https://sputnik.tj/20210527/sibir-parvozho-tojikiston--1039795343.html
"Сибир" парвозҳояшро ба Тоҷикистон пурра барқарор кард
"Сибир" парвозҳояшро ба Тоҷикистон пурра барқарор кард
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати "Сибирь" ё S7 изҳор дошт, ки тамоми хатсайрҳо байни Тоҷикистон ва Русия дар шакли муқаррарӣ аз сар гирифта шуданд 27.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-27T19:27+0500
2021-05-27T19:27+0500
2021-05-27T22:52+0500
парвозҳои миёни русия ва тоҷикистон: хабарҳои охирин
дар тоҷикистон
нақлиёт
парвоз
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103063/13/1030631314_0:142:3137:1907_1920x0_80_0_0_03360d01be701809c0be052f7ea5473a.jpg
ДУШАНБЕ, 27 мая — Sputnik. Ширкати русии "Сибирь" S7 изҳор дошт, ки масъалаи иҷозати хатсайрҳо дар Тоҷикистон пурра ба роҳ монда шуд. "Ширкати S7 ба Тоҷикистон бо низоми муқаррарӣ парвоз мекунад", - изҳор доштанд аз хадамоти матбуоти ширкат ба РИА Новости. Пештар намояндаи S7 изҳор дошта буд , ки ҳангоми гирифтани иҷозати парвоз ба Тоҷикистон ба мушкилӣ дучор шудааст. Ёдрас мешавем, Агентии ҳавоии Тоҷикистон далели надодани иҷозатномаи парвоз ба чанд ширкат - гаронии арзиши чипта дар кишвар унвон карда буд. Дар ҳамин ҳол, дирӯз мудири Агентии авиатсияи ҳавоии Тоҷикистон Икром Субҳонзода изҳор дошт, ки чор ширкати ҳавоии Русия - "Сибирь", "Ямал", "Уральские авиалинии" и UTair расман ва дар шакли хаттӣ розигӣ доданд, ки нархҳои чиптаро аз 500 доллар баланд намебардоранд.Ба ширкати "Северный ветер" бошад, ин иҷозатнома дертар дода шуд, зеро ба гуфтаи раиси агентӣ, онҳо мактуби расмиашонро, ки нархҳои чиптаро аз 500 доллар баланд намебардоранд, дертар дастрас карданд."Сибирь" аз Душанбе ва Кӯлоб ба Новосибирск, Астрахан, Кемерово, Барнаул ва Волгоград парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад.
https://sputnik.tj/20210527/tojikon-qirghizistoni-roh-namedihand-1039792117.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103063/13/1030631314_203:0:2934:2048_1920x0_80_0_0_ca8b7359b0c2ce8e014390f9a1ca0137.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, нақлиёт, парвоз, дар русия
дар тоҷикистон, нақлиёт, парвоз, дар русия
"Сибир" парвозҳояшро ба Тоҷикистон пурра барқарор кард
19:27 27.05.2021 (Навсозишуда: 22:52 27.05.2021) Ширкати "Сибирь" ё S7 изҳор дошт, ки тамоми хатсайрҳо байни Тоҷикистон ва Русия дар шакли муқаррарӣ аз сар гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 27 мая — Sputnik. Ширкати русии "Сибирь" S7 изҳор дошт, ки масъалаи иҷозати хатсайрҳо дар Тоҷикистон пурра ба роҳ монда шуд.
"Ширкати S7 ба Тоҷикистон бо низоми муқаррарӣ парвоз мекунад", - изҳор доштанд аз хадамоти матбуоти ширкат ба РИА Новости.
Пештар намояндаи S7 изҳор дошта буд , ки ҳангоми гирифтани иҷозати парвоз ба Тоҷикистон ба мушкилӣ дучор шудааст.
Ёдрас мешавем, Агентии ҳавоии Тоҷикистон далели надодани иҷозатномаи парвоз ба чанд ширкат - гаронии арзиши чипта дар кишвар унвон карда буд.
Дар ҳамин ҳол, дирӯз мудири Агентии авиатсияи ҳавоии Тоҷикистон Икром Субҳонзода изҳор дошт, ки чор ширкати ҳавоии Русия - "Сибирь", "Ямал", "Уральские авиалинии" и UTair расман ва дар шакли хаттӣ розигӣ доданд, ки нархҳои чиптаро аз 500 доллар баланд намебардоранд.
Ба ширкати "Северный ветер" бошад, ин иҷозатнома дертар дода шуд, зеро ба гуфтаи раиси агентӣ, онҳо мактуби расмиашонро, ки нархҳои чиптаро аз 500 доллар баланд намебардоранд, дертар дастрас карданд.
"Сибирь" аз Душанбе ва Кӯлоб ба Новосибирск, Астрахан, Кемерово, Барнаул ва Волгоград парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад.