https://sputnik.tj/20210507/rusiya-giriftani-shahrvandi-muhojiron-asos-1039307739.html
Русия гуфт, барои муҳоҷирон чӣ метавонад барои гирифтани шаҳрвандӣ асос шавад
Русия гуфт, барои муҳоҷирон чӣ метавонад барои гирифтани шаҳрвандӣ асос шавад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт барои зуд ба даст овардани шаҳрвандии Русия чӣ метавонад асос шавад
2021-05-07T11:53+0500
2021-05-07T11:53+0500
2021-05-07T13:01+0500
муҳоҷират
вкд
шаҳрвандӣ
дарёфт
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102546/38/1025463863_0:0:2450:1378_1920x0_80_0_0_cc8be61a73e9f9b9558e22274c502af3.jpg
ДУШАНБЕ, 7 май - Sputnik. Издивоҷ бо шаҳрванди Русия ба мӯҳлати на камтар аз се сол яке аз асосҳои маъмултарин барои дарёфти шаҳрвандии Русия барои хориҷиён дар солҳои 2020 - 2021 будааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Русия дар мусоҳиба бо ТАСС эълон кардааст.Барои дарёфти шаҳрвандии Русия доштани шаҳрвандии ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон ва Молдова низ нақши муҳим доштааст. Барои шаҳрвандони ин кишварҳо, тартиби гирифтани шиносномаи Русия ба тариқи содда роҳандозӣ шудааст.Илова бар ин, яке аз асосҳо барои гирифтани шаҳрвандии Русия ин эътирофи муҳоҷир ҳамчун донандаи забони русӣ аст.Вазорати корҳои дохилии Русия таъкид кардааст, ки бештар муҳоҷирон шаҳрвандиии худро тавасути кӯдакон гирифтаанд, ки дар қаламрави Русия таввалуд шуданд ва бо шаҳрванди Русия ақди никоҳ доштанд.Ҳамчунин ин ниҳод қайд кардааст, ки иштирок дар барномаи кӯмак ба муҳоҷирати ихтиёрии ҳамватанони бурунмарзии Русия низ метавонад барои гирифтани шаҳрванди асос шавад. Аксар вақт қарор дар бораи додани шаҳрвандӣ ба хориҷиёнро шахсан Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар қабул мекардааст.Вазорати корҳои дохилӣ илова кард, ки дар соли 2020 беш аз 656 ҳазор муҳоҷирон шаҳрвандии Русияро ба даст оварданд. Зикр шудааст, ки дар се моҳи соли 2021 тақрибан 160 ҳазор нафар аллакай шаҳрвандии Русияро дарёфт карданд.
https://sputnik.tj/20200912/Moskovskiy-soddagardonii-daryfti-shharvandi-baroi-muhojironu-Rusiya-manfiatovar-khohad-bud-1031888104.html
https://sputnik.tj/20210201/chand-toikistoni-2020-soibi-sharvandii-Rusiya-1032736654.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102546/38/1025463863_431:0:2268:1378_1920x0_80_0_0_b06486968917a7f600765c264fd4eb2f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, шиноснома, шаҳрвандӣ, асос
тоҷикистон, русия, шиноснома, шаҳрвандӣ, асос
Русия гуфт, барои муҳоҷирон чӣ метавонад барои гирифтани шаҳрвандӣ асос шавад
11:53 07.05.2021 (Навсозишуда: 13:01 07.05.2021) Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, барои зуд ба даст овардани шаҳрвандии Русия чӣ метавонад асос шавад
ДУШАНБЕ, 7 май - Sputnik. Издивоҷ бо шаҳрванди Русия ба мӯҳлати на камтар аз се сол яке аз асосҳои маъмултарин барои дарёфти шаҳрвандии Русия барои хориҷиён дар солҳои 2020 - 2021 будааст.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Русия дар мусоҳиба бо ТАСС эълон кардааст.
Барои дарёфти шаҳрвандии Русия доштани шаҳрвандии ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон ва Молдова низ нақши муҳим доштааст. Барои шаҳрвандони ин кишварҳо, тартиби гирифтани шиносномаи Русия ба тариқи содда роҳандозӣ шудааст.
Илова бар ин, яке аз асосҳо барои гирифтани шаҳрвандии Русия ин эътирофи муҳоҷир ҳамчун донандаи забони русӣ аст.
Вазорати корҳои дохилии Русия таъкид кардааст, ки бештар муҳоҷирон шаҳрвандиии худро тавасути кӯдакон гирифтаанд, ки дар қаламрави Русия таввалуд шуданд ва бо шаҳрванди Русия ақди никоҳ доштанд.
Ҳамчунин ин ниҳод қайд кардааст, ки иштирок дар барномаи кӯмак ба муҳоҷирати ихтиёрии ҳамватанони бурунмарзии Русия низ метавонад барои гирифтани шаҳрванди асос шавад.
Аксар вақт қарор дар бораи додани шаҳрвандӣ ба хориҷиёнро шахсан Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар қабул мекардааст.
Вазорати корҳои дохилӣ илова кард, ки дар соли 2020 беш аз 656 ҳазор муҳоҷирон шаҳрвандии Русияро ба даст оварданд.
Зикр шудааст, ки дар се моҳи соли 2021 тақрибан 160 ҳазор нафар аллакай шаҳрвандии Русияро дарёфт карданд.