Ҳушдори КҲФ аз таҳдиди селхезӣ дар Тоҷикистон то тобистон

© КҲФСел дар Тоҷикистон
Сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз таҳдиди селхезиҳои нав дар Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тотористон мегӯяд то аввали моҳи июн дар Тоҷикистон хатари селхезӣ боқӣ мемонад.
Тибқи маълумоти Ожонси ҳавошиносӣ, то 1 июни соли 2021 дар минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳистони Хатлон, Суғд, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, инчунин ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хатари сел боқӣ мемонад.
Дар ин робита, Кумита аз аҳолии дар ин манотиқи селхез даъват мекунад, ки то ҳадди имкон бодиққат бошанд.

Тавсияҳо барои сокинони манотиқи зери хатар

Молу мулки дар ҳавлибуда бояд ба хона дароварда шавад, амволи пурарзише, ки бо худ гирифта намешавад, дар ҷои мувофиқ гузошта шавад то нам нагирад ва ифлос нашавад.
Дарҳо, тирезаҳо дигар сӯрохиҳо сахт пӯшед.
Моддаҳои оташгирандаро аз хона бароварда, ба қадри имкон, дар чоҳҳои дурдаст ё таҳхонаҳои мустақим ҷо диҳед.
Барои зуд баромадан донистани роҳҳо ба ҷойҳои бехавф, нишебҳои кӯҳҳо ва теппаҳоро бояд донед.
Ҳангоми баромадан ба нишебиҳои бехатар, аз водиҳо, дараҳо ва ҷариҳо истифода набаред.
Ба беморон, пиронсолон, маъюбон, кӯдакон кумак кунед.
Пас аз ба охир расидани сел, боварӣ ҳосил кунед, ки таҳдиди такрорӣ вуҷуд надорад ва танҳо баъд ба хонаҳои худ баргардед.
Ёдрас мешавем, ки боронгариҳои рӯзҳои 8 то 11 май, ки гуфта мешавад 9 қурбонӣ бар ҷой гузошт, зиндагии 14 ҳазору 500 нафарро дар вилояти Хатлон душвор кард.
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Маълум шуд, кай оилаҳои осебдида аз сел дар Тоҷикистон ба хонаҳои нав медароянд
Ин ҳодисаи нохуш ҷони одамонро дар ҳолатҳои гуногун гирифт. Ҳамин тавр, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд.
Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар фавтиданд, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷрои селоба пайдо карда шуд.
Дар баробари ин, дар шаҳри Ҳисор низ 1 нафар ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ба ҳалокат расид.
Дар ин вилоят 128 хона ба таври комил бар асари сел вайрон шуда ва 400 хонаи дигар ба тармиму бозсозӣ ниёз дорад.
Лентаи хабарҳо
0