Ҳисоботи раисон ба Эмомалӣ Раҳмон: аз рафъи офатҳо то мубориза бо малаху кишти картошка

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкОфициальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2021
Обуна шудан
Як қатор раисони шаҳру навоҳии кишвар бо президент телефонӣ суҳбат карданд, ки мавзӯи асосии гуфтугӯяшон рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, кишту ҳосилғундорӣ ва омодагӣ ба ҷашни Истиқлолият будааст
ДУШАНБЕ, 25 май - Sputnik. Бино ба иттилои котиботи президент, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода доир ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Вахш ва Абдураҳмони Ҷомӣ ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон телефонӣ гузориш додааст.
Эмомалӣ Раҳмон супориш додаст, ки барои ҳарчӣ зудтар барқарор кардани иншооти аз офат зарардида, суръати корҳоро тезонанд.

"Зимни суҳбати телефонӣ президент ҳамчунин ба раиси вилояти Хатлон ҷиҳати ҷамъоварӣ ва захираи кофии хошоки дурушти чорво, ҷамъоварии беталафи ғалладонагиҳо, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили мева, сабзавот ва полезиҳо ба хориҷ ва суръатбахшии кишти такрорӣ, супоришҳо додааст", - афзудааст манбаъ.

Раисиҷумҳур ҳамзамон зимни суҳбати телефонӣ ба раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон доир ба андешидани чораҳои таъхирнопазири пешгирикунандаи мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, махсусан малах дар ҳудуди ноҳия, ҷамъоварии хошоки дурушти чорво, таъмини нақшаи кишти такрорӣ, инчунин вусъати корҳои ободонӣ ба ифтихори таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, супоришҳо додааст.
Ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нуробод, Лахш, Сангвор, Файзобод, Мастчоҳи кӯҳӣ, Деваштич ва шаҳри Панҷакент доир ба рафти кишти картошка ва иҷроиши нақшаи кишти ин навъи маҳсулот, ҳисобот додаанд.
Селевой поток в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Аз хонаҳои зери обу лой монда то кӯчонидани аҳолӣ: КҲФ зарари сел дар Хатлону Ҳисорро гуфт
Ба итилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои номбаршуда бо истифода аз ҳамаи имконияту захираҳо вазифаҳои дар наздашон гузоштаро оид ба таъмини нақшаи кишти картошка пурра ва бо сифат таъмин намоянд.
Ҳамчунин раисони шаҳру ноҳияҳо дастур гирифтанд, ки барои истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободонию созандагиро вусъат бахшанд, афзудааст котиботи президент.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 11 май дар пайи боронгариҳои шадид як қатор шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз сел хароб шуд.
Мувофиқи маълумоти пешакии КҲФ, дар паи фаромадани сел дар вилояти Хатлон 8 кас ҷони худро аз даст дод.
Сели мудҳиш ва пайомадҳои он дар Кӯлоб  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Донишгоҳи Кӯлоб барои як сокини аз сел зарардида, манзил месозад
Ҳаимн тавр, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд.
Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрвандон фавтида, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷрои селоба пайдо карда шуд.
Дар баробари ин, дар шаҳри Ҳисор низ 1 нафар ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ба ҳалокат расидааст.
Лентаи хабарҳо
0