https://sputnik.tj/20210526/tojikiston-fehrast-kishvar-gardishgarrusiya-1039759575.html
Тоҷикистон дар феҳрасти кишвари боз барои гардишгарон аз Русия
Тоҷикистон дар феҳрасти кишвари боз барои гардишгарон аз Русия
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон дар қатори 16 кишвари ҷаҳон омодаи қабули сайёҳон аз Русия аст
2021-05-26T15:23+0500
2021-05-26T15:23+0500
2021-05-26T15:51+0500
дар тоҷикистон
раводид
гардишгар
кумитаи сайёҳӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102975/68/1029756882_0:192:2048:1344_1920x0_80_0_0_9d3c096b354a839166a275c0a8fc9aef.jpg
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Имрӯзҳо шаҳрвандони Русия барои истироҳат ҳангоми рухсатӣ ба 16 кишвари ҷаҳон сафар мекунанд, хабар медиҳад Ассотсиатсияи туроператорони Федератсияи Русия.Бино бар иттилои ташкилот, бо далели пандемия чанд мушкилӣ роҳи сайёҳонро мегирад. Омодагии қабули гардишгарон дар як қатор кишварҳо ва барқарор будани парвозҳо бо Русия шаҳодати дастрасии соҳа барои сайёҳон аз Русия нест. Феълан 47 кишвар омода аст, ки сайёҳонро қабул кунад, аммо ҳамагӣ 16 кишвар аз онҳо дар ҳақиқат барои сайёҳони Русия бо ин ё он шароит кушода астҲамчунин таъкид карда мешавад, шароити убури бидуни мамонияти сарҳадот дар ҳар як кишвар гуногун аст. Барои ҳамин, пеш аз сафар бояд тамоми талаботҳоро омӯхт.Туроператорҳо таъкид мекунанд, 12 кишваре, ки парвозро расман Русия барқарор кардааст, феълан ба қабули сайҳон аз Русия омода нестанд.Инҳо Озарбойҷон, Австрия, Ветнам, Олмон, Исландия, Ҳиндустон, Қатар, Малта, Арабистони Саудӣ, Сингапур, Финландия, Швейтсарият, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон мебошанд. Ёдрас мешавем, ки байни Тоҷикистон ва Русия парвозҳои мустақим барқарор шудаанд. Ҳоло Тоҷикистон тамоми шаҳрвандони Русияро қабул мекунад, аз ҷумла онҳое, ки бо мақсади сайёҳӣ ба мамлакат ворид мешаванд. Асосаш барои ин раводид лозим нест. Аммо гардишгарон аз Русия бояд бо худ маълумотномаи тиббӣ дар бораи надоштани бемории коронавирусро дошта бошанд.Афзун бар ин, агар шаҳрванд ҳарду вояи ваксинаи "Спутником V"-ро гирифта бошад низ, метавонад бидуни пешниҳоди маълумоти тиббӣ вориди Тоҷикистон шавад.Агар аз ваксинзанӣ бештар аз як моҳ гузашта бошад, метавонад бидуни маълумоти тиббӣ вориди кишвар шавад, агар камтар, бояд онро ба даст орад.
https://sputnik.tj/20210518/vizai-yagona-sayyohi-uzbekistonu-qazoqiston-tojikiston-1039524823.html
https://sputnik.tj/20210313/Tasisi-se-shirkati-navi-sayohi-Tajikistan--1032995767.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102975/68/1029756882_0:0:2048:1536_1920x0_80_0_0_9f19c5da17b8607f73b34be21f051d09.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия тоҷикистон сайёҳӣ
Тоҷикистон дар феҳрасти кишвари боз барои гардишгарон аз Русия
15:23 26.05.2021 (Навсозишуда: 15:51 26.05.2021) Тоҷикистон дар қатори 15 кишвари дигар ба феҳрасти давлатҳое шомил шуд, ки шаҳрвандони Русия метавонанд бидуни мамоният сафар кунанд
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Имрӯзҳо шаҳрвандони Русия барои истироҳат ҳангоми рухсатӣ ба 16 кишвари ҷаҳон сафар мекунанд, хабар медиҳад Ассотсиатсияи туроператорони Федератсияи Русия.
Бино бар иттилои ташкилот, бо далели пандемия чанд мушкилӣ роҳи сайёҳонро мегирад.
Омодагии қабули гардишгарон дар як қатор кишварҳо ва барқарор будани парвозҳо бо Русия шаҳодати дастрасии соҳа барои сайёҳон аз Русия нест.
Феълан 47 кишвар омода аст, ки сайёҳонро қабул кунад, аммо ҳамагӣ 16 кишвар аз онҳо дар ҳақиқат барои сайёҳони Русия бо ин ё он шароит кушода аст
"Ба ҳолати 26 май ин кишварҳо: Абхазия, Арманистон, Беларус, Юнон, Миср, Қазоқистон, Қирғизистон, Куба, Молдиви, Мексика, АМА, Сербия, Сейшел, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Ҳабашистон мебошанд", - таъкид кардааст ташкилот.
Ҳамчунин таъкид карда мешавад, шароити убури бидуни мамонияти сарҳадот дар ҳар як кишвар гуногун аст.
Барои ҳамин, пеш аз сафар бояд тамоми талаботҳоро омӯхт.
Туроператорҳо таъкид мекунанд, 12 кишваре, ки парвозро расман Русия барқарор кардааст, феълан ба қабули сайҳон аз Русия омода нестанд.
Инҳо Озарбойҷон, Австрия, Ветнам, Олмон, Исландия, Ҳиндустон, Қатар, Малта, Арабистони Саудӣ, Сингапур, Финландия, Швейтсарият, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон мебошанд.
Ёдрас мешавем, ки байни Тоҷикистон ва Русия парвозҳои мустақим барқарор шудаанд. Ҳоло Тоҷикистон тамоми шаҳрвандони Русияро қабул мекунад, аз ҷумла онҳое, ки бо мақсади сайёҳӣ ба мамлакат ворид мешаванд. Асосаш барои ин раводид лозим нест.
Аммо гардишгарон аз Русия бояд бо худ маълумотномаи тиббӣ дар бораи надоштани бемории коронавирусро дошта бошанд.
Афзун бар ин, агар шаҳрванд ҳарду вояи ваксинаи "Спутником V"-ро гирифта бошад низ, метавонад бидуни пешниҳоди маълумоти тиббӣ вориди Тоҷикистон шавад.
Агар аз ваксинзанӣ бештар аз як моҳ гузашта бошад, метавонад бидуни маълумоти тиббӣ вориди кишвар шавад, агар камтар, бояд онро ба даст орад.