Русиягиҳо мехоҳанд тобистонро дар Тоҷикистон гузаронанд

© Sputnik / Стас ЭтвешСанаторий Бахористон в Худжанде, архивное фото
Санаторий Бахористон в Худжанде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2021
Обуна шудан
Аксари русиягиҳо дар моҳи май чиптаҳои ҳавопаймо ба кишварҳои хориҷро хариданд
ДУШАНБЕ, 30 май – Sputnik. Тоҷикистон ба яке аз маъруфтарин самти сайёҳати русҳо дар моҳи май табдил ёфт. Маълумоти мазкур аз таҳқиқоти маркази таҳлилии хадамоти саёҳат "Tutu.ru" бармеояд.
Коршиносон пайгирӣ карданд, ки сайёҳон дар моҳи охирини баҳор бештар ба кадом самт чипта ҷустаанд.
Ҳамин тариқ, таҳлилгарон ҷустуҷӯи парвозҳо дар тобистони соли 2021 аз Маскавро баррасӣ карданд. Тадқиқот нишон дод, ки аксарияти шаҳрвандони кишвар (76%) ба шаҳрҳои Русия рафтанро афзалтар донистаанд ва 24% кишварҳои хориҷаро интихоб кардаанд.
Центра отдыха и туризма Душанбе, район Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Тоҷикистон дар феҳрасти кишвари боз барои гардишгарон аз Русия
Маъмултарин маконҳои бурунмарзӣ Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Озарбойҷон, Белорус, Молдова ва Украина мебошанд. Онҳо тақрибан 70% ҷустуҷӯҳои чиптаҳои ҳавопаймоиро барои тобистон ташкил доданд.
Туркия, Юнон, Гурҷистон, Миср, Булғористон, Кипр, Черногория, Аморати Муттаҳидаи Араб, Сербия ва ИМА ба қатори 20 макони машҳури русҳо шомиланд, аммо нисбат ба кишварҳои қаблӣ талабот ба онҳо камтар аст.
Аксарияти сокинони кишвар тобистонро дар шаҳрҳои Русия гузарониданианд. Мувофиқи маълумоти таҳлилгарон, русиягиҳо аксар вақт чиптаҳои Симферопол, Сочи, Анапа, Санкт-Петербург, Геленҷик, Калининград, Краснодар, Махачкала, Минералние Води ва Ростови лаби Донро меҷустанд.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо сафирони хориҷӣ ва роҳбарони намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2019
Вазир дипломатҳои хориҷиро барои сайёҳат ба “Арху” бурд
Қазон, Новосибирск, Уфа, Екатеринбург, Омск, Красноярск, Волгоград, Иркутск ва Саратов низ ба бистгонаи беҳтарин дохил карда шудаанд.
RT қайд мекунад, ки нархи чиптаҳои ҳавопаймо аз Маскав ба шаҳрҳои Русия дар моҳи май нисбат ба соли 2019 - 23,5% коҳиш ёфтааст.
Қаблан, таҳлилгарон муайян карда буданд, ки аксари шаҳрвандони Русия тобистонро чӣ гуна гузаронидан мехоҳанд. Зиёда аз 50% дар тобистон ба кишварҳои хориҷӣ рафтан мехоҳанд ва 44% мехоҳанд дар қаламрави Русия бимонанд.
Лентаи хабарҳо
0