https://sputnik.tj/20210531/dushanbe-toshkand-roh-tojikistoniyon-oson-1039857421.html
Баъди марзбандии Қирғизистон: Душанбе бо Тошканд осонсозии ҳаракатро ба миён гузошт
Баъди марзбандии Қирғизистон: Душанбе бо Тошканд осонсозии ҳаракатро ба миён гузошт
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳоле, ки Қирғизистон марзҳояшро ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баст, Душанбею Тошканд осонгардонии ҳаракати мусофирон ва ҳамлу нақли борро ба миён гузоштанд
2021-05-31T14:30+0500
2021-05-31T14:30+0500
2021-05-31T15:10+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
ӯзбекистон
ҳаракат
осиёи марказӣ
ҳамлу нақл
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102437/76/1024377650_0:288:3083:2022_1920x0_80_0_0_818080de55527bbf89270dc79a966a41.jpg
ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар Душанбе бо муовини вазири нақлиёти Ӯзбекистон Абдусамат Мӯъминов дидор ва мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон.Онҳо имконоти такмили ҳамлу нақли бор ва мусофирон, инчунин транзити байналмилалӣ тавассути кишварҳоро баррасӣ карданд. Ғайр аз ин, мақомоти Ӯзбекистон ва Тоҷикистон имкони фаъол кардани хатсайрҳои нақлиёти автомобилӣ тавассути Тоҷикистон ба Чинро баррасӣ карданд. Бояд гуфт, ки моҳи марти соли 2021, ҳангоми сафари расмии ҳайати Ӯзбекистон ба пойтахти Тоҷикистон мақомоти Душанбе таҷрибаи Ӯзбекистонро дар сохтмони метрои шаҳрии рӯи замин муҳокима карданд. Он замон, ин масъаларо директори генералии ҶДММ "Гранд Роуд Тошканд" Аҳмад Сайдалиев бо муовини раиси шаҳри Душанбе оид ба нақлиёт ва роҳсозӣ Фирдавс Саидзода ва сардори Раёсати сохтмон, таҷдид ва таъмири роҳҳо ва пулҳои Душанбе Муҳаммадюсуф Раҳимзода баррасӣ карданд.Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон тақвият меёбадЁдовар мешавем, ки кишварҳо инчунин ният доранд дар бораи сохтани хатти интиқоли барқ дар хатти роҳи оҳан, ки аз қаламравҳои шимолии Тоҷикистон дар масири Бекобод - Конибодом - Қӯқанд мегузаранд, созишнома имзо кунанд. Электровозҳо хароҷоти кишварҳоро хеле кам мекунад, партоби моддаҳои зарароварро ба атмосфера кам ва басомади қаторҳоро афзоиш медиҳад.Ёдрас мешавем, ки Қирғизистон ахиран марзҳояшро ба рӯи Тоҷикистон баст ва аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ даъват кард, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон чипта нафурӯшанд.Тариқи 5 гузаргоҳ шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд Қирғизистонро тарк кунанд: рӯйхатҲамакнун шаҳрвандони Тоҷикистон барои баромадан аз Қирғизистон метавонанд, аз 5 гузаргоҳ истифода кунанд, вале имкон надоранд ба Қирғизистон ворид шаванд, ё тариқи ин кишвар ба давлати сеюм бираванд.
https://sputnik.tj/20210519/sozish-tojikiston-uzbekiston-musofirbari-avtobus-1039558780.html
https://sputnik.tj/20210524/qirghiziston-marz-tojikiston-bast-1039707581.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102437/76/1024377650_43:0:2774:2048_1920x0_80_0_0_a32b5a00386aed8eb292fd26fe6fcf37.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон, ӯзбекистон, ҳамлу нақл, тошканд, душанбе
қирғизистон, ӯзбекистон, ҳамлу нақл, тошканд, душанбе
Баъди марзбандии Қирғизистон: Душанбе бо Тошканд осонсозии ҳаракатро ба миён гузошт
14:30 31.05.2021 (Навсозишуда: 15:10 31.05.2021) Дар ҳоле, ки Қирғизистон марзҳояшро ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баст, Душанбею Тошканд осонгардонии ҳаракати мусофирон ва ҳамлу нақли борро ба миён гузоштанд
ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар Душанбе бо муовини вазири нақлиёти Ӯзбекистон Абдусамат Мӯъминов дидор ва мулоқот кард,
хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон.
"Дар ҷараёни музокироти дуҷониба вазирон масъалаҳои гуногуни рушди муносибатҳои нақлиётӣ ва транзитии байни Тошканд ва Душанберо баррасӣ карданд", - омадааст дар хабарнома.
Онҳо имконоти такмили ҳамлу нақли бор ва мусофирон, инчунин транзити байналмилалӣ тавассути кишварҳоро баррасӣ карданд.
Ғайр аз ин, мақомоти Ӯзбекистон ва Тоҷикистон имкони фаъол кардани хатсайрҳои нақлиёти автомобилӣ тавассути Тоҷикистон ба Чинро баррасӣ карданд.
Бояд гуфт, ки моҳи марти соли 2021, ҳангоми сафари расмии ҳайати Ӯзбекистон ба пойтахти Тоҷикистон мақомоти Душанбе таҷрибаи Ӯзбекистонро дар сохтмони метрои шаҳрии рӯи замин муҳокима карданд.
Он замон, ин масъаларо директори генералии ҶДММ "Гранд Роуд Тошканд" Аҳмад Сайдалиев бо муовини раиси шаҳри Душанбе оид ба нақлиёт ва роҳсозӣ Фирдавс Саидзода ва сардори Раёсати сохтмон, таҷдид ва таъмири роҳҳо ва пулҳои Душанбе Муҳаммадюсуф Раҳимзода баррасӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки кишварҳо инчунин ният доранд дар бораи сохтани хатти интиқоли барқ дар хатти роҳи оҳан, ки аз қаламравҳои шимолии Тоҷикистон дар масири Бекобод - Конибодом - Қӯқанд мегузаранд, созишнома имзо кунанд.
Электровозҳо хароҷоти кишварҳоро хеле кам мекунад, партоби моддаҳои зарароварро ба атмосфера кам ва басомади қаторҳоро афзоиш медиҳад.
Ёдрас мешавем, ки Қирғизистон ахиран марзҳояшро ба рӯи Тоҷикистон баст ва аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ даъват кард, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон чипта нафурӯшанд.
Ҳамакнун шаҳрвандони Тоҷикистон барои баромадан аз Қирғизистон метавонанд,
аз 5 гузаргоҳ истифода кунанд, вале имкон надоранд ба Қирғизистон ворид шаванд, ё тариқи ин кишвар ба давлати сеюм бираванд.