Маҷлиси Ҳукумат: аз баҳси тағйири номи маҳалҳо дар Суғд то супоришҳои қатъии Президент

Заседание правительства Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукуматӣ баргузор карда иҷрои саривақтии супоришҳоро талаб кард
ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Дар маҷлиси Ҳукуматӣ ислоҳи як қатор қонунҳо баррасӣ шуду ба раҳбарияти шаҳру навоҳии кишвар барои омодагӣ ба таҷлил 30 - солагии Истиқлол супоришҳо дода шуд.
Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, дар маҷлис нахуст оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумат “Дар бораи Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2017-2021” ҳисоботи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон Абдулло Раҳмонзода шунида шудааст.
Таъкид гардидааст, ки мақсади асосии Барнома рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва пайдо намудани наврасону ҷавонони болаёқат барои расидан ба натиҷаҳои баланди варзишӣ дар сатҳи мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад.
Памир, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2020
Вахон ном мегузоранд: Парлумон тағйири номгузорӣ дар Ишкошимро баррасӣ мекунад
Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳо амалисозии Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021-ро таъмин намоянд.
Дар кори маҷлис ҳамчунин лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Оид ба ворид намудани иловаҳо ба қонун “Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ”, Оид ба лоиҳаи Қонун “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ шудааст.
Дар баробари ин дар маҷлиси имрӯза, қонун “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии сейсмикӣ” ва “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амнияти нақлиётӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Профессор Бахриддин Камолиддинов, известный языковед и лингвист - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2021
Дар Тоҷикистон кӯчае ба номи профессор Камолиддинов гузошта шуд - акс
Аъзои Ҳукумат масъалаҳои рушди моликияти зеҳнӣ барои давраи то соли 2030, Дар бораи Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Барномаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор барои солҳои 2021-2025 -ро баррасӣ кардааст.
Ҳамчунин, сиёсатмадорон чорабиниҳо оид ба амалигардонии Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2021-2025, инчунин Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро муҳокима кардаанд.
Дар охири кори маҷлис Президент ба Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо вобаста ба иҷрои ҳатмии супоришҳои қаблии Ҳукумат супоришҳо додааст.
Ин супоришҳо ба масъалаҳои вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ҷиҳати истиқболи — 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили парвардаи заҳматкашон, аз қабили ғалладонагиҳо, мевагӣ, сабзавот ва полезиҳо, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат ва суръатбахшии кишти такрорӣ дахл доштаанд.
Лентаи хабарҳо
0