https://sputnik.tj/20210531/manizha-zodruz-konserti-buzurg-maskav-1039860299.html
Манижа зодрӯзашро бо як консерти бузург дар Маскав таҷлил мекунад
Манижа зодрӯзашро бо як консерти бузург дар Маскав таҷлил мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Манижа мехоҳад зодрӯзашро дар саҳна бо мухлисонаш ҷашн гирад
2021-05-31T15:35+0500
2021-05-31T15:35+0500
2021-05-31T15:42+0500
фарҳанг
зодрӯз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/09/1039334917_0:186:3073:1914_1920x0_80_0_0_3a5149c5204cb3e2918bdfb5c3eb6994.jpg
ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Сароянда тоҷики муқими Маскав Манижа Сангин, санаи баргузории нахустин консерташро пас аз ширкат дар Евровидение - 2021, эълон кард. Овозхон дар саҳифааш дар Instagram гуфтааст, ки 8 июл ӯ дар Crocus City Hall дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунад. Ҳамин тавр, Манижа ният дорад 30-солагии худро таҷлил кунад. Ҷолиби диққат аст, ки консерти ӯ таҳти унвони "Зани рӯс", - яъне бо номи сруде, ки манижа дар Евровидение - 2021 сароида буд, баргузор мешавад.Дар Роттердам, ҳунарманд суруд дар бораи мушкилоти занро сароида буд ва ҷои 9-умро гирифт.Пас аз интихоби суруд дар даври миллии озмун, ин суруди "Зани рӯс" боиси эътирози мардум шуд. Манижаро ба таҳрифи симои зани рус ва паст кардани фарҳанги кишвар айбдор карданд. Сароянда аз ҷониби сиёсатмадорон, ходимони ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ мавриди интиқод қарор гирифт ва матни ин асарро Кумитаи тафтишотии Русия барои нишонаҳои барангехтани кинаву адоват тафтиш кард. Бо вуҷуди ин, видеои ин суруд дар YouTube нисбат ба дигар иштирокчиёни Eurovision - 2021 шумораи бештари тамошобинонро ба даст овард. Ғайр аз ин, суруди "Зани рус" ба ҷоизаҳои бонуфуз пешбарӣ карда шуд. Ёдовар мешавем, ки дар Евровидение - 2021 Манижа ба даҳгонаи беҳтарин сарояндагони Урупо дохил шуда, дар ҷои нӯҳум қарор гирифт. Ғолиби озмун гурӯҳи роксарой аз Итолиё - Måneskin гардид.
https://sputnik.tj/20210523/manizha-russian-woman-final-evrovidenie-2021-video-1039523863.html
https://sputnik.tj/20210523/qahramon-vokunish-korbaron-manizha-evrovidenie-2021-1039683141.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/09/1039334917_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_2435e5be391b8758f1f25162e72dd3ad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маскав, манижа сангин, зодрӯз, евровидение - 2021, консерт
маскав, манижа сангин, зодрӯз, евровидение - 2021, консерт
Манижа зодрӯзашро бо як консерти бузург дар Маскав таҷлил мекунад
15:35 31.05.2021 (Навсозишуда: 15:42 31.05.2021) Манижа мехоҳад зодрӯзашро дар саҳна бо мухлисонаш ҷашн гирад
ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Сароянда тоҷики муқими Маскав Манижа Сангин, санаи баргузории нахустин консерташро пас аз ширкат дар Евровидение - 2021, эълон кард.
Овозхон дар саҳифааш дар Instagram гуфтааст, ки 8 июл ӯ дар Crocus City Hall дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунад. Ҳамин тавр, Манижа ният дорад 30-солагии худро таҷлил кунад.
"8 июл ман 30-сола мешавам. Инро бо шумо дар саҳнаи Крокус ҷашн хоҳам гирифт", - шарҳ дод хабари консерташро Манижа.
Ҷолиби диққат аст, ки консерти ӯ таҳти унвони "Зани рӯс", - яъне бо номи сруде, ки манижа дар Евровидение - 2021 сароида буд, баргузор мешавад.
Дар Роттердам, ҳунарманд суруд дар бораи мушкилоти занро сароида буд ва ҷои 9-умро гирифт.
Пас аз интихоби суруд дар даври миллии озмун, ин суруди "Зани рӯс" боиси эътирози мардум шуд. Манижаро ба таҳрифи симои зани рус ва паст кардани фарҳанги кишвар айбдор карданд.
Сароянда аз ҷониби сиёсатмадорон, ходимони ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ мавриди интиқод қарор гирифт ва матни ин асарро Кумитаи тафтишотии Русия барои нишонаҳои барангехтани кинаву адоват тафтиш кард.
Бо вуҷуди ин, видеои ин суруд дар YouTube нисбат ба дигар иштирокчиёни Eurovision - 2021 шумораи бештари тамошобинонро ба даст овард. Ғайр аз ин, суруди "Зани рус" ба ҷоизаҳои бонуфуз пешбарӣ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар Евровидение - 2021 Манижа ба даҳгонаи беҳтарин сарояндагони Урупо дохил шуда, дар ҷои нӯҳум қарор гирифт. Ғолиби озмун гурӯҳи роксарой аз Итолиё - Måneskin гардид.