https://sputnik.tj/20210529/murodali-alimardon-masul-agroinivestbonk-1039831421.html
Маълум шуд, ки ба ҷои Муродалӣ Алимардон киро масъул гузоштанд
Маълум шуд, ки ба ҷои Муродалӣ Алимардон киро масъул гузоштанд
Sputnik Тоҷикистон
Ба ҷои Муродалӣ Алимардон масъули дигареро таъин карданд
2021-05-29T15:25+0500
2021-05-29T15:25+0500
2021-06-10T13:43+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
муродалӣ алимардонов
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101499/69/1014996988_0:0:1601:901_1920x0_80_0_0_112b10bd0eb42cf7a4a7fc24e254e230.jpg
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Бо гузашти ҳудудан як ҳафта аз барҳам додани "Агроинвестбонк", маълум шуд, ки масъулияти раиси он Муродалӣ Алимардонро ба дӯшӣ кӣ гузоштанд.Масъулияти раиси пешини "Тоҷиксодиротбонк"-ро, ки ҳамчунин иҷозатномааш бозхонд шуду барҳам хӯрд, ба дӯши Ҷамшед Абдурраҳмонов вогузор карданд.Ҳамакнун “Тоҷиксодиротбонк” ба 5 ҳазору 500 муштарӣ ва “Агроинвестбонк” ба 27 ҳазору 500 муштарӣ қарздор ҳастанд, ки бояд бо ҳукми додгоҳи вижа аз ҳисоби фурӯши амвол ва дафтарҳои худ талаби ононро пардохт кунанд.Ҳарчанд, ки ин ду бонк бо мушкили ҷиддии пардохти қарзи муштариёни худ рӯ ба рӯ шуда ва дар 5 соли ахир натавонистаанд супурдаҳои ононро пас бидиҳанд.Дар пайи бурӯзи буҳрон дар низоми бонкии Тоҷикистон дар соли 2015 ва нотавонии бонкҳо дар бозпардохти талаби муштариён, иҷозатномаи ду бонки “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” ва беш аз 20 ташкилоти хурди қарзӣ бекор шуданд, ки то кунун низ натавонистаанд қарзи худро бипардозанд.Муродалӣ Алимардонов, собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовини собиқи сарвазири Тоҷикистон, аз соли 2015 ба ҳайси раиси "Агроинвестбонк" фаъолият мебурд.Ёдовар мешавем, ҳафтае пеш БМТ иҷозатномаҳои ду бонки бузурги қаблан асоси - "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-ро бозхонд кард.Бар асоси қарори БМТ, тамоми амалиётҳо бо хароҷоти нақдӣ ва ғайринақдӣ, интиқоли маблағ аз як суратҳисоб ба суратҳисоби дигар, интиқол ва бегона кардани дороиҳо ва амволи ҶСК "Агроинвестбонк" ва ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" то таъин шудани мудири махсус манъ аст.26 май бошад Фонди суғуртаи пасандозҳои Тоҷикистон ба амонатгузорони ин бонкҳо иттилоъ дод, ки пасандозҳои шахсони воқеӣ бо пули миллӣ то 30 ҳазор сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ то 21 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Фонд пурра ҷуброн карда мешаванд.Тибқи иттилои манбаъ, пардохти ҷуброн ба амонатгузорон аз ҷониби агент-бонк дар муддати 14 рӯз пас аз баровардани қарори суд дар бораи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ сурат мегирад. Маблағи боқимондаи амонатҳои шахсони воқеӣ дар ҷараёни барҳамдиҳӣ аз ҷониби роҳбари махсус тибқи тартиби муқарраршуда пардохт карда мешавад."Ширкати Алимардоновро ба додгоҳ кашиданд"“Тоҷиксодиротбонк” ва Агроинвестбонк” ду бонке мебошанд, ки аз соли 2015 ба ин сӯ ба гирдоби буҳрони густардае афтоданд ва то ба ҳол, ба истилоҳ, миёни маргу зиндагӣ ҷон мекананд. Ҳукумати Тоҷикистон ихтиёри кори онҳоро аз раҳбарияташон гирифта, ба вазорати молия вогузор кард ва ҳоло барои наҷоташон талош мекунад."Тоҷиксодиротбонк”, бонке, ки дар миёни бонкҳои тиҷоратӣ қудратмандтарин ба ҳисоб мерафт, соли 2015, замони мувоҷеҳ шуданаш ба мушкилоти молӣ 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ дороӣ дошт.Дар шарҳи барҳамдии бонкҳо, Бонки миллӣ гуфт, бо вуҷуди дастгирии ҳукумат онҳо натавонистанд аз варшикастагӣ раҳо ёбанд.
https://sputnik.tj/20210527/bmt-mudironi-agroinvestbonk-tojiksodirotbonk-tain-1039775082.html
https://sputnik.tj/20210521/favri-bonki-milli-faoliyati-agroinvestbonk-va-tojiksodirotbonk-ro-barham-dod-1039650382.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101499/69/1014996988_0:0:1551:1163_1920x0_80_0_0_eeadb1b5ca53da1e18f039e67595508a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муродалӣ алимардон агроинвестбонк
муродалӣ алимардон агроинвестбонк
Маълум шуд, ки ба ҷои Муродалӣ Алимардон киро масъул гузоштанд
15:25 29.05.2021 (Навсозишуда: 13:43 10.06.2021) Бонки миллӣ иҷозатномаи "Агроинвестбонк"-ро бозхонд кард ва бонки мазкур барҳам хӯрд
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Бо гузашти ҳудудан як ҳафта аз барҳам додани "Агроинвестбонк", маълум шуд, ки масъулияти раиси он Муродалӣ Алимардонро ба дӯшӣ кӣ гузоштанд.
Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, масъулияти ҳисоббаробаркунӣ бо созмонҳову муштариёни талабкори собиқ "Агроинвестбонк" бар дӯши Даврон Тухтаров гузошта шудааст.
Масъулияти раиси пешини "Тоҷиксодиротбонк"-ро, ки ҳамчунин иҷозатномааш бозхонд шуду барҳам хӯрд, ба дӯши Ҷамшед Абдурраҳмонов вогузор карданд.
Ҳамакнун “Тоҷиксодиротбонк” ба 5 ҳазору 500 муштарӣ ва “Агроинвестбонк” ба 27 ҳазору 500 муштарӣ қарздор ҳастанд, ки бояд бо ҳукми додгоҳи вижа аз ҳисоби фурӯши амвол ва дафтарҳои худ талаби ононро пардохт кунанд.
Ҳарчанд, ки ин ду бонк бо мушкили ҷиддии пардохти қарзи муштариёни худ рӯ ба рӯ шуда ва дар 5 соли ахир натавонистаанд супурдаҳои ононро пас бидиҳанд.
Дар пайи бурӯзи буҳрон дар низоми бонкии Тоҷикистон дар соли 2015 ва нотавонии бонкҳо дар бозпардохти талаби муштариён, иҷозатномаи ду бонки “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” ва беш аз 20 ташкилоти хурди қарзӣ бекор шуданд, ки то кунун низ натавонистаанд қарзи худро бипардозанд.
Муродалӣ Алимардонов, собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовини собиқи сарвазири Тоҷикистон, аз соли 2015 ба ҳайси раиси "Агроинвестбонк" фаъолият мебурд.
Ёдовар мешавем, ҳафтае пеш БМТ иҷозатномаҳои ду бонки бузурги қаблан асоси - "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-ро бозхонд кард.
Бар асоси қарори БМТ, тамоми амалиётҳо бо хароҷоти нақдӣ ва ғайринақдӣ, интиқоли маблағ аз як суратҳисоб ба суратҳисоби дигар, интиқол ва бегона кардани дороиҳо ва амволи ҶСК "Агроинвестбонк" ва ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" то таъин шудани мудири махсус манъ аст.
26 май бошад Фонди суғуртаи пасандозҳои Тоҷикистон ба амонатгузорони ин бонкҳо иттилоъ дод, ки пасандозҳои шахсони воқеӣ бо пули миллӣ то 30 ҳазор сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ то 21 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Фонд пурра ҷуброн карда мешаванд.
Тибқи иттилои манбаъ, пардохти ҷуброн ба амонатгузорон аз ҷониби агент-бонк дар муддати 14 рӯз пас аз баровардани қарори суд дар бораи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ сурат мегирад. Маблағи боқимондаи амонатҳои шахсони воқеӣ дар ҷараёни барҳамдиҳӣ аз ҷониби роҳбари махсус тибқи тартиби муқарраршуда пардохт карда мешавад.
“Тоҷиксодиротбонк” ва Агроинвестбонк” ду бонке мебошанд, ки аз соли 2015 ба ин сӯ ба гирдоби буҳрони густардае афтоданд ва то ба ҳол, ба истилоҳ, миёни маргу зиндагӣ ҷон мекананд. Ҳукумати Тоҷикистон ихтиёри кори онҳоро аз раҳбарияташон гирифта, ба вазорати молия вогузор кард ва ҳоло барои наҷоташон талош мекунад.
"Тоҷиксодиротбонк”, бонке, ки дар миёни бонкҳои тиҷоратӣ қудратмандтарин ба ҳисоб мерафт, соли 2015, замони мувоҷеҳ шуданаш ба мушкилоти молӣ 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ дороӣ дошт.
Дар шарҳи барҳамдии бонкҳо, Бонки миллӣ гуфт, бо вуҷуди дастгирии ҳукумат онҳо натавонистанд аз варшикастагӣ раҳо ёбанд.