https://sputnik.tj/20210514/honaho-ob-loy-khf-zarari-sel-hatlon-hisor-1039440264.html
Аз хонаҳои зери обу лой монда то кӯчонидани аҳолӣ: КҲФ зарари сел дар Хатлону Ҳисорро гуфт
Аз хонаҳои зери обу лой монда то кӯчонидани аҳолӣ: КҲФ зарари сел дар Хатлону Ҳисорро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Дар натиҷаи боронҳои рӯзи 13-уми майи соли ҷорӣ дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ омадани сел ба қайд гирифта шуд
2021-05-14T11:35+0500
2021-05-14T11:35+0500
2021-07-29T16:33+0500
дар тоҷикистон
кҳф
харобӣ
оқибати офатҳои табиӣ
борон
сел
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102268/61/1022686147_0:94:1000:657_1920x0_80_0_0_f76da4674776d4b707285b5da33c06ba.jpg
ДУШАНБЕ,14 май — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, дар пайи боронҳои шадиди рӯзи гузашта ва сатҳи оби канали деҳаи Навобод-2-и ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ҷомӣ боло рафта 77 километр роҳи мошингарди Уялӣ-Ҷомӣ-Ёвонро шустааст, ки ҳаракати мошинҳо муваққатан қатъ шуд.Ҳамзамон дар ин рӯз сел қисман таҳхонаҳои ду хонаи истиқоматӣ дар деҳаи Коммунизм, се қитъаи замини наздиҳавлигии сокинони деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Вахшро аз обу лойоба пур кардааст.Сели 13 май ба сокинони як қатор ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Муъминобод низ зарар расондааст. Дар қаламрави ҷамоати деҳоти Чилдухтарон сел ду пулро қисман хароб кард; дар ҷамоати деҳоти Балхобӣ, дар деҳаҳои Шулулу, Тебалай ва Бобои Ҳабиб лойоба ба се хонаи истиқоматӣ зарар расонд, мавҷи пурхурӯши сел ба таҳхонаи 10 хонаи истиқоматӣ ва 32 қитъаи наздиҳавлигӣ ворид гардид, офат қисман ба се пул зарар расонд. Дар ҷамоати деҳоти Ш.Шоҳин сел 9 қитъаи наздиҳавлигии сокинонро зери об кардааст. Дар деҳаҳои Ваҳдат ва Нурмати ҷамоати деҳоти Ғалабаи ноҳияи Фархор лойоба 28 қитъаи наздиҳавлигии сокинонро пур кард ва оби сел 20 метр роҳи мошингардро шустааст. Ҳамчунин боронҳои пуршиддат ба заминҳои наздиҳавлигии 69 ҷамоати деҳоти шаҳри Ҳисор, аз ҷумла Шарора, Ҳисор, Дурбат зарар расондааст. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон 276 сокини ин маҳаллаҳоро ба маконҳои амн интиқол дода, корҳои тозакориро оғоз кардаанд.Борони пуршиддат кӯчаву бозорҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони шаҳри Турсунзодаро низ аз об пур кардааст, ки ба иттилои КҲФ ҳоло паёмадҳои ин офати табиӣ бартараф карда шудааст. Гуфта мешавад, дар маҳалҳои ёдшуда Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулода фаъолият доранд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
https://sputnik.tj/20210514/10-tavsiyai-khf-baroi-najot-az-sel-1039438392.html
https://sputnik.tj/20210513/dasturi-prezident-general-rahimzoda-kulob-raft-1039415176.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102268/61/1022686147_0:0:1000:750_1920x0_80_0_0_67454f593f9ce7c82a4ab7607e3ff58c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хатлон, ҳисор, сел, зарар, кҳф
хатлон, ҳисор, сел, зарар, кҳф
Аз хонаҳои зери обу лой монда то кӯчонидани аҳолӣ: КҲФ зарари сел дар Хатлону Ҳисорро гуфт
11:35 14.05.2021 (Навсозишуда: 16:33 29.07.2021) Дар натиҷаи боронҳои рӯзи 13-уми майи соли ҷорӣ дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ омадани сел ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ,14 май — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, дар пайи боронҳои шадиди рӯзи гузашта ва сатҳи оби канали деҳаи Навобод-2-и ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ҷомӣ боло рафта 77 километр роҳи мошингарди Уялӣ-Ҷомӣ-Ёвонро шустааст, ки ҳаракати мошинҳо муваққатан қатъ шуд.
"Аз ҷониби хадамоти роҳи вазорати нақлиёти кишвар техникаи махсус ҷудо карда шуд ва паёмадҳои ин офат ба зудӣ бартараф ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуд. Ҳоло барои равуои нақлиёт монеъа нест", - афзудааст манбаъ.
Ҳамзамон дар ин рӯз сел қисман таҳхонаҳои ду хонаи истиқоматӣ дар деҳаи Коммунизм, се қитъаи замини наздиҳавлигии сокинони деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Вахшро аз обу лойоба пур кардааст.
Сели 13 май ба сокинони як қатор ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Муъминобод низ зарар расондааст. Дар қаламрави ҷамоати деҳоти Чилдухтарон сел ду пулро қисман хароб кард; дар ҷамоати деҳоти Балхобӣ, дар деҳаҳои Шулулу, Тебалай ва Бобои Ҳабиб лойоба ба се хонаи истиқоматӣ зарар расонд, мавҷи пурхурӯши сел ба таҳхонаи 10 хонаи истиқоматӣ ва 32 қитъаи наздиҳавлигӣ ворид гардид, офат қисман ба се пул зарар расонд. Дар ҷамоати деҳоти Ш.Шоҳин сел 9 қитъаи наздиҳавлигии сокинонро зери об кардааст.
"Дар ҷамоати деҳоти Гулистон ва ба номи А.Авазови ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон сел ба 100 иншооти ёрирасони сокинон зарар расонд. Аз ҷумла 32 иншоот қисман ва 20 иншооти дигар пурра хароб гардид. Ҳамчунин ду хонаи истиқоматӣ низ қисман зарар диданд",- афзудааст манбаъ.
Дар деҳаҳои Ваҳдат ва Нурмати ҷамоати деҳоти Ғалабаи ноҳияи Фархор лойоба 28 қитъаи наздиҳавлигии сокинонро пур кард ва оби сел 20 метр роҳи мошингардро шустааст.
Ҳамчунин боронҳои пуршиддат ба заминҳои наздиҳавлигии 69 ҷамоати деҳоти шаҳри Ҳисор, аз ҷумла Шарора, Ҳисор, Дурбат зарар расондааст.
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон 276 сокини ин маҳаллаҳоро ба маконҳои амн интиқол дода, корҳои тозакориро оғоз кардаанд.
Борони пуршиддат кӯчаву бозорҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони шаҳри Турсунзодаро низ аз об пур кардааст, ки ба иттилои КҲФ ҳоло паёмадҳои ин офати табиӣ бартараф карда шудааст.
Гуфта мешавад, дар маҳалҳои ёдшуда Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулода фаъолият доранд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.