https://sputnik.tj/20210429/darguzashti-sobiqadori-matbuot-ahliddin-isoev-1039161524.html
“Илтиҳоби шуш” ё грипп? Даргузашти аккоси маъруфи тоҷик
“Илтиҳоби шуш” ё грипп? Даргузашти аккоси маъруфи тоҷик
Sputnik Тоҷикистон
Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар синни 70-солагӣ, яке аз собиқадорони матбуот, журналисти аксбардор Аҳлиддин Исоев аз олам даргузашт
2021-04-29T21:01+0500
2021-04-29T21:01+0500
2021-04-30T01:42+0500
дар тоҷикистон
душанбе
даргузашт
журналист
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_0:139:2646:1627_1920x0_80_0_0_2b0641ee1c816dbd58b8236d972ccaf3.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Қириншоҳ Шарифзода, рӯзноманигор ва яке аз дӯстони марҳум аз қавли наздикони Исоев ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ тайи се рӯзи ахир дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бистарӣ буд.“Ҳеҷ маълум нашудааст, ки ташхисаш чӣ буд. Яке мегӯяд, зуком, яке дигар тангнафасӣ ё илтиҳоби шуш. Ҳар чӣ набуд, марг ҳақ аст. Мо як суратгири ҳирфаӣ ва инъикосгари таърихи худро аз даст додем. Замоне, ки технологияҳои ҷадид набуданд, маҳз дастгоҳи аккосии ӯ ва дигар ҳампешагонаш тавсире аз таърихи мо, бахусус солҳои 90 – ро боқӣ гузоштанд”, - гуфт Қириншоҳ Шарифзода. Аҳлиддин Исоев узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд ва тамоми мукофоту унвонҳои журалистӣ, аз ҷумла Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ, Аълочии матбуот ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистонро соҳиб шудааст. Аҳлиддин Исоев 3 июли соли 1951 дар ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) таваллуд шуда, корашро дар суратгирӣ аз рӯзномаи “Ҳақиқат”-и ин ноҳия шурӯъ намуд. Баъдтар суратгири стансияи Маркази натуралистони ҷавони шаҳри Душанбе (1975 – 1977), рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон” (1977 – 1988), “Ҷумҳурият” (1988 – 2007) ва “Садои мардум” (2001-2007) буд. Соли 2017 ба нафақа баромад, аммо ҳамоно бо хафтаномаи "Паёми Душанбе" ҳамкорӣ мекард. Ҷанозаи ӯ зуҳри имрӯз дар қабристони маҳаллаи Зарафшон ба хок супурда шуд.
https://sputnik.tj/20210416/darguzashti-mirzo-azizov-hunarpeshai-shinohta-1038518129.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_147:0:2499:1764_1920x0_80_0_0_9cac77bca977d1bc87e920668bef1f4d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, даргузашт, журналист, аҳлиддин исоев
тоҷикистон, даргузашт, журналист, аҳлиддин исоев
“Илтиҳоби шуш” ё грипп? Даргузашти аккоси маъруфи тоҷик
21:01 29.04.2021 (Навсозишуда: 01:42 30.04.2021) Аҳлиддин Исоев, яке аз аккосони ҳирфаӣ ва маъруфи тоҷик дар синни 70 – солагӣ дунёро падруд гуфт
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Қириншоҳ Шарифзода, рӯзноманигор ва яке аз дӯстони марҳум аз қавли наздикони Исоев ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ тайи се рӯзи ахир дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бистарӣ буд.
“Ҳеҷ маълум нашудааст, ки ташхисаш чӣ буд. Яке мегӯяд, зуком, яке дигар тангнафасӣ ё илтиҳоби шуш. Ҳар чӣ набуд, марг ҳақ аст. Мо як суратгири ҳирфаӣ ва инъикосгари таърихи худро аз даст додем. Замоне, ки технологияҳои ҷадид набуданд, маҳз дастгоҳи аккосии ӯ ва дигар ҳампешагонаш тавсире аз таърихи мо, бахусус солҳои 90 – ро боқӣ гузоштанд”, - гуфт Қириншоҳ Шарифзода.
Аҳлиддин Исоев узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд ва тамоми мукофоту унвонҳои журалистӣ, аз ҷумла Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ, Аълочии матбуот ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистонро соҳиб шудааст.
Аҳлиддин Исоев 3 июли соли 1951 дар ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) таваллуд шуда, корашро дар суратгирӣ аз рӯзномаи “Ҳақиқат”-и ин ноҳия шурӯъ намуд. Баъдтар суратгири стансияи Маркази натуралистони ҷавони шаҳри Душанбе (1975 – 1977), рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон” (1977 – 1988), “Ҷумҳурият” (1988 – 2007) ва “Садои мардум” (2001-2007) буд.
Соли 2017 ба нафақа баромад, аммо ҳамоно бо хафтаномаи "Паёми Душанбе" ҳамкорӣ мекард.
Ҷанозаи ӯ зуҳри имрӯз дар қабристони маҳаллаи Зарафшон ба хок супурда шуд.