Паёми сафири Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати рӯзи бузургдошти ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ

© Посолство Ирана в Таджикистане Посол Ирана в Таджикистане Мухаммажтаки Собири
Посол Ирана в Таджикистане Мухаммажтаки Собири - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Обуна шудан
Сафири Эрон дар Душанбе дар паёме ба муносибати 25 урдубиҳишт ва 15 май, ки дар тақвими Эрон рӯзи посдошти забони форсӣ ва бузургдошти ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ номгузорӣ шудааст, барои ду миллати Эрон ва Тоҷикистон сарбаландӣ, оромиш, пешрафт ва некӯаҳволӣ орзу кард
ДУШАНБЕ, 14 май - Sputnik. Сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ, рӯзи ҷумъа дар ин паём навишт, ки ҳакими фарзонаи Тӯс ва асари гаронмояаш “Шоҳнома” барои мардуми Эрон ҳамонанди ҳамзабонони тоҷикашон асаре мондагор, гиромӣ ва сазовори эҳтироми абадист.
Собирӣ афзуд, ки Шоҳнома, санади ҳувияти Эрони куҳан аз қадимтарин тамаддунҳои шинохташудаи ҷаҳон аст ва шеъри пурҷалоли Фирдавсӣ посдори забони порсӣ ва ганҷинае мондагор аз омӯзаҳои тавҳидӣ ва ахлоқист, ки бо номи худо шурӯъ мешавад ва саршор аз мафоҳиме ҳамонанди донишандӯзӣ, адолат, додгарӣ, некӯкорӣ ва хирадварзист.
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2019
Шоири тоҷик дар пайравии достони  “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ “Шоҳнома” навиштаст
Сафири Эрон дар Тоҷикистон таъкид кард, ки мӯҷиби ифтихор аст ки порсизабонон, мафохири арзишманде чун Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Мавлавӣ ва ҳакимоне ҳамчун Фирдавсиро тайи қарнҳо ба ҷомеаи башарият арза кардаанд.
Ҳар сол дар 25 урдубиҳишт рӯзи Фирдавсӣ дар шаҳри Машҳад, ки зодгоҳ ва оромгоҳи ин шоир ва ҳакими эронист ва низ дар сойири шаҳрҳои Эрон маросими вижае баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0