https://sputnik.tj/20210526/horugh-daftari-bonki-eshata-1039772870.html
Бонки Эсхата вориди бозори молиявии ВМКБ мешавад
Бонки Эсхата вориди бозори молиявии ВМКБ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Бонки Эсхата тасмим гирифтааст, ки дар маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон намояндагии худро ифтитоҳ кунад
2021-05-26T21:08+0500
2021-05-26T21:08+0500
2021-06-24T13:14+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
бонк
вмкб
эсхата
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1a/1039772734_0:5:720:410_1920x0_80_0_0_2245702c473a351b5bbaa2923ed2c921.jpg
ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ бо роҳбарияти бонки Эсхата ташкили шӯъбаи минтақавии бонки Эсхата дар шаҳри Хоруғро баррасӣ кардааст. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, дар мулоқоти Ёдгор Файзов бо намояндагони бонки мазкур дастрасии аҳолӣ ба қарзҳои дарозмуддату кӯтоҳмуддат ва пешниҳоди хизматрасониҳои босифат мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Зикр шудааст, ки фаъолияти бонки Эсхата дар дигар минтақаҳои кишвар хеле хуб ба назар мерасад. “Бонки Эсхата яке аз бонкҳои аз ҷиҳати молиявӣ устувор маҳсуб ёфта, ба сегонаи беҳтарин бонкҳои кишвар шомил аст. Он аз 21 филиал ва 163 адад маркази хизматрасонии бонкӣ иборат мебошад”, - омадаст дар иттилоия. Ҳукумати ВМКБ зикр кардааст, ки то ҳол гарчанде фаъолияти бонк дар минтақаҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе хуб ба назар мерасад, дар вилоят ҳанӯз намояндагие надорад. Ёдгор Файзов бо зикри ин ҳолат, барои беҳтар гардонидани хизматрасонии бонкӣ ба мизоҷон ташкили шуъбаи минтакавии бонки Эсхата дар маркази вилоят-шаҳри Хоруғро саривақтӣ хондааст. Ӯ барои ҳамкориҳои судманд ба хотири беҳбуди зиндаги аҳолии вилоят изҳори сипос намуда, намояндагони бонк низ дар навбати худ барои пазироии самимӣ ба раиси вилоят миннатдориро баён намуданд, таъкид шудааст дар иттилоия. Вуруди бонки ҷадид ба бозори молиявии ВМКБ дар ҳолест, ки дар ин минтақа солҳои қабл бештар “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” фаъол буданд, ки ба далели мушкилоти молӣ ахиран аз ҷониби Бонки миллӣ барҳам дода шуданд.
https://sputnik.tj/20210526/mablagh-mushtariyoni-agroinvestbonk-tojiksodirotbonk-pardoht-1039741041.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1a/1039772734_0:0:720:540_1920x0_80_0_0_767d83a23ac33cc4b64be7b173946f08.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дафтар, эсхата, ифтитоҳ
Бонки Эсхата вориди бозори молиявии ВМКБ мешавад
21:08 26.05.2021 (Навсозишуда: 13:14 24.06.2021) Бонки Эсхата тасмим гирифтааст, ки дар маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон намояндагии худро ифтитоҳ кунад
ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ бо роҳбарияти бонки Эсхата ташкили шӯъбаи минтақавии бонки Эсхата дар шаҳри Хоруғро баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, дар мулоқоти Ёдгор Файзов бо намояндагони бонки мазкур дастрасии аҳолӣ ба қарзҳои дарозмуддату кӯтоҳмуддат ва пешниҳоди хизматрасониҳои босифат мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Зикр шудааст, ки фаъолияти бонки Эсхата дар дигар минтақаҳои кишвар хеле хуб ба назар мерасад.
“Бонки Эсхата яке аз бонкҳои аз ҷиҳати молиявӣ устувор маҳсуб ёфта, ба сегонаи беҳтарин бонкҳои кишвар шомил аст. Он аз 21 филиал ва 163 адад маркази хизматрасонии бонкӣ иборат мебошад”, - омадаст дар иттилоия.
Ҳукумати ВМКБ зикр кардааст, ки то ҳол гарчанде фаъолияти бонк дар минтақаҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе хуб ба назар мерасад, дар вилоят ҳанӯз намояндагие надорад.
Ёдгор Файзов бо зикри ин ҳолат, барои беҳтар гардонидани хизматрасонии бонкӣ ба мизоҷон ташкили шуъбаи минтакавии бонки Эсхата дар маркази вилоят-шаҳри Хоруғро саривақтӣ хондааст. Ӯ барои ҳамкориҳои судманд ба хотири беҳбуди зиндаги аҳолии вилоят изҳори сипос намуда, намояндагони бонк низ дар навбати худ барои пазироии самимӣ ба раиси вилоят миннатдориро баён намуданд, таъкид шудааст дар иттилоия.
Вуруди бонки ҷадид ба бозори молиявии ВМКБ дар ҳолест, ки дар ин минтақа солҳои қабл бештар “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” фаъол буданд, ки ба далели мушкилоти молӣ ахиран аз ҷониби Бонки миллӣ барҳам дода шуданд.