https://sputnik.tj/20210601/hinduston-mahbusoni-ozodi-rad-koronavirus-1039884714.html
Дар Ҳиндустон маҳбусони 9 зиндон баромадан ба озодиро рад карданд
Дар Ҳиндустон маҳбусони 9 зиндон баромадан ба озодиро рад карданд
Sputnik Тоҷикистон
Маҳбусоне, ки озодии шартии пеш аз муҳлатро рад карданд, дар як иёлат нигоҳдорӣ мешуданд
2021-06-01T14:30+0500
2021-06-01T14:30+0500
2021-08-10T17:02+0500
ҳиндустон
озодӣ
маҳбусон
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/01/1039885174_0:0:2891:1626_1920x0_80_0_0_9d053aae2e403d82a03fee74b253cc5d.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Дар зиндонҳои иёлати Уттар-Прадеши Ҳиндустон маҳкумшудагон ба сабаби "афзоиши бесобиқа" -и эпидемияи коронавирус аз озодӣ саркашӣ карданд, менависад India Today. Мувофиқи маълумоти рӯзнома, зиёда аз 20 маҳбус аз ҳуқуқи шартан пеш аз мӯҳлат озод кардан истифода накарданд. Сардори низоми зиндонҳо Ананд Кумар таъкид кард, ки маҳбусон хоҳиши худро дар шакли хаттӣ тибқи талабот баён кардаанд, аз ин рӯ, мавқеи онҳо бояд "қабул ва эҳтиром карда шавад"."Пас аз раҳоӣ, маҳкумшудагон бояд барои дарёфти ризқу рӯзӣ мубориза баранд. Дар пасманзари пандемия вазъ боз ҳам мураккабтар хоҳад шуд", - таъкид кард Кумар. Маҳбусоне, ки аз озодӣ даст кашиданд, дар нӯҳ маҳбаси иёлот, аз ҷумла Ғозиобод, Гаутам Будд Нагар, Меирут, Маҳараҷганя, Горахпур ва Лакҳнав нигаҳдорӣ мешаванд. Шумораи умумии ҳолатҳои сирояти COVID-19 дар Ҳиндустон, бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, аз 27,7 миллион гузашт. Зиёда аз 322,5 ҳазор бемор фавтид.Дар авоили моҳи май кишварро "тӯфони коронавирус" такон дод, ки дар авҷи худ дар як рӯз беш аз 414 ҳазор сироятёфта ошкор карда шуд.
https://sputnik.tj/20210426/bedodgariho-koronavirus-hinduston-video-1039045061.html
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/01/1039885174_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_d7c5b4b790ba6a342f0147885293a987.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳиндустон, маҳбус, зиндон, озодӣ, рад
ҳиндустон, маҳбус, зиндон, озодӣ, рад
Дар Ҳиндустон маҳбусони 9 зиндон баромадан ба озодиро рад карданд
14:30 01.06.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Маҳбусоне, ки озодии шартии пеш аз муҳлатро рад карданд, дар як иёлат нигоҳдорӣ мешуданд
ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Дар зиндонҳои иёлати Уттар-Прадеши Ҳиндустон маҳкумшудагон ба сабаби "афзоиши бесобиқа" -и эпидемияи коронавирус аз озодӣ саркашӣ карданд, менависад India Today.
Мувофиқи маълумоти рӯзнома, зиёда аз 20 маҳбус аз ҳуқуқи шартан пеш аз мӯҳлат озод кардан истифода накарданд.
"Ҳангоми пандемия дар зиндон мондан бехатартар аст, зеро онҳо хӯрок, доруҳои зарурӣ медиҳанд ва мунтазам муоинаи тиббӣ мегузаронанд", - омадааст дар изҳороти расмӣ.
Сардори низоми зиндонҳо Ананд Кумар таъкид кард, ки маҳбусон хоҳиши худро дар шакли хаттӣ тибқи талабот баён кардаанд, аз ин рӯ, мавқеи онҳо бояд "қабул ва эҳтиром карда шавад".
"Пас аз раҳоӣ, маҳкумшудагон бояд барои дарёфти ризқу рӯзӣ мубориза баранд. Дар пасманзари пандемия вазъ боз ҳам мураккабтар хоҳад шуд", - таъкид кард Кумар.
Маҳбусоне, ки аз озодӣ даст кашиданд, дар нӯҳ маҳбаси иёлот, аз ҷумла Ғозиобод, Гаутам Будд Нагар, Меирут, Маҳараҷганя, Горахпур ва Лакҳнав нигаҳдорӣ мешаванд.
Шумораи умумии ҳолатҳои сирояти COVID-19 дар Ҳиндустон, бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, аз 27,7 миллион гузашт. Зиёда аз 322,5 ҳазор бемор фавтид.
Дар авоили моҳи май кишварро "тӯфони коронавирус" такон дод, ки дар авҷи худ дар як рӯз беш аз 414 ҳазор сироятёфта ошкор карда шуд.