1039870587_0:68:1280:788_1920x0_80_0_0_bbb86342d39999bac1234b2fdb594122.png
Рӯзи 1 июн дар ҷаҳон чӣ рух додСоли 1862 дар саросари ИМА ғуломдорӣ манъ карда шуд.Соли 1869 бақайдгирандаи электронии овоздиҳӣ ихтироъ карда шуд.Соли 1935 дар Англия барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ва рақами автомобил имтиҳон ҷорӣ карда шуд.Соли 1858 дар Канада аввалин танга истеҳсол карда шуд.Соли 1938 аввалин шумораи маҷаллаи ҳаҷвии "Action Comics" нашр шуд.Рӯзи 1 июн дар Тоҷикистон чӣ рух додСоли 2009 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ" фармон имзо кард, ки пас аз он дар Тоҷикистон ҳар сол 30 сентябр чун Рӯзи Мавлоно таҷлил карда мешавад.Соли 2010 маросими ботантанаи ба истифода додани бинои нави Муассисаи давлатии "Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб "Чорбоғ" дар ноҳияи Варзоб" баргузор гардид. Барои бунёди бинои мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 800 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд.Соли 2010 дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия рӯйхати дастаҳои футболе, ки дар бозиҳои олимпии Лондон-2012 иштирок мекарданд, ба тасвиб расид. Ба он 34 дастаи футболбозон, аз ҷумла, дастаи миллии Тоҷикистон низ шомил шуд.Соли 2011 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро ба тасвиб расонид.Соли 2012 сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чин аз музофоти Фуҷиан, ки дар ҷанубу шарқи ин кишвар қарор дорад, оғоз ёфт. Соли 2016 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии фестивал-озмуни чумҳуриявии "Тараннуми истиқлол" баргузор гардид.Соли 2018 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои ИДМ доир гардидҶашнҳои рӯзи 1 июнРӯзи 1 июн дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадаастСоли 1916 - арбоби давлатӣ, сиёсатмадор Турсун Улҷабоев. Соли 1932 - доктори илми фалсафа Абдулло Раҳимов. Соли1935 - актёр ва коргардони театр Турахон Аҳмадхонов. Соли 1935 - академик, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, академик Бобо Сангинов. Соли 1937 - нависанда Раҷабалӣ Роғӣ. Соли 1940 - директори театр Ислом Саломов. Соли 1957 - нависанда Саид Ғоиб.
https://sputnik.tj/20210531/31-may-dar-tarih-1039844938.html
https://sputnik.tj/20210530/30-may-dar-tarih-1039820326.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1f/1039870587_70:0:1210:855_1920x0_80_0_0_94d1f75f660472f805540e3c19b722de.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯзи кӯдакон, ҷаҳон, ҷашн,
рӯзи кӯдакон, ҷаҳон, ҷашн,
Рӯзи ҳифзи кӯдакон: 1 июн дар таърих
06:00 01.06.2021 (Навсозишуда: 10:36 01.06.2021) Рӯзи якуми июн ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон қайд мешавад. Ҳамчуниндар Тунис Рӯзи Конститутсия ва дар Муғулистон Рӯзи модару кӯдак таҷлил мешавад
Рӯзи 1 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1862 дар саросари ИМА ғуломдорӣ манъ карда шуд.
Соли 1869 бақайдгирандаи электронии овоздиҳӣ ихтироъ карда шуд.
Соли 1935 дар Англия барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ва рақами автомобил имтиҳон ҷорӣ карда шуд.
Соли 1858 дар Канада аввалин танга истеҳсол карда шуд.
Соли 1938 аввалин шумораи маҷаллаи ҳаҷвии "Action Comics" нашр шуд.
Рӯзи 1 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2009 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ" фармон имзо кард, ки пас аз он дар Тоҷикистон ҳар сол 30 сентябр чун Рӯзи Мавлоно таҷлил карда мешавад.
Соли 2010 маросими ботантанаи ба истифода додани бинои нави Муассисаи давлатии "Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб "Чорбоғ" дар ноҳияи Варзоб" баргузор гардид. Барои бунёди бинои мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 800 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд.
Соли 2010 дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия рӯйхати дастаҳои футболе, ки дар бозиҳои олимпии Лондон-2012 иштирок мекарданд, ба тасвиб расид. Ба он 34 дастаи футболбозон, аз ҷумла, дастаи миллии Тоҷикистон низ шомил шуд.
Соли 2011 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро ба тасвиб расонид.
Соли 2012 сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чин аз музофоти Фуҷиан, ки дар ҷанубу шарқи ин кишвар қарор дорад, оғоз ёфт.
Соли 2016 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии фестивал-озмуни чумҳуриявии "Тараннуми истиқлол" баргузор гардид.
Соли 2018 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои ИДМ доир гардид
Рӯзи ҷаҳонии муҳофизати кӯдакон.
Дар Самоа — Рӯзи истиқлолият.
Дар Тунис- иди умумимиллӣ- Рӯзи Консититутсия.
Дар Муғулистон — Рӯзи модару кӯдак.
Дар Ҷумҳурии Палау — Рӯзи президент
Рӯзи 1 июн дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Соли 1916 - арбоби давлатӣ, сиёсатмадор Турсун Улҷабоев.
Соли 1932 - доктори илми фалсафа Абдулло Раҳимов.
Соли1935 - актёр ва коргардони театр Турахон Аҳмадхонов.
Соли 1935 - академик, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, академик Бобо Сангинов.
Соли 1937 - нависанда Раҷабалӣ Роғӣ.
Соли 1940 - директори театр Ислом Саломов.
Соли 1957 - нависанда Саид Ғоиб.