https://sputnik.tj/20210529/rusiya-qoida-shinosnomai-horiji-taghir-1039830931.html
Русия қоидаҳои додани шиносномаи хориҷиро тағир медиҳад
Русия қоидаҳои додани шиносномаи хориҷиро тағир медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Қоидаҳои навшудаи додани шиносномаҳои хориҷӣ дар Русия мавриди амал қарор мегиранд
2021-05-29T14:30+0500
2021-05-29T14:30+0500
2021-05-29T14:30+0500
шаҳрвандон
тағйирот
шиноснома
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/i/logo/logo-social.png
ДУШАНБЕ, 29 май - Sputnik. Дар Русия аз 30 май қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷӣ тағир хоҳанд ёфт, менависад "Парламентская газета".. Тартиби нав ба он русҳое, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, таъсир мерасонад. Фармони дахлдори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия аз 30 май эътибор пайдо мекунад.Акнун шаҳрвандони Русия, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, маҷбуранд барои гирифтани ҳуҷҷат ба ин кишвар оянд. Мӯҳлати додани ҳуҷҷат мисли қаблӣ барои онҳое, ки дар ҷои истиқомат муроҷиат кардаанд, то як моҳ ва барои онҳое, ки мехоҳанд онро дар ҷои будубош гирианд, се моҳ хоҳад буд.Қобили зикр аст, ки ҳангоми сабти номи шиносномаи пешин боҷи давлатӣ ду ҳазор рубл хоҳад буд, барои шиносномаи биометрӣ бошад панҷ ҳазор аст. Барои сабти ҳуҷҷати нав изи ангушт лозим аст. Аммо, шаҳрвандоне, ки дар ҳолатҳои фавқулода қарор гирифтаанд ва мехоҳанд ба ивази ҳуҷҷати гумшуда ё куҳнашуда ҳуҷҷате гиранд, аз супоридани маблағҳои зикршуда озоданд
https://sputnik.tj/20210507/rusiya-giriftani-shahrvandi-muhojiron-asos-1039307739.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия шиноснома, хориҷа, тағирот
русия шиноснома, хориҷа, тағирот
Русия қоидаҳои додани шиносномаи хориҷиро тағир медиҳад
Қоидаҳои навшудаи додани шиносномаҳои хориҷӣ дар Русия мавриди амал қарор мегиранд
ДУШАНБЕ, 29 май - Sputnik. Дар Русия аз 30 май қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷӣ тағир хоҳанд ёфт, менависад
"Парламентская газета"..
Тартиби нав ба он русҳое, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, таъсир мерасонад. Фармони дахлдори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия аз 30 май эътибор пайдо мекунад.
Акнун шаҳрвандони Русия, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, маҷбуранд барои гирифтани ҳуҷҷат ба ин кишвар оянд.
Мӯҳлати додани ҳуҷҷат мисли қаблӣ барои онҳое, ки дар ҷои истиқомат муроҷиат кардаанд, то як моҳ ва барои онҳое, ки мехоҳанд онро дар ҷои будубош гирианд, се моҳ хоҳад буд.
Қобили зикр аст, ки ҳангоми сабти номи шиносномаи пешин боҷи давлатӣ ду ҳазор рубл хоҳад буд, барои шиносномаи биометрӣ бошад панҷ ҳазор аст.
Барои сабти ҳуҷҷати нав изи ангушт лозим аст.
Аммо, шаҳрвандоне, ки дар ҳолатҳои фавқулода қарор гирифтаанд ва мехоҳанд ба ивази ҳуҷҷати гумшуда ё куҳнашуда ҳуҷҷате гиранд, аз супоридани маблағҳои зикршуда озоданд