https://sputnik.tj/20210526/darguzasht-rajabmad-amirov-1039743755.html
Даргузашти собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон Раҷабмад Амиров
Даргузашти собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон Раҷабмад Амиров
Sputnik Тоҷикистон
Собиқ вазири фарҳанг ва ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон профессор Раҷабмад Амиров аз олам чашм пӯшид.
2021-05-26T10:40+0500
2021-05-26T10:40+0500
2021-05-26T12:34+0500
дар тоҷикистон
собиқ
вазир
даргузашт
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_0:139:2646:1627_1920x0_80_0_0_2b0641ee1c816dbd58b8236d972ccaf3.jpg
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Раҷабмад Амиров дар синни 67-солагӣ, бар асари беморӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.Дар ин бора ҳамкорон ва шогирдонаш дар саҳифаи шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.Гуфта мешавад, марҳум аз дарди ҷигар ранҷ мебурд. Раҷабмад Амиров 28 апрели соли 1954 дар деҳаи Балучои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба дунё омадааст.Амиров солҳои охир ба ҳайси ноиби ректори Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода кор мекард.Марҳум фориғуттаҳсили Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода мебошад. Солҳои 1989-1990 ба ҳайси ректори ин донишкада фаъолият кардааст. Солҳои 2001-2004 муовини аввали вазири фарҳанг ва аз соли 2004 то 2007 вазири фарҳанги Тоҷикистон буд. Соли 2007 дар мақоми ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов низ кор карда буд.Амиров муаллифи зиёда аз 100 асару мақола оид ба масъалаҳои мухталифи фарҳанг мебошад. Ӯ дар таҳияи Қонуни ҶТ "Дар бораи фарҳанг", "Барномаи тайёр кардани кадрҳои соҳаи фарҳанг", "Назарияи рушди фарҳанги Тоҷикистон", "Барномаи тарбияи эстетикии Тоҷикистон" фаъолона иштирок намудааст.Раҷабмад Амиров муаллифи якчанд лоиҳаи байнулмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз қабили Ҷашнвораи байнулмилалии "Садои дилҳо", Ҷашнвораи байнулмилалии "Фалак", Ҷашнвораи байнулмилалии мусиқӣ таҳти унвони "Садои дилрабои Арғунун (соли 2017)" мебошад.Амиров бо медалҳои "Остона"-и Ҷумҳурии Қазоқистон (1999), Ассосиатсияи байналмилалии консертии "Мин-он" Ҷопон (2005), "10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ" (2003) ва ордени Исмоили Сомонӣ (дараҷаи II, соли 2005) қадрдонӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20210429/darguzashti-sobiqadori-matbuot-ahliddin-isoev-1039161524.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_147:0:2499:1764_1920x0_80_0_0_9cac77bca977d1bc87e920668bef1f4d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргузашт, собиқ вазири фарҳанг, раҷабмад амиров
даргузашт, собиқ вазири фарҳанг, раҷабмад амиров
Даргузашти собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон Раҷабмад Амиров
10:40 26.05.2021 (Навсозишуда: 12:34 26.05.2021) Собиқ вазири фарҳанг ва ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон профессор Раҷабмад Амиров аз олам чашм пӯшид
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Раҷабмад Амиров дар синни 67-солагӣ, бар асари беморӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Дар ин бора ҳамкорон ва шогирдонаш дар саҳифаи шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.
Гуфта мешавад, марҳум аз дарди ҷигар ранҷ мебурд.
Раҷабмад Амиров 28 апрели соли 1954 дар деҳаи Балучои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба дунё омадааст.
Амиров солҳои охир ба ҳайси ноиби ректори Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода кор мекард.
Марҳум фориғуттаҳсили Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода мебошад.
Солҳои 1989-1990 ба ҳайси ректори ин донишкада фаъолият кардааст.
Солҳои 2001-2004 муовини аввали вазири фарҳанг ва аз соли 2004 то 2007 вазири фарҳанги Тоҷикистон буд.
Соли 2007 дар мақоми ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов низ кор карда буд.
Амиров муаллифи зиёда аз 100 асару мақола оид ба масъалаҳои мухталифи фарҳанг мебошад. Ӯ дар таҳияи Қонуни ҶТ "Дар бораи фарҳанг", "Барномаи тайёр кардани кадрҳои соҳаи фарҳанг", "Назарияи рушди фарҳанги Тоҷикистон", "Барномаи тарбияи эстетикии Тоҷикистон" фаъолона иштирок намудааст.
Раҷабмад Амиров муаллифи якчанд лоиҳаи байнулмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз қабили Ҷашнвораи байнулмилалии "Садои дилҳо", Ҷашнвораи байнулмилалии "Фалак", Ҷашнвораи байнулмилалии мусиқӣ таҳти унвони "Садои дилрабои Арғунун (соли 2017)" мебошад.
Амиров бо медалҳои "Остона"-и Ҷумҳурии Қазоқистон (1999), Ассосиатсияи байналмилалии консертии "Мин-он" Ҷопон (2005), "10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ" (2003) ва ордени Исмоили Сомонӣ (дараҷаи II, соли 2005) қадрдонӣ шудааст.