https://sputnik.tj/20210530/tojikiston-kucha-nom-professor-kamoliddinov-aks-1039843343.html
Дар Тоҷикистон кӯчае ба номи профессор Камолиддинов гузошта шуд - акс
Дар Тоҷикистон кӯчае ба номи профессор Камолиддинов гузошта шуд - акс
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон кӯчае ба номи марҳум Баҳриддин Камолиддинов, устоди шинохтаи забони тоҷикӣ гузошта шуд
2021-05-30T15:45+0500
2021-05-30T15:45+0500
2021-05-30T15:45+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
профессор
номгузорӣ
кӯча
тағйир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103122/93/1031229388_0:40:1080:648_1920x0_80_0_0_edae60b813a003c58c551edf316355c2.jpg
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон кӯчае ба номи марҳум Баҳриддин Камолиддинов, устоди шинохтаи забони тоҷикӣ гузошта шудКӯча ба номи марҳум профессор Баҳриддин Камолиддинов дар зодгоҳаш ноҳияи Ашт гузошта шуд. “Кӯчаи марказии деҳаи Понғоз, аз даромадгоҳи деҳа то маҳалли Бобои Бурак ба номи шодравон Устод Баҳриддин Камолиддинов номгузорӣ карда шуд. Дар чорабинӣ раиси ҷамоат, шогирдон ва пайвандон суханронӣ карда, аз ҳаёти устод хотираҳо ва меҳрномаҳои худро ироа карданд”, - навиштааст Нишонбой Мадумариён, аз шогирдони Баҳриддин Камолиддинов. Профессор Баҳриддин Камолиддинов, забоншиноси машҳури кишвар, устоди Донишгоҳи милли Тоҷикистон моҳи майи соли 2020 дар авҷи бедодгариҳои коронавирус дар синни 85-солагӣ, баъди як рӯзи фавти духтараш Гулнора даргузашт. Ӯ дар пойтахти Тоҷикистон ба хок супорида шуд. Баҳриддин Камолиддинов, 8- уми октябри соли 1935 дар ноҳияи Ашт таваллуд шуда, баъди хатми мактаби миёна ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом дохил шуда онро 1953 ба итмом расонида худи ҳамон сол фаъолияти омӯзгориро ба ҳайси муаллими забону адабиёти мактаби деҳаи Сарои ноҳияи Ашт оғоз менамояд.Соли 1959 факултаи филологии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, ба вазифаи муаллими кафедраи забони тоҷикӣ ба кор шурӯъ кардааст. Соли 1966 дар мавзӯи “Забон ва услуби ҳикояҳои Ҳаким Карим” рисолаи номзадӣ ва соли 1988 дар мавзӯи “Муродифоти наҳвӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ” рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Соли 1991 соҳиби унвони профессорӣ мегардад.Марҳум солҳои 1992-1994 ба ҳайси проректори таълими донишгоҳ, солҳои 1994-2011 ба вазифаи мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ фаъолият намудааст. Ӯ кори омӯзгорияшро то охири умр идома дод. Профессор Баҳриддин Камолиддинов муаллифи асарҳои илмии “Ҳаким Карим” (1965), “Забон ва услуби Ҳаким Карим” (1967), “Муродифоти синтаксисӣ ва ҳусни баён” (1986), “Муродифоти наҳвӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ” (2012), ҳаммуаллифи грамматикаи илмии академиявии забони тоҷикӣ (1985, 1989), “Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ” (2003); муаллифи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимии “Услубшиносӣ” (1973, бо забони дарӣ 1978, 1985), “Маҷмӯаи машқҳои синтаксиси забони тоҷикӣ” (ҳаммуаллиф, 1976, 1981), “Услубшиносӣ” (1995, ҳаммуаллифи китоби дарсӣ барои хонандагони синфҳои 10-11), “Ҳусни баён” (1989), “Хусусияти услубии сарфу наҳви забони тоҷикӣ” (1992), “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд” (2001, 2015), “Сухандонон сухан санҷида гӯянд” (2005), “Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот” (2007), “Сухан гуфтию дурр суфтӣ ё рӯ ба рӯ бо микрофон” (2007), “Забони тоҷикӣ” (2007, 2015, китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 11), “Наҳви забони тоҷикӣ” (2010, китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), “Чанд мушкили гузоштан ё нагузоштани вергул” (2014, 2015) ва зиёда аз 170 мақолаи илмӣ, илмию методӣ аст.
https://sputnik.tj/20210204/Dasturi-Rustami-Emomali-tojiki-nomguzori-poytakht-1032758905.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103122/93/1031229388_0:0:1080:810_1920x0_80_0_0_61a9337a8f9280ac48fbcd0f029e0311.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кӯча, ном
Дар Тоҷикистон кӯчае ба номи профессор Камолиддинов гузошта шуд - акс
Дар Тоҷикистон кӯчае ба номи марҳум Баҳриддин Камолиддинов, устоди шинохтаи забони тоҷикӣ гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон кӯчае ба номи марҳум Баҳриддин Камолиддинов, устоди шинохтаи забони тоҷикӣ гузошта шуд
Кӯча ба номи марҳум профессор Баҳриддин Камолиддинов дар зодгоҳаш ноҳияи Ашт гузошта шуд.
“Кӯчаи марказии деҳаи Понғоз, аз даромадгоҳи деҳа то маҳалли Бобои Бурак ба номи шодравон Устод Баҳриддин Камолиддинов номгузорӣ карда шуд. Дар чорабинӣ раиси ҷамоат, шогирдон ва пайвандон суханронӣ карда, аз ҳаёти устод хотираҳо ва меҳрномаҳои худро ироа карданд”, - навиштааст Нишонбой Мадумариён, аз шогирдони Баҳриддин Камолиддинов.
Профессор Баҳриддин Камолиддинов, забоншиноси машҳури кишвар, устоди Донишгоҳи милли Тоҷикистон моҳи майи соли 2020 дар авҷи бедодгариҳои коронавирус дар синни 85-солагӣ, баъди як рӯзи фавти духтараш Гулнора даргузашт. Ӯ дар пойтахти Тоҷикистон ба хок супорида шуд.
Баҳриддин Камолиддинов, 8- уми октябри соли 1935 дар ноҳияи Ашт таваллуд шуда, баъди хатми мактаби миёна ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом дохил шуда онро 1953 ба итмом расонида худи ҳамон сол фаъолияти омӯзгориро ба ҳайси муаллими забону адабиёти мактаби деҳаи Сарои ноҳияи Ашт оғоз менамояд.
Соли 1959 факултаи филологии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, ба вазифаи муаллими кафедраи забони тоҷикӣ ба кор шурӯъ кардааст. Соли 1966 дар мавзӯи “Забон ва услуби ҳикояҳои Ҳаким Карим” рисолаи номзадӣ ва соли 1988 дар мавзӯи “Муродифоти наҳвӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ” рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Соли 1991 соҳиби унвони профессорӣ мегардад.
Марҳум солҳои 1992-1994 ба ҳайси проректори таълими донишгоҳ, солҳои 1994-2011 ба вазифаи мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ фаъолият намудааст. Ӯ кори омӯзгорияшро то охири умр идома дод.
Профессор Баҳриддин Камолиддинов муаллифи асарҳои илмии “Ҳаким Карим” (1965), “Забон ва услуби Ҳаким Карим” (1967), “Муродифоти синтаксисӣ ва ҳусни баён” (1986), “Муродифоти наҳвӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ” (2012), ҳаммуаллифи грамматикаи илмии академиявии забони тоҷикӣ (1985, 1989), “Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ” (2003); муаллифи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимии “Услубшиносӣ” (1973, бо забони дарӣ 1978, 1985), “Маҷмӯаи машқҳои синтаксиси забони тоҷикӣ” (ҳаммуаллиф, 1976, 1981), “Услубшиносӣ” (1995, ҳаммуаллифи китоби дарсӣ барои хонандагони синфҳои 10-11), “Ҳусни баён” (1989), “Хусусияти услубии сарфу наҳви забони тоҷикӣ” (1992), “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд” (2001, 2015), “Сухандонон сухан санҷида гӯянд” (2005), “Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот” (2007), “Сухан гуфтию дурр суфтӣ ё рӯ ба рӯ бо микрофон” (2007), “Забони тоҷикӣ” (2007, 2015, китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 11), “Наҳви забони тоҷикӣ” (2010, китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), “Чанд мушкили гузоштан ё нагузоштани вергул” (2014, 2015) ва зиёда аз 170 мақолаи илмӣ, илмию методӣ аст.