https://sputnik.tj/20210513/markazi-muhojirat-maskav-jadvali-patentro-taghir-1039428646.html
Маркази муҳоҷират дар Маскав ҷадвали додани патентро тағйир дод: муҳоҷир бисёр шуд
Маркази муҳоҷират дар Маскав ҷадвали додани патентро тағйир дод: муҳоҷир бисёр шуд
Sputnik Тоҷикистон
Маркази муҳоҷирати Маскав дар Сахарово аз рӯи ҷадвали нав ба кор шурӯъ кард: дар кадом рӯзҳо патент гирифтан мумкин аст?
2021-05-13T17:33+0500
2021-05-13T17:33+0500
2021-08-10T14:40+0500
патент
дар русия
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/i/logo/logo-social.png
ДУШАНБЕ, 13 май - Sputnik. Шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд аз соати 08:00 то 20:00 дар Маркази муҳоҷирати Москва воқеъ дар Сахарово барои гирифтани патент муроҷиат кунанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар пойтахт хабар дод. Кормандони муассиса ҳуҷҷатҳоро ҳар рӯз, бидуни танаффуси нисфирӯзӣ, истироҳат ва таътил қабул мекунанд. Ғайр аз ин, барои роҳати шаҳрвандони хориҷӣ, суръат бахшидани хизматрасонӣ, пешгирӣ аз навбат ва нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ, дар назди марказ равзанаҳои иловагӣ кушода шудаанд.Вазорати корҳои дохилӣ қайд кард, ки чунин чораҳо бинобар афзоиши шумораи муҳоҷирон, ки мехоҳанд ҳуҷҷат супоранд, андешида шуданд. Талотуми шаҳрвандони хориҷӣ бо ба итмом расидани қонуни президенти Русия Владимир Путин, ки мӯҳлати будубоши муваққатӣ ё иқомати доимиро дар Федератсияи Русия то 15 июн тамдид кардааст, ба амал омадааст. Таҳдиди депортатсия издиҳоми муҳоҷиронро аз аввали моҳи май маҷбур кард, ки пушти дарҳои Маркази муҳоҷират пур шаванд.Бисёре аз онҳо инчунин аз он шикоят мекунанд, ки аз фосилаи дур фаҳмида наметавонанд, ки онҳо ба рӯйхати гирандагони квотаи РВП ва ё Иҷозатномаи муваққатии зист дохил шудаанд ё на. Хизматрасонии мазкур танҳо бо ташрифи рӯ ба рӯ ба муассиса дастрас карда мешавад.Ёдовар мешавем, ки то 15 июн шаҳрвандони бидуни санади тамдид метавонанд бидуни эъмоли таҳримот Русияро тарк кунанд. Қаблан муовини вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой аз намояндагони кишварҳои ИДМ дархост карда буд, ки бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Русия корҳои таблиғотӣ баранд. Ба гуфтаи ӯ, ин барои пешгирӣ аз ихроҷи онҳо зарур аст.
https://sputnik.tj/20210105/Tagyiroti-narkhi-patent-baroi-muhojiron-dar-Rusiya-dar-soli-2021-1032542857.html
https://sputnik.tj/20210416/hushdori-noibi-vazir-rusiya-deporti-tojikiston-1038537941.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маркази муҳоҷират, маскав, патент, муҳоҷирон
маркази муҳоҷират, маскав, патент, муҳоҷирон
Маркази муҳоҷират дар Маскав ҷадвали додани патентро тағйир дод: муҳоҷир бисёр шуд
17:33 13.05.2021 (Навсозишуда: 14:40 10.08.2021) Маркази муҳоҷирати Маскав дар Сахарово аз рӯи ҷадвали нав ба кор шурӯъ кард: дар кадом рӯзҳо патент гирифтан мумкин аст?
ДУШАНБЕ, 13 май - Sputnik. Шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд аз соати 08:00 то 20:00 дар Маркази муҳоҷирати Москва воқеъ дар Сахарово барои гирифтани патент муроҷиат кунанд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар пойтахт хабар дод.
Кормандони муассиса ҳуҷҷатҳоро ҳар рӯз, бидуни танаффуси нисфирӯзӣ, истироҳат ва таътил қабул мекунанд.
Ғайр аз ин, барои роҳати шаҳрвандони хориҷӣ, суръат бахшидани хизматрасонӣ, пешгирӣ аз навбат ва нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ, дар назди марказ равзанаҳои иловагӣ кушода шудаанд.
Вазорати корҳои дохилӣ қайд кард, ки чунин чораҳо бинобар афзоиши шумораи муҳоҷирон, ки мехоҳанд ҳуҷҷат супоранд, андешида шуданд.
Талотуми шаҳрвандони хориҷӣ бо ба итмом расидани қонуни президенти Русия Владимир Путин, ки мӯҳлати будубоши муваққатӣ ё иқомати доимиро дар Федератсияи Русия то 15 июн тамдид кардааст, ба амал омадааст.
Таҳдиди депортатсия издиҳоми муҳоҷиронро аз аввали моҳи май маҷбур кард, ки пушти дарҳои Маркази муҳоҷират пур шаванд.
Бисёре аз онҳо инчунин аз он шикоят мекунанд, ки аз фосилаи дур фаҳмида наметавонанд, ки онҳо ба рӯйхати гирандагони квотаи РВП ва ё Иҷозатномаи муваққатии зист дохил шудаанд ё на. Хизматрасонии мазкур танҳо бо ташрифи рӯ ба рӯ ба муассиса дастрас карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки то 15 июн шаҳрвандони бидуни санади тамдид метавонанд бидуни эъмоли таҳримот Русияро тарк кунанд.
Қаблан муовини вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой аз намояндагони кишварҳои ИДМ дархост карда буд, ки бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Русия корҳои таблиғотӣ баранд. Ба гуфтаи ӯ, ин барои пешгирӣ аз ихроҷи онҳо зарур аст.