Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Ултиматум ё зарурат: чаро тоҷиконро ба Қирғизистон роҳ надоданд

CC BY-SA 2.0 / Anna Zvereva / Самолет авиакомпании Somon Air
Самолет авиакомпании Somon Air - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Обуна шудан
Қирғизистон ба хотири ҳар чӣ зудтар ҳал шудани қазияи марзӣ, марзашро ба рӯи Тоҷикистон баст
ДУШАНБЕ, 27 май - Sputnik. Қирғизистон тақрибан 200 мусофири ҳавопаймои "Сомон Эйр" -и Душанбе - Бишкекро ба қаламрави худ роҳ надод. Дар натиҷа, ҳавопайморо пас гардондан лозим омад ва сад нафари дигар шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳ дармонданд.
Ин барои муштариёни ҳавопаймо сюрпризи хеле нохуш буд, зеро бисёриҳо на мустақиман ба Қирғизистон, балки бо роҳи транзит ба кишварҳои дигар, алахусус Русия парвоз мекарданд.
Дурнамои онҳо хеле номуайян аст, зеро марзбонони Қирғизистон ба таври возеҳ изҳор доштанд, ки онҳоро ба қаламрави кишвар роҳ намедиҳанд. Ин маҳдудият танҳо марбут ба тоҷикҳо буд, зеро 9 хориҷие, ки тариқи ин ҳавопаймо сафар доштанд, бемамоният аз контрол гузаштанд.

Вокуниши ВУХ Тоҷикистон ба қазияи бозпас гаштани ҳавопаймо

Эҳтимол ба мусофирони транзитӣ то ҳол барои парвоз ба макони лозимӣ иҷозат дода шавад, вале албатта на пеш аз дахолати Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.
Дар робита ба ин қазия, Вазорат гуфт, ҳеҷ гуна огоҳӣ дар бораи чунин маҳдудиятҳо аз Бишкек ба таври расмӣ гирифта нашудааст.
Архивное фото сотрудников пограничной службы Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
“Бидуни огоҳӣ”: муроҷиатномаи мақомоти тоҷик ба мардум баъди қарори Қирғизистон
"Вазорати корҳои хориҷӣ аз Қирғизистон ҳеҷ иттилое нагирифтааст, ки парвози Душанбе-Бишкек пазируфта намешавад", - таъкид гардидааст дар изҳороти ин ниҳод.
Тибқи иттилои вазорат, тақрибан 100 шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки аз шаҳрҳои гуногуни Русия омадаанд ё мехостанд ба Русия парвоз кунанд, дар минтақаи транзитии фурудгоҳ банд мондаанд.
Аз нимаи моҳи декабри соли гузашта, ширкати туристии "Эсал Трэвел Групп" дар Қирғизистон аз оғози парвозҳои чартерӣ дар самти Душанбе - Бишкек - ​​Душанбе хабар дод.
Гуфта мешуд, парвозҳоро ширкати "Сомон Эйр" тибқи созишномаи дуҷониба анҷом медиҳад. Ҳамин тариқ, дар бораи қатъи ин созишнома низ дар ҳеҷ ҷо чизе гуфта нашудааст.
Тааччубовартар аз он аст, ки маъмурияти фурудгоҳи Манас умуман банд мондани мусофироне, ки тариқи транзит парвоз мекарданд, рад намудааст.
"Маълумот дар бораи бастани 300 шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи Манас ба воқеият мувофиқат намекунад", - гуфтанд намояндагони ин фурудгоҳ.
Ба гуфтаи онҳо, ҳавопаймои "Сомон Эйр" 186 мусофирро ба кишвар интиқол додааст. Аз ин шумор 177 нафар тоҷикон ва 9 нафар шаҳрвандони дигар давлатҳо мебошанд.
"Дар робита ба маҳдудиятҳои муваққатии вуруд, Хадамоти марзбонии Қирғизистон қабули тоҷиконро ба кишвар рад кард. Ҳавопаймо бо онҳо соати 03:17 ба Душанбе баргашт", - омадааст дар хабар.

Чаро тоҷиконро ба Қирғизистон роҳ надоданд

Кобинаи вазирони Қирғизистон рӯзи 24 май қароре ба тасвиб расониданд, ки тибқи он то ҳол нашудани масъалаи марз вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави ин кишвар мамнӯъ мешавад.
Ин ба қарори вуруд / баромадан, будубош, ҳаракат ва транзит тавассути қаламрави Қирғизистон, инчунин интиқоли мол ва нақлиёт дар нуқтаҳои "Қулунду", "Қайрагаҷ", "Қизил-Бел", "Бордебо" ва "ҚарамиҚ" дахл доштааст.
Гарчанде ки ин санад ба нақлиёти автомобилӣ дахл дошт, аммо пас аз бозгашти ҳавопаймо маълум шуд .ки ба равобити ҳавоӣ низ дахл доштааст.
Қирғизистон ин тасмимашро ба он рабт медиҳад, ки ҷонибдори ҳар чӣ зудтар ҳал шудани масъалаи марзӣ аст, аммо амалкарди онҳо паҳлуи тамоман дигари масъаларо нишон медиҳад.
В районе границы между Таджикистаном и Кыргызстаном  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Яке чекист ва дигаре марзбон: Қирғизистон қазияи боздошти се тоҷикистониро шарҳ дод
Ёдовар мешавем, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҚирғизистонҚамчибек Тошиев дар охири моҳи март эълом дошт, ки роҳбарияти кишвар дастур додааст, масъалаи аломатгузории ниҳоии марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар се моҳ ҳал карда шавад.
Ин мӯҳлат воқеан аллакай ба итмом расидааст ва аз лаҳзаи изҳороти Тошиев дар минтақаҳои марзӣ ҷанги сахте ҳам ба миён омад. Ҳарчанд, феълан дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ сурат намегиранд, аммо худи низоъ ҳамоно ба поён нарасидааст. Бозпас гусел кардани мусофирони ҳавопаймо аз Қирғизистон ба Тоҷикистон худ далели ин гуфтаҳост.
Хоҳиши роҳбарияти феълии Қирғизистонро барои хотима додани низои марзӣ албатта фаҳмост, зеро дар сурати ҳал шудани мушкилоте, ки солҳо боз ҳалталаб аст, ба ӯ муваффақият ва сармояи мустаҳками сиёсиро меорад.
Аммо тасмиме, ки бо силоҳ шаҳрвандони худро мусаллаҳ мекунад, номуваффақ аст ва ба гумон аст, ки дар барқарор намудани сулҳ бо ҳамсоякишвар кумак кунад.
Лентаи хабарҳо
0