https://sputnik.tj/20210601/ihtiroot-navras-hatlon-navor-1039883198.html
Ихтирои аҷиби навраси 16 - сола дар Хатлон: худ ҳаракат мекунаду алла мехонад - навор
Ихтирои аҷиби навраси 16 - сола дар Хатлон: худ ҳаракат мекунаду алла мехонад - навор
Sputnik Тоҷикистон
Аробачаи маъюбӣ, асбоби шамолдиҳӣ, роботи забондон ва гаҳворае, ки мушкили занони тоҷикро метавонад сабук кунад, аз зумраи ихроъкориҳои Ҷалилови наврас мебошад.
2021-06-01T13:30+0500
2021-06-01T13:30+0500
2021-06-01T13:39+0500
дар тоҷикистон
наврас
ихтироъ
видео
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/01/1039882403_0:0:629:353_1920x0_80_0_0_d1f35d8b5debc889a645a54fd78c02dd.jpg
Аробачаи маъюбӣ, асбоби шамолдиҳӣ, роботи забондон ва гаҳворае, ки мушкили занони тоҷикро метавонад сабук кунад, аз зумраи ихроъкориҳои Ҷалилови наврас мебошад.Ихтирооти хонандаи синфи 9 -и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами № 2 дар шаҳри Кӯлобро, сомонаи Jom.tj дар сафҳаи интернетии худ ҷо додааст.Манбаъ меафзояд, Исломҷон корашро аз қоғазпораҳо шурӯъ кардааст ва ҳоло офаридаҳои ӯ амалан ҳаракат мекунанд.Яке аз дастранҷҳои ин навраси боҳуш гаҳвора мебошад, ки ба барқ пайваст аст ва ҳам ҳаракат мекунаду ҳам алла мехонад.Ихтирои аҷиби навраси 16 - сола дар Хатлон: худ ҳаракат мекунаду алла мехонад - наворМуаллифи ин гаҳвора мегӯяд, онро барои занони тоҷик мебахшад, чун серкор ҳастанд ва доштани гаҳвораи аллагӯ мушкили онҳоро то каме сабук мекунад.Исломҷон ҳамчунин барои маъюбон, аробача ихтироъ кардааст.Инчунин роботеро офаридааст, ки бо се забон "сипосгузорӣ" мекунад.Ҷалилов мегӯяд, роботи истеҳсолкардаи ӯ бояд дар боғу гулгаштҳо истифода шавад ва шояд мардум ба хотири ӯ партобро на дар кӯчаҳо, балки дохили он, ҷо медиҳанд, зеро барои партоби партофташуда робот бо се забон раҳмат мегӯяд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш як навраси дигари тоҷик ҳавопаймои бесарнишин сохт ва изҳор дошт, ки онро барои таъмини амният дар марз офарид.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/01/1039882403_77:0:548:353_1920x0_80_0_0_2d7ccf15f61173e31defbb23d7b64fdd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хатлон, ихтироъ, наврас
Ихтирои аҷиби навраси 16 - сола дар Хатлон: худ ҳаракат мекунаду алла мехонад - навор
13:30 01.06.2021 (Навсозишуда: 13:39 01.06.2021) Исломҷон Ҷалилов ҳамагӣ 16 сол дорад, вале дар озмунҳои зиёди ихтироъкорон иштирок кардаву ҷойҳои ифтихориро азхуд намудааст
Аробачаи маъюбӣ, асбоби шамолдиҳӣ, роботи забондон ва гаҳворае, ки мушкили занони тоҷикро метавонад сабук кунад, аз зумраи ихроъкориҳои Ҷалилови наврас мебошад.
Ихтирооти хонандаи синфи 9 -и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами № 2 дар шаҳри Кӯлобро, сомонаи Jom.tj дар сафҳаи интернетии худ ҷо додааст.
Манбаъ меафзояд, Исломҷон корашро аз қоғазпораҳо шурӯъ кардааст ва ҳоло офаридаҳои ӯ амалан ҳаракат мекунанд.
Яке аз дастранҷҳои ин навраси боҳуш гаҳвора мебошад, ки ба барқ пайваст аст ва ҳам ҳаракат мекунаду ҳам алла мехонад.
Муаллифи ин гаҳвора мегӯяд, онро барои занони тоҷик мебахшад, чун серкор ҳастанд ва доштани гаҳвораи аллагӯ мушкили онҳоро то каме сабук мекунад.
Исломҷон ҳамчунин барои маъюбон, аробача ихтироъ кардааст.
Инчунин роботеро офаридааст, ки бо се забон "сипосгузорӣ" мекунад.
Ҷалилов мегӯяд, роботи истеҳсолкардаи ӯ бояд дар боғу гулгаштҳо истифода шавад ва шояд мардум ба хотири ӯ партобро на дар кӯчаҳо, балки дохили он, ҷо медиҳанд, зеро барои партоби партофташуда робот бо се забон раҳмат мегӯяд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш як навраси дигари тоҷик ҳавопаймои бесарнишин сохт ва изҳор дошт, ки онро барои таъмини амният дар марз офарид.