https://sputnik.tj/20210517/qirghiziston-qaziya-bozdosht-tojik-sharh-1039503180.html
Яке чекист ва дигаре марзбон: Қирғизистон қазияи боздошти се тоҷикистониро шарҳ дод
Яке чекист ва дигаре марзбон: Қирғизистон қазияи боздошти се тоҷикистониро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Қирғизистон мегӯяд, мошине, ки аз самти ворух ба Исфара ҳаракат дошт дар ҳудуди деҳаи Оқсой истод, дар ҳоле ки ин роҳи транзитӣ буда, истодан ва ё фаровардану гирифтани мусофир манъ аст.
2021-05-17T16:47+0500
2021-05-17T16:47+0500
2021-05-17T17:03+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
қирғизистон
осиёи марказӣ
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1e/1039178540_97:0:1642:869_1920x0_80_0_0_513a33736f17e3e8a9685caaca1b707a.jpg
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҷузъиёти ҳодисаи дар марз бо Тоҷикистон рухдодаро шарҳ дод, менависад Sputnik Қирғизистон.Бар хабари манбаъ, аз се шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон ду нафарашон низомӣ буданд.Қаблан хабар дода шуд, ки дар деҳаҳои Ворух ва Оқсой се нафарӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон боздошт шуданд. Аммо пас аз гуфтушунидҳо, шаҳрвандони дар марз боздоштшуда озод карда шуданд.Қирғизистон мегӯяд, мошине, ки аз самти Ворух ба Исфара ҳаракат дошт, дар ҳудуди деҳаи Оқсой таваққуф кардааст, дар ҳоле ки ин роҳи транзитӣ буда, истодан ва ё фаровардану гирифтани мусофир, манъ аст.Аммо, аз мақомоти Исфара гуфтанд, дар деҳаи Оқсой шаҳрвандони Тоҷикистонро аз мошини "Газел" фароварда ва гаравгон гирифтанд.Дар бораи шахсияти се тоҷикистонӣ ва ҳамчунин низомӣ будан ва ё набудани онҳоро мақомоти Тоҷикистон расман шарҳ надодаанд.Ёдовар мешавем, вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
https://sputnik.tj/20210517/tojikiston-qirghiziston-garavgon-ozod-1039502244.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1e/1039178540_290:0:1449:869_1920x0_80_0_0_65322479a7e10d9d6398b868b674ca66.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон, тоҷикистон, марз, боздошт
қирғизистон, тоҷикистон, марз, боздошт
Яке чекист ва дигаре марзбон: Қирғизистон қазияи боздошти се тоҷикистониро шарҳ дод
16:47 17.05.2021 (Навсозишуда: 17:03 17.05.2021) Мақомоти қирғиз мегӯянд, дар миёни шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон дар деҳаи Оқсойи Қирғизистон, ду нафарашон низомӣ будаанд
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҷузъиёти ҳодисаи дар марз бо Тоҷикистон рухдодаро шарҳ дод, менависад Sputnik Қирғизистон.
Бар хабари манбаъ, аз се шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон ду нафарашон низомӣ буданд.
"Яке корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигаре хизматчии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аст", - гуфта мешавад дар хабар.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар деҳаҳои Ворух ва Оқсой се нафарӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон боздошт шуданд. Аммо пас аз гуфтушунидҳо, шаҳрвандони дар марз боздоштшуда озод карда шуданд.
Қирғизистон мегӯяд, мошине, ки аз самти Ворух ба Исфара ҳаракат дошт, дар ҳудуди деҳаи Оқсой таваққуф кардааст, дар ҳоле ки ин роҳи транзитӣ буда, истодан ва ё фаровардану гирифтани мусофир, манъ аст.
Аммо, аз мақомоти Исфара гуфтанд, дар деҳаи Оқсой шаҳрвандони Тоҷикистонро аз мошини "Газел" фароварда ва гаравгон гирифтанд.
Дар бораи шахсияти се тоҷикистонӣ ва ҳамчунин низомӣ будан ва ё набудани онҳоро мақомоти Тоҷикистон расман шарҳ надодаанд.
Ёдовар мешавем, вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.