https://sputnik.tj/20210531/shinosoi-raison-sohtmon-honaho-osebdidagon-ofati-tabii-1039863515.html
Шиносоии раисон бо сохтмони хонаҳо барои осебдидагон аз офати табиию даргирии марзӣ - акс
Шиносоии раисон бо сохтмони хонаҳо барои осебдидагон аз офати табиию даргирии марзӣ - акс
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти маҳаллии вилоятҳои Суғду Хатлон аз ҷараёни сохтмони хонаҳо барои осебдидагон аз офати табиӣ ва даргириҳои марзӣ гузориш доданд
2021-05-31T17:06+0500
2021-05-31T17:06+0500
2021-05-31T17:08+0500
акс
сохтмон
хона
офат
осеб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1f/1039858663_0:129:961:669_1920x0_80_0_0_55b5a9743262dda39efe73ebecc57496.jpg
Даргирии марзии охири моҳи апрел бо Қирғизистон ва офатҳои табиии аввали моҳи май дар Тоҷикистон дар баробари талафоти ҷонӣ, талафоти зиёди моддӣ гузошт, аз ҷумла даҳҳо манзили истиқоматӣ дар шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғду Хатлон хароб шуданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1f/1039858663_0:39:961:759_1920x0_80_0_0_c7e44164a187834ee482ae8b11b72b72.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мақом, шиносоӣ, сохтмон хона.
мақом, шиносоӣ, сохтмон хона.
Шиносоии раисон бо сохтмони хонаҳо барои осебдидагон аз офати табиию даргирии марзӣ - акс
17:06 31.05.2021 (Навсозишуда: 17:08 31.05.2021) Мақомоти маҳаллии вилоятҳои Суғду Хатлон аз ҷараёни сохтмони хонаҳо барои осебдидагон аз офати табиӣ ва даргириҳои марзӣ гузориш доданд
Даргирии марзии охири моҳи апрел бо Қирғизистон ва офатҳои табиии аввали моҳи май дар Тоҷикистон дар баробари талафоти ҷонӣ, талафоти зиёди моддӣ гузошт, аз ҷумла даҳҳо манзили истиқоматӣ дар шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғду Хатлон хароб шуданд.

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд бо ҷараёни сохтмони хонаҳо барои зарардидагони муноқишаи марзӣ дар деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара

Ҷараёни шиносоӣ бо бунёди хонаҳои истиқоматии сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён

Дар аксари хонаҳои истиқоматии навбунёд дар Исфара айни замон корҳои бомпӯшкунӣ ҷараён дорад.

Ҳукумати Суғд гуфт, хонаҳоро дар зудтарин фурсат ба осебдидагон месупоранд

Ҳукумати Суғд таъкид намуд, ки барои зарардидагон хонаҳои нав бо тамоми ҷиҳози зарурӣ таъмин карда мешаванд.

Барои осебдидагон аз офати табиӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон низ хонасозӣ тариқи ҳашар идома дорад.

Барои сохтмони хонаҳо ба осебдидагон ихтиёриён аз навоҳии гуногуни Хатлон кумак мекунанд

Боздиди Қурбон Ҳакимзода, аз майдони сохтмони хона барои осебдидагони офати табиӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Сохтмони хона барои зарардидагон аз офати табиӣ дар деҳаи "Иттифоқ"- и ноҳияи Вахш

Ҳакимзода аз масъулин хост, кумакҳои расонидашуда саривақт ба оилаҳои зарардида расонида шаванду, хонаводаҳое, ки қисман зарар дидаанд бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин шаванд.