ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар Душанбе аз ҷониби кормандони вазорати умури дохила, беш аз як тонна навъҳои гуногуни маводи мухаддир тариқи сӯзонидан маҳву нобуд гардиданд.
Бар хабари дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон, намояндагони ин вазорат дар ҳузури кормандони ВАО, мақомоти додситонӣ ва дигра ташкилоту идораҳои марбута ин миқдор маводи марговарро сӯзонда нобуд карданд.
Боздошти нашъаҷаллобону амалиёт: азми Рустам Эмомалӣ дар мубориза бо нашъа
Гуфта мешавад, аз ҷумла 49 кило героин, 465 кг афюн, 346 кг ҳашиш, 850 кг бангдонаи хушккардашуда, ниҳолҳои бангдона ва дигар намуди моддаҳои нашъадор сӯзонида несту нобуд карда шуданд.
Зимнан дар чорабинии мазкур миқдори зиёди ҳабҳои нашъадори синтетикӣ низ сӯзонида несту нобуд карда шуданд.
Мусодираи наздики 2 тонна маводи нашъадор дар пайи амалиёти "Кӯкнор-2018"
ВУД тавзеҳ медиҳад, ки ин миқдори маводи марговари нобуркардашуда, далелҳои шайъие буданд, ки вобаста ба 159 парвандаи ҷиноятӣ нисбати шаҳрвандоне, ки алайҳашон ҳукми суд содир гардида буд, тааллуқ доштанд.