https://sputnik.tj/20210530/sarvaziri-britoniyo-kerri-simonds-izdivoj-kard-1039841145.html
Сарвазири Бритониё пинҳонӣ бо Кэрри Симондс издивоҷ кард - акс
Сарвазири Бритониё пинҳонӣ бо Кэрри Симондс издивоҷ кард - акс
Sputnik Тоҷикистон
Ба тӯйи Борис Ҷонсони 56-сола ва арӯси 33-солаи ӯ танҳо 30 нафар даъват шуда буданд. Маросим дар калисои Вестминстер баргузор шуд.
2021-05-30T14:01+0500
2021-05-30T14:01+0500
2021-05-30T14:56+0500
иҷтимоъ
сарвазир
ҳамсар
бритониё
издивоҷ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102998/03/1029980325_0:136:3161:1914_1920x0_80_0_0_a9700ff4eb215ee00a1f69d75a2c58e8.jpg
ДУШАНБЕ, 30 май – Sputnik. Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон ва арӯси ӯ Кэрри Симондс издивоҷ карданд, менависад рӯзномаи Sun. Қайд карда мешавад, ки маросим дар калисои Вестминстер баргузор шуд. Ба он танҳо 30 меҳмон, аз ҷумла падар ва хоҳари сарвазир даъват шуда буданд. Ҷонсони 56-сола ва арӯси 33-солаи зери навои мусиқии классикӣ аз назди ҳозирин гузашт карда, савганд ёд карданд ва ҳамдигарро бӯсидаанд. Маросим 1,5 соат давом кард. То ин муддат собор баста буд. "Вай бениҳоят хушҳол буд, хеле хуб ба назар мерасид ва дар тан либоси хеле зебо дошт. Ҳангоме ӯ меомад вай аз арӯс чашм намеканд. Онҳо ба ҳам назр мекарданд ва баъд ҳамдигарро бӯсиданд. Онҳо хеле ошиқ ба назар мерасиданд", - менависад нашрия аз қавли яке аз кормандони калисо.Ин севвумин издивоҷи Борис Ҷонсон аст. Зану шавҳар аллакай як писар, Вилфред доранд, ки моҳи апрели соли гузашта таваллуд шудааст.
https://sputnik.tj/20200327/Nakhustvarizi-Britoniyo-Boris-Jonson-giriftori-koronavirus-shud--1030969504.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102998/03/1029980325_215:0:2946:2048_1920x0_80_0_0_c3ac8514d4f54d315bdc28d8091d414e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бритониё, борис ҷонсон, издивоҷ
бритониё, борис ҷонсон, издивоҷ
Сарвазири Бритониё пинҳонӣ бо Кэрри Симондс издивоҷ кард - акс
14:01 30.05.2021 (Навсозишуда: 14:56 30.05.2021) Ба тӯйи Борис Ҷонсони 56-сола ва арӯси 33-солаи ӯ танҳо 30 нафар даъват шуда буданд. Маросим дар калисои Вестминстер баргузор шуд.
ДУШАНБЕ, 30 май – Sputnik. Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон ва арӯси ӯ Кэрри Симондс издивоҷ карданд, менависад рӯзномаи
Sun.
Қайд карда мешавад, ки маросим дар калисои Вестминстер баргузор шуд. Ба он танҳо 30 меҳмон, аз ҷумла падар ва хоҳари сарвазир даъват шуда буданд.
Ҷонсони 56-сола ва арӯси 33-солаи зери навои мусиқии классикӣ аз назди ҳозирин гузашт карда, савганд ёд карданд ва ҳамдигарро бӯсидаанд.
"Ин ҳама хеле махфӣ ва бодиққат тарҳрезишуда буд. Ин танҳо сирри онҳо буд, ки маросимро чунин махсус кард", - гуфт як манбаъ аз наздикони хонаводаи Байден.
Маросим 1,5 соат давом кард. То ин муддат собор баста буд.
"Вай бениҳоят хушҳол буд, хеле хуб ба назар мерасид ва дар тан либоси хеле зебо дошт. Ҳангоме ӯ меомад вай аз арӯс чашм намеканд. Онҳо ба ҳам назр мекарданд ва баъд ҳамдигарро бӯсиданд. Онҳо хеле ошиқ ба назар мерасиданд", - менависад нашрия аз қавли яке аз кормандони калисо.
Ин севвумин издивоҷи Борис Ҷонсон аст. Зану шавҳар аллакай як писар, Вилфред доранд, ки моҳи апрели соли гузашта таваллуд шудааст.