https://sputnik.tj/20210601/ismat-abdulloev-poyaguzori-samboi-tojikiston-darguzasht-1039889326.html
Исмат Абдуллоев, поягузори самбои Тоҷикистон даргузашт
Исмат Абдуллоев, поягузори самбои Тоҷикистон даргузашт
Sputnik Тоҷикистон
Исмат Абдуллоев, паҳлавони маъруф ва поягузори самбо дар Тоҷикистон, пас аз бемории тӯлонӣ дар 77-солагӣ даргузашт
2021-06-01T15:45+0500
2021-06-01T15:45+0500
2021-06-01T15:45+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
даргузашт
самбо
паҳлавон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_0:139:2646:1627_1920x0_80_0_0_2b0641ee1c816dbd58b8236d972ccaf3.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Бино ба иттилои наздикону пайвандонаш, маросими видоъ ва дафни ӯ дар Душанбе баргузор мешавад.Ҷанозаи марҳум имрӯз, соати 18:00, дар масҷиди маҳаллаи Панҷрӯди Душанбе баргузор шуда, ҷасади ӯ дар қабристони маҳаллаи Қаротегини Душанбе ба хок супурда мешавадИсмат Абдуллоев дар ҳайати дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон соли 1971 дар Спартакиадаи халқҳои СССР дар рақобатҳо дар вазни 66 кило ҳунарнамоӣ карда, ба панҷгонаи беҳтаринҳо дохил шудааст. Соли 2004 дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни устодон, ки дар шаҳри Турсунзода доир шуда буд, дар вазни 82 кило ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гаштааст.Исмат Абдуллоев дар ҳайати дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон соли 1971 дар Спартакиадаи халқҳои СССР дар рақобатҳо дар вазни 66 кило ҳунарнамоӣ карда, ба панҷгонаи беҳтаринҳо дохил шудааст. Соли 2004 дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни устодон, ки дар шаҳри Турсунзода доир шуда буд, дар вазни 82 кило ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гаштааст.Исмат Абдуллоев ҳамчунин бо унвони “Устоди варзиши СССР” (соли 1966) ва унвони ифтихории “Мураббии шоистаи ҶШС Тоҷикистон” (1973) ва бисёр ҷоизаҳову ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст. Абдуллоев соли 1975 ба қатори даҳ мураббии беҳтарини Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба самбо дохил шуда, ҳамчунин беҳтарин мураббии Тоҷикистон дар асри ХХ эътироф гаштааст.Моҳи майи соли 2015 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии самбо барои ҷоизаҳои Исмат Абдуллоев, поягузори ин намуд дар Тоҷикистон, баргузор шуда буд, ки дар он беш аз 100 навраси 16-18-сола аз манотиқи мухталифи кишвар дар 10 вазн рақобат карданд.
https://sputnik.tj/20210220/Nosir-Hasanov-hunarmand-darguzasht-1032863186.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_147:0:2499:1764_1920x0_80_0_0_9cac77bca977d1bc87e920668bef1f4d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, даргузашт, самбо, поягузор
тоҷикистон, даргузашт, самбо, поягузор
Исмат Абдуллоев, поягузори самбои Тоҷикистон даргузашт
Исмат Абдуллоев, паҳлавони маъруф ва поягузори самбо дар Тоҷикистон, пас аз бемории тӯлонӣ дар 77-солагӣ даргузашт
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Бино ба иттилои наздикону пайвандонаш, маросими видоъ ва дафни ӯ дар Душанбе баргузор мешавад.
Ҷанозаи марҳум имрӯз, соати 18:00, дар масҷиди маҳаллаи Панҷрӯди Душанбе баргузор шуда, ҷасади ӯ дар қабристони маҳаллаи Қаротегини Душанбе ба хок супурда мешавад
Исмат Абдуллоев дар ҳайати дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон соли 1971 дар Спартакиадаи халқҳои СССР дар рақобатҳо дар вазни 66 кило ҳунарнамоӣ карда, ба панҷгонаи беҳтаринҳо дохил шудааст. Соли 2004 дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни устодон, ки дар шаҳри Турсунзода доир шуда буд, дар вазни 82 кило ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гаштааст.
Исмат Абдуллоев дар ҳайати дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон соли 1971 дар Спартакиадаи халқҳои СССР дар рақобатҳо дар вазни 66 кило ҳунарнамоӣ карда, ба панҷгонаи беҳтаринҳо дохил шудааст.
Соли 2004 дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни устодон, ки дар шаҳри Турсунзода доир шуда буд, дар вазни 82 кило ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гаштааст.
Исмат Абдуллоев ҳамчунин бо унвони “Устоди варзиши СССР” (соли 1966) ва унвони ифтихории “Мураббии шоистаи ҶШС Тоҷикистон” (1973) ва бисёр ҷоизаҳову ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст.
Абдуллоев соли 1975 ба қатори даҳ мураббии беҳтарини Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба самбо дохил шуда, ҳамчунин беҳтарин мураббии Тоҷикистон дар асри ХХ эътироф гаштааст.
Моҳи майи соли 2015 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии самбо барои ҷоизаҳои Исмат Абдуллоев, поягузори ин намуд дар Тоҷикистон, баргузор шуда буд, ки дар он беш аз 100 навраси 16-18-сола аз манотиқи мухталифи кишвар дар 10 вазн рақобат карданд.