ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Субҳи имрӯз Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё дар як паёми твиттериаш эълон кард, ки мабтало ба Covid-19, ё коронавирус шудааст.
Борис Ҷонсон гуфтааст, ки аломатҳои сабуктари коронавирусро эҳсос кардааст ва ҳоло ӯ ба худҷудоӣ рафтааст.
Over the last 24 hours I have developed mild symptoms and tested positive for coronavirus.
— Boris Johnson #StayHomeSaveLives (@BorisJohnson) March 27, 2020
I am now self-isolating, but I will continue to lead the government’s response via video-conference as we fight this virus.
Together we will beat this. #StayHomeSaveLives pic.twitter.com/9Te6aFP0Ri
Борис Ҷонсон таъкид доштааст, ки ба роҳбарии ҳукумат идома хоҳад дод.
Инчунин бояд қайд кард, ки чанде пеш расонаҳои Бритониё аз мубтало шудани шоҳзодаи Чарлз хабар дода буданд.
Бо Путин тамос надошт: мубталошавии як намояндаи дастгоҳи президент ба коронавирус
Тибқи иттилои расонаҳо дар ҳоли ҳозир шоҳзода ҳамроҳ бо ҳамсари 71-солааш дар дар қасри худ дар Шотландия дар карантин қарор доранд.
Тибқи иттиолои ахири Созмони ҷаҳонии беҳдошт шумори мубталоён ба коронавирус дар ҷаҳон ба 462 ҳазор нафар расида, теъдоди ҷонбохтагон аз ин вирус 20 ҳазор нафарро ташкил додааст.