https://sputnik.tj/20210530/sel-dar-qazoqiston-joni-du-1039839470.html
"Одамонро бурд!": сел дар Қазоқистон ҷони муаллим ва талабаро гирифт - видео
"Одамонро бурд!": сел дар Қазоқистон ҷони муаллим ва талабаро гирифт - видео
Sputnik Тоҷикистон
Наҷотбахшон ҷустуҷӯи нафареро, ки рӯзи шанбе дар натиҷаи сел дар рӯди Чаринскии Қазоқистон бедарак шуд, идома медиҳанд
2021-05-30T11:04+0500
2021-05-30T11:04+0500
2021-08-10T16:49+0500
қазоқистон
кҳф
осиёи марказӣ
сел
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102893/66/1028936678_0:61:1000:624_1920x0_80_0_0_5f5b5ccdae8bc7a8f1e408f66390aefb.jpg
ДУШАНБЕ, 30 май – Sputnik. Дар интернет навори сели марғуладор дар дараи Чаринскии Қазоқистон пайдо шуд. Наворро шоҳидон гирифтаанд, менависад Sputnik Қазоқистон. Аз навор дида мешавад, чӣ гуна гурӯҳи одамон, дар паҳлӯи як рӯд қарор доранд.Тибқи иттилои манбаъ, онҳо ҳашт хонандаи гимназияи рақами 199 Алмаато, се муаллиму панҷ волидони дигар будаанд, ки ба сайру сайёҳати табиат баромада будаанд.Хадамоти матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар дод, ки ҷустуҷӯи шахси гумшуда идома дорад. Сел дар дараи Чаринскиии ҚазоқистонСел дар Қазоқистон рӯзи шанбеи 29 май фаромад. Дар натиҷа, ду нафар - муаллиму хонанда ба ҳалокат расиданд. Шаш нафар маҷрӯҳ шуданд, як нафар бедарак шуд. Тибқи иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодда, рехтани гилу лой аз сабаби тағйир ёфтани обу ҳаво рух додааст. Бориши борони шадид ва жола тақрибан 15 дақиқа идома кардааст.Дар Раёсати ҳолатҳои фавқулодда ситоди фаврӣ кушода шуда, телефони боварӣ барои дастгирии равонӣ ташкил карда шуд. Сел дар ТоҷикистонДар нимаи моҳи май дар 15 ноҳияи Тоҷикистон сел омад. Фоҷиа ҷони 9 нафар сокинонро гирифт. Даҳҳо хона вайрон шуд, киштзорҳо аз зироатҳо нобуд гардиданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҳушдор дод, ки хатари сел то аввали фасли тобистон боқӣ мемонад. Наҷотбахшон даъват мекунанд, ки мардум дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳ эҳтиёткор бошанд.
https://sputnik.tj/20210514/10-tavsiyai-khf-baroi-najot-az-sel-1039438392.html
https://sputnik.tj/20210526/kay-sohtmon-manzilho-osebdidahoi-sel--tojikiston-anjom-1039766614.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102893/66/1028936678_44:0:957:685_1920x0_80_0_0_4985c21ec15b82c718502059b71b14b1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон, сел, ҳалокат
"Одамонро бурд!": сел дар Қазоқистон ҷони муаллим ва талабаро гирифт - видео
11:04 30.05.2021 (Навсозишуда: 16:49 10.08.2021) Наҷотбахшон ҷустуҷӯи як хонандаи дигарро, ки рӯзи шанбе дар натиҷаи сел дар дараи Чаринскии Қазоқистон бедарак шуд, идома медиҳанд
ДУШАНБЕ, 30 май – Sputnik. Дар интернет навори сели марғуладор дар дараи Чаринскии Қазоқистон пайдо шуд. Наворро шоҳидон гирифтаанд, менависад
Sputnik Қазоқистон.
Аз навор дида мешавад, чӣ гуна гурӯҳи одамон, дар паҳлӯи як рӯд қарор доранд.
Тибқи иттилои манбаъ, онҳо ҳашт хонандаи гимназияи рақами 199 Алмаато, се муаллиму панҷ волидони дигар будаанд, ки ба сайру сайёҳати табиат баромада будаанд.
"Ин як чизи хеле хатарнок аст", "Мардум азият кашиданд!", - гуфтанд одамони берун аз экран.
Хадамоти матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар дод, ки ҷустуҷӯи шахси гумшуда идома дорад.
Сел дар дараи Чаринскиии Қазоқистон
Сел дар Қазоқистон рӯзи шанбеи 29 май фаромад. Дар натиҷа, ду нафар - муаллиму хонанда ба ҳалокат расиданд. Шаш нафар маҷрӯҳ шуданд, як нафар бедарак шуд.
Тибқи иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодда, рехтани гилу лой аз сабаби тағйир ёфтани обу ҳаво рух додааст. Бориши борони шадид ва жола тақрибан 15 дақиқа идома кардааст.
Дар Раёсати ҳолатҳои фавқулодда ситоди фаврӣ кушода шуда, телефони боварӣ барои дастгирии равонӣ ташкил карда шуд.
Дар нимаи моҳи май дар 15 ноҳияи Тоҷикистон сел омад. Фоҷиа ҷони 9 нафар сокинонро гирифт.
Даҳҳо хона вайрон шуд, киштзорҳо аз зироатҳо нобуд гардиданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҳушдор дод, ки хатари сел то аввали фасли тобистон боқӣ мемонад.
Наҷотбахшон даъват мекунанд, ки мардум дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳ эҳтиёткор бошанд.