https://sputnik.tj/20210530/prezident-raisoni-voruh-chorkuh-moshinho-dod-1039840313.html
Президент ба раисони ҷамоатҳои Ворух ва Чоркӯҳ мошин дод
Президент ба раисони ҷамоатҳои Ворух ва Чоркӯҳ мошин дод
Sputnik Тоҷикистон
Калиди мошинҳоро аз номи Президент, субҳи имрӯз ба соҳибонаш раисони ҷамоатҳои наздимарзии Исфара расонида шудааст
2021-05-30T11:30+0500
2021-05-30T11:30+0500
2021-05-30T14:45+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
исфара
ворух
марз
ҷамоати чоркӯҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1e/1039839878_0:0:2048:1152_1920x0_80_0_0_563618cac39979aeeb77887beb22a6d4.jpg
ДУШАНБЕ, 30 май – Sputnik. Музаффар Юнусов, роҳбари Хадамоти матбуоти ҳукумати Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тӯҳфаҳоро Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд субҳи имрӯз аснои як сафари корӣ ба ҷамоати Чоркӯҳи Исфара тақдим намуд.Бино ба иттилоъи манбаъ, тӯҳфаҳо мошинҳои тамғаи “Niva” буда, ҳамчун мошинҳои хизматӣ ба раисони ҷамоатҳои наздимарзӣ тақдим гардидааст. Бино ба иттилои Хадамоти матбуот, дар баробари эътои мошинҳои хизматӣ ба раисон ҷамоатҳо, ҳамчунин се мошини бокашони тамғаи “Портер”, аз номи ҳукумати вилояти Суғд ба Идораи хоҷагии манзилию коммунналии шаҳри Исфара тақдим шудааст. Тақдими мошинҳои хидматӣ ба раисони ҷамоатҳо дар Тоҷикистон ҳодисаи камназир маҳсуб мешавад. Чоркӯҳ ва Ворух аз ҷамоатҳои наздимарзӣ ба Қирғизистон ба шумор мераванд, ки ба далели аломатгузорӣ нашудани хатти сарҳад то ин замон борҳо шоҳиди муноқишаи марзӣ гардидаанд.Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону ҚирғизистонВазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.Қирғизистон марзҳояшро боз бо Тоҷикистон бастМақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.“Асрори баҳсҳои марзӣ. Хистеварз”: қабри падари сарвазири Тоҷикистон дар минтақаи баҳсӣ?Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ шуда, ҷониби Қирғизистон ахиран тамоми ҳаракатро тавассути қаламраваш барои шаҳрвандони Тоҷикистон қатъ кардааст. Шаби 25 май ҳатто ҳавопаймои "Сомон Эр"- ро аз Бишкек бозпас ба Душанбе гардонирд ва фурӯши чиптаҳоро ба шаҳрвандони Тоҷикистон пурра манъ кард.Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
https://sputnik.tj/20210529/asror-bahs-marz-ovchiqalacha-tojikiston-qirgiziston-1039828257.html
қирғизистон
исфара
ворух
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1e/1039839878_26:0:1562:1152_1920x0_80_0_0_c19bd28e9df6eec67c0a494de50ad8f7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент, раисон, ҷамоатҳои ворух,чоркӯҳ, мошин
президент, раисон, ҷамоатҳои ворух,чоркӯҳ, мошин
Президент ба раисони ҷамоатҳои Ворух ва Чоркӯҳ мошин дод
11:30 30.05.2021 (Навсозишуда: 14:45 30.05.2021) Калиди мошинҳоро аз номи Президент, субҳи имрӯз ба соҳибонаш раисони ҷамоатҳои наздимарзии Исфара расонида шудааст
ДУШАНБЕ, 30 май – Sputnik. Музаффар Юнусов, роҳбари Хадамоти матбуоти ҳукумати Суғд ба
Sputnik Тоҷикистон гуфт, тӯҳфаҳоро Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд субҳи имрӯз аснои як сафари корӣ ба ҷамоати Чоркӯҳи Исфара тақдим намуд.
Калиди мошинҳо бевосита ба дасти Шукрилло Насриддинов раиси ҷамоати Чоркӯҳ ва инчунин ба Меҳриниссо Раҳматова, раиси ҷамоати Ворух супорида шуд”, - гуфт Юнусов.
Бино ба иттилоъи манбаъ, тӯҳфаҳо мошинҳои тамғаи “Niva” буда, ҳамчун мошинҳои хизматӣ ба раисони ҷамоатҳои наздимарзӣ тақдим гардидааст.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуот, дар баробари эътои мошинҳои хизматӣ ба раисон ҷамоатҳо, ҳамчунин се мошини бокашони тамғаи “Портер”, аз номи ҳукумати вилояти Суғд ба Идораи хоҷагии манзилию коммунналии шаҳри Исфара тақдим шудааст.
Тақдими мошинҳои хидматӣ ба раисони ҷамоатҳо дар Тоҷикистон ҳодисаи камназир маҳсуб мешавад.
Чоркӯҳ ва Ворух аз ҷамоатҳои наздимарзӣ ба Қирғизистон ба шумор мераванд, ки ба далели аломатгузорӣ нашудани хатти сарҳад то ин замон борҳо шоҳиди муноқишаи марзӣ гардидаанд.
Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ шуда, ҷониби Қирғизистон ахиран тамоми ҳаракатро тавассути қаламраваш барои шаҳрвандони Тоҷикистон қатъ кардааст. Шаби 25 май ҳатто ҳавопаймои "Сомон Эр"- ро аз Бишкек бозпас ба Душанбе гардонирд ва фурӯши чиптаҳоро ба шаҳрвандони Тоҷикистон пурра манъ кард.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.