Нурмуҳаммадов аз мубориза бо Майвезер ва 100 миллион доллар даст кашид

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкБоец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов
Боец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Обуна шудан
Варзишгар ин тасмимро бо ваъда ба модараш барои бознагаштан ба октагон рабт дод
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Қаҳрамони собиқи UFC дар вазни сабук, Ҳабиб Нурмуҳаммадов аз мубориза бо муштзани маъруф Флойд Майвезери хурдӣ даст кашид.
Дар ин бора менеҷери ӯ Алӣ Абдулазиз ба Sportskeeda хабар додааст.
Ба гуфти ӯ, ба Нурмуҳаммадов барои ин рақобат 100 миллион доллар пешниҳод кардаанд, вале ӯ ба хотири ваъда ба модараш ин пешниҳодро рад кардааст.

"Ба Ҳабиб барои мубориза бо Флойд Мейвезер 100 миллион пешниҳод карданд. Шумо метавонед аз Флойд ё шахси дигар пурсед. Ҳабиб гуфт: "Не, ман рафтам. Ман ба модарам ваъда додам, ки ба корбурди варзишии худ хотима додам ва ба ваъдаам вафо мекунам. Агар модарам ба ман гӯяд, дубора рақобат кунам, ман мекунам, аммо ҳозир ӯ нагуфтааст. Мо модарони худро хеле эҳтиром мекунем", - изҳор дошт ӯ.

Нурмуҳаммадов пас аз шикаст додани муборизи амрикоӣ Ҷастин Гетҷе дар моҳи октябри соли 2020 ба фаъолияти варзишиаш дар UFC хотима дод.
Сабқати Чарлз Оливейра ва Майкл Чандлер: қаҳрамони нави UFC маълум шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2021
Ба ҷои Ҳабиб: Қаҳрамони нави UFC маълум шуд - видео
Варзишкори русиягӣ дар 29 рақобати ММА 29 ғалаба дорад.
Майвезери 44-сола, собиқ қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс дар вазни миёна мебошад.
Дар тӯли фаъолияти худ Флойд дар 50 мубориза 50 ғалаба ба даст овардааст.
Моҳи августи соли 2017 бо ситораи UFC Коннор Макгрегор муштзанӣ кард ва дар даври 10-ум ирландиро нокаут кард.
Лентаи хабарҳо
0