https://sputnik.tj/20210528/dushanbe-amaliyot-kuknor-1039815434.html
Дар Душанбе амалиёти "Кӯкнор-2021" оғоз гардид
Дар Душанбе амалиёти "Кӯкнор-2021" оғоз гардид
Sputnik Тоҷикистон
Амалиёти мазкур дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июн то 30 ноябр роҳандозӣ мешавад 28.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-28T16:21+0500
2021-05-28T16:21+0500
2021-07-07T18:37+0500
дар тоҷикистон
кӯкнор
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101326/47/1013264760_0:10:3119:1764_1920x0_80_0_0_03c1abb8ab4a53181435f6a10ac64d90.jpg
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Дар Душанбе амалиёти "Кӯкнор-2021" оғоз гардид, хабар медиҳад Агентии мубориза бо маводи нашъаовар.Бино бар иттилои манбаъ, 28 май дар бинои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти “Кӯкнор-2021” баргузор гардид. Мақсади он ошкор ва нобуд сохтани растаниҳои нашъадори худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар, инчунин баргузории чорабиниҳои маҷмӯии таблиғотӣ-пешгирикунанда миёни табақаҳои мухталифи аҳолӣ маҳсуб мешавад.Дар ҷаласа ситод иҷрои дастуру супоришҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон зарурати баргузории амалиёти мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Барои ташкили кор, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти воҳидҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар маҳалҳо дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ситодҳои кории амалиёти “Кӯкнор-2021” ташкил мешаванд.Дар кори ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти “Кӯкнор-2021” намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
https://sputnik.tj/20190815/dushanbe-mavod-mukhaddir-suzonda-shud-1029654990.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101326/47/1013264760_16:0:2745:2047_1920x0_80_0_0_e23770807f181370f32b738ea145917a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, кӯкнор, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон, кӯкнор, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Дар Душанбе амалиёти "Кӯкнор-2021" оғоз гардид
16:21 28.05.2021 (Навсозишуда: 18:37 07.07.2021) Амалиёти мазкур дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июн то 30 ноябр роҳандозӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Дар Душанбе амалиёти "Кӯкнор-2021" оғоз гардид, хабар медиҳад Агентии мубориза бо маводи нашъаовар.
Бино бар иттилои манбаъ, 28 май дар бинои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти “Кӯкнор-2021” баргузор гардид.
Амалиёти мазкур дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июн то 30 ноябр роҳандозӣ мешавад.
Мақсади он ошкор ва нобуд сохтани растаниҳои нашъадори худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар, инчунин баргузории чорабиниҳои маҷмӯии таблиғотӣ-пешгирикунанда миёни табақаҳои мухталифи аҳолӣ маҳсуб мешавад.
Дар ҷаласа ситод иҷрои дастуру супоришҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон зарурати баргузории амалиёти мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Барои ташкили кор, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти воҳидҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар маҳалҳо дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ситодҳои кории амалиёти “Кӯкнор-2021” ташкил мешаванд.
Дар кори ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти “Кӯкнор-2021” намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.