Ситоди шаҳрӣ сабаби вайронкориҳои сел дар Кӯлобро гуфту сокинонро ба тозагӣ даъват кард

© КҲФБартарафсозии оқибатҳои сел дар Тоҷикистон
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Обуна шудан
Ситоди бартарафсозии оқибатҳои сели харобиовар дар шаҳри Кӯлоб сабаби вайрон шудани манзилҳои мардумро гуфт
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Ситоди бартарафсозии оқибатҳои сели харобиовар дар шаҳри Кӯлоб муроҷиатномае нашр кардааст, ки дар он сабаби харобкориҳои сел гуфта ва мардумро ба тозагӣ ва поккорӣ даъват кардааст.
Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, ки "сабабгори асосии пуртуғён гаштани наҳру сойҳо дучори монеаҳои сунъӣ гаштани ҷараёни селовард мебошад. Аҳолии шаҳру деҳот ба одитарин қоидаҳои нигаҳдорӣ ва нест кардани партовҳои маишӣ бепарвоӣ зоҳир карданд ва дар натиҷа ин, ҷараёни сел масири худро тағйир дода, ба хонаву ҳавлиҳо сарозер гашт".
Ситод бовар дорад, ки агар ба обравҳо афкандани партовҳои маишӣ, қатъ нашавад,, чунин ҳодисаҳои ногувор ҳар сол метавонанд сар зананд.
"Ҳамдиёрони муҳтарам, ба шумо муроҷиат намуда огоҳ месозем, ки партовҳои маиширо ба обравҳо, ҷӯйҳо ва наҳру сойҳо напартоед. Партовҳоро танҳо ба қуттиҳо ва ҷойҳои махсуси муайяншуда партоед", - омадааст дар муроҷиатнома.
Дар баробари ин ситоди шаҳрӣ аз сокинон даъват карда, ки ба ҳамсояҳои худ, хонадони худ, ба хурду калон бифаҳмонанд, ки дар тоза кардани назди дару дарвоза ва пушти девори хонаҳояшон саҳм гузоранд.
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Маълум шуд, кай оилаҳои осебдида аз сел дар Тоҷикистон ба хонаҳои нав медароянд
Ёдрас мешавем, ки боронгариҳои рӯзҳои 8 то 11 май, ки гуфта мешавад 9 қурбонӣ бар ҷой гузошт, зиндагии 14 ҳазору 500 нафарро дар вилояти Хатлон душвор кард.
Ин ҳодисаи нохуш ҷони одамонро дар ҳолатҳои гуногун гирифт.
Ҳамин тавр, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд.
Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар фавтиданд, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷрои селоба пайдо карда шуд.
Дар баробари ин, дар шаҳри Ҳисор низ 1 нафар ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ба ҳалокат расид.
Дар ин вилоят 128 хона ба таври комил бар асари сел вайрон шуда ва 400 хонаи дигар ба тармиму бозсозӣ ниёз дорад.
Лентаи хабарҳо
0