Ғарқшавии пирамард ва кӯдаки 4-сола дар Роштқалъа

© Sputnik / Стас ЭтвешТонущий человек, архивное фото
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз марги ду нафар дар як рӯз бар асари ғарқшавӣ дар ноҳияи Роштқалъа хабар дод
ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. КҲФ мегӯяд, дар ноҳияи Роштқалъа пирамарди 65-сола ва кӯдаки чорсола дар як рӯз ғарқ шуда, ҷон додаанд.
Ба иттилои манбаъ, субҳи барвақти 25-уми майи соли 2021 тахминан соати 04:00, як сокини деҳаи Занизи ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа аз хона баромада, бедарак шудааст.
“Баъди ҷустуҷӯҳои зиёд маълум гаштааст, ки номбурда ба кадом сабаби номаълум худро дар оби дарёи Шоҳдара ғарқ кардааст”, - омадааст дар иттилоияи КҲФ.
Объявление купаться запрещено, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2020
Хатарнок: КҲФ ҷойҳои мамнӯъ барои оббозӣ ва истироҳатро нишонгузорӣ мекунад
Манбаъ афзуд, аҳолии деҳа ҷасади марҳумро пайдо ва аз об берун оварда ба соҳибонаш супурдаанд.
Аз марҳум марди 65-сола, падари 7 фарзанд ном бурда шудааст.
Нохушии дигар низ дар ноҳияи Роштқалъа бегоҳи 25-уми май, соати 18:30 дақиқа рух додааст. Ба иттилои КҲФ, духтарчаи 4-сола, сокини ҷамоати деҳоти Сежд, деҳаи Навобод, ки танҳо дар берун бозӣ мекардааст, дар ҷӯйбори назди хонаашон афтидаву ба ҳалокат расидааст.
КҲФ аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки кӯдаконро эҳтиёт кунанду беназорат нагузоранд.
Лентаи хабарҳо
0