https://sputnik.tj/20210503/janjoli-du-hamdeha-ba-kordkashivu-kushtor-tabdil-yoft-bozdoshti-mardi-29-sola-dar-dushanbe-1039242522.html
Ҷанҷоли ду ҳамдеҳа ба кордкашиву куштор табдил ёфт: боздошти марди 29-сола дар Душанбе
Ҷанҷоли ду ҳамдеҳа ба кордкашиву куштор табдил ёфт: боздошти марди 29-сола дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 29-сола хабар дод, ки дар сӯиқасд ба одамкушӣ гумонбар дониста мешавад
2021-05-03T17:55+0500
2021-05-03T17:55+0500
2021-05-03T17:55+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вкд
куштор
қатл
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101331/86/1013318666_58:0:1836:1000_1920x0_80_0_0_462a2d260ecfce1f73450901d605300f.jpg
ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсияи кишвар зимни баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд.Манбаъ қайд кардааст, ки номбурда, санаи 2-юми майи соли равон, ҳангоми дар кучаи Лоҳутии шаҳри Душанбе қарор доштанаш, аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол кардаааст. “Бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан, бо корди ошхонагӣ 1-маротиба ба қисмати пушташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, - таъкид доштааст ВКД-и Тоҷикистон.Зикр шудааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардид, аммо мутаасифона тахминан соати 22:50-дақиқа аҳволаш сангин шуда дар бемористон ба ҳалокат расидааст.Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.
https://sputnik.tj/20210420/kordkashi-naqliyot-javoni-ronandaro-kord-zad-1038801045.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101331/86/1013318666_280:0:1613:1000_1920x0_80_0_0_ea41ccd8033b6e24ada0d7598eb9af1a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, корзанӣ, кордкашӣ, ҳамдеҳа
тоҷикистон, корзанӣ, кордкашӣ, ҳамдеҳа
Ҷанҷоли ду ҳамдеҳа ба кордкашиву куштор табдил ёфт: боздошти марди 29-сола дар Душанбе
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 29-сола хабар дод, ки дар сӯиқасд ба одамкушӣ гумонбар дониста мешавад
ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсияи кишвар зимни баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд.
Манбаъ қайд кардааст, ки номбурда, санаи 2-юми майи соли равон, ҳангоми дар кучаи Лоҳутии шаҳри Душанбе қарор доштанаш, аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол кардаааст.
“Бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан, бо корди ошхонагӣ 1-маротиба ба қисмати пушташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, - таъкид доштааст ВКД-и Тоҷикистон.
Зикр шудааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардид, аммо мутаасифона тахминан соати 22:50-дақиқа аҳволаш сангин шуда дар бемористон ба ҳалокат расидааст.
Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.