https://sputnik.tj/20210524/qirghiziston-marz-tojikiston-bast-1039707581.html
Қирғизистон марзҳояшро боз бо Тоҷикистон баст
Қирғизистон марзҳояшро боз бо Тоҷикистон баст
Sputnik Тоҷикистон
Дар расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон ва расонаҳои Русия боз маълумоте пайдо гардид, ки байни Тоҷикистон ва Қирғизистон марз баста аст. Дар ҳоле ки иҷозати... 24.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-24T20:56+0500
2021-05-24T20:56+0500
2021-05-24T20:56+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
қирғизистон
марз
гузаргоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0c/1035463034_0:0:1620:912_1920x0_80_0_0_0ee0eb3c9caa04265e724427a4ef3c89.jpg
ДУШАНБЕ, 24 мая — Sputnik. Қирғизистон бори дигар дар бораи баста шудани марзаш бо Тоҷикистон хабар дод. Нахуст маълумот дар ин бора аз ҷониби раиси Кабинаи вазирони Қирғизистлон Улуғбек Марипов садо дод, сипас ба Sputnik Қирғизистон КДАМ-и кишвар тасдиқ кард.Ҷолибаш дар он аст, ки маҳдудуияти марзӣ байни Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳанӯз дар вақти ташдиди таниш - охири апрел сар шуда буд.Қирғизистон гузаргоҳҳояшро 29 апрел баст ва гуфт, ин иқдомро ба хотири таъмини амният пеш гирифтааст.Ин маҳдудият ба намояндагони дипломатии ду кишвар ва хонаводаҳои онҳо дахл надорад, нисбати кормандони дипломатии дигар кишварҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагони расмии ду кишвар бо розигии пешакӣ роҳандозӣ карда мешавад. Ҳамчунин таъкид мегардад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни мамнӯият ҳудуди Қирғизистонро тарк кунанд.Маълумоти дигаре дар ин бора феълан дастрас нест.Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.Баъди нигаронӣ аз "омодагӣ ба ҷанг": Сарвазири Қирғизистон гуфт, марзро мустаҳкам мекунандТибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
https://sputnik.tj/20210524/bozdoshti-javonduhtaroni-qirghiz-davati-halosshavi-tojikon-video-1039707015.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0c/1035463034_60:0:1500:1080_1920x0_80_0_0_37f32b6fb699bb19c03fe311894a38c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, қирғизистон, марз, гузаргоҳ
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, қирғизистон, марз, гузаргоҳ
Қирғизистон марзҳояшро боз бо Тоҷикистон баст
Дар расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон ва расонаҳои Русия боз маълумоте пайдо гардид, ки байни Тоҷикистон ва Қирғизистон марз баста аст. Дар ҳоле ки иҷозати гузаштан аз он ҳанӯз дар замони даргириҳо ба касе дода намешуд
ДУШАНБЕ, 24 мая — Sputnik. Қирғизистон бори дигар дар бораи баста шудани марзаш бо Тоҷикистон хабар дод. Нахуст маълумот дар ин бора аз ҷониби раиси Кабинаи вазирони Қирғизистлон Улуғбек Марипов садо дод, сипас ба Sputnik Қирғизистон КДАМ-и кишвар тасдиқ кард.
Ҷолибаш дар он аст, ки маҳдудуияти марзӣ байни Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳанӯз дар вақти ташдиди таниш - охири апрел сар шуда буд.
Қирғизистон гузаргоҳҳояшро 29 апрел баст ва гуфт, ин иқдомро ба хотири таъмини амният пеш гирифтааст.
Бино бар иттилои Кабинаи вазирон, аз 24 май ба шаҳрвандони Тоҷикистон вуруд, будубош ва ҳаракат ва транзит тавассути қаламрави Қирғизистон маҳудуд карда мешавад.
Ин маҳдудият ба намояндагони дипломатии ду кишвар ва хонаводаҳои онҳо дахл надорад, нисбати кормандони дипломатии дигар кишварҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагони расмии ду кишвар бо розигии пешакӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Ҳамчунин таъкид мегардад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни мамнӯият ҳудуди Қирғизистонро тарк кунанд.
Маълумоти дигаре дар ин бора феълан дастрас нест.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.