https://sputnik.tj/20210525/rusiya-aloqa-havoi-bo-panj-kishvar-barqaror-1039720370.html
Русия алоқаи ҳавоӣ бо панҷ кишвари дигарро барқарор мекунад: кадом?
Русия алоқаи ҳавоӣ бо панҷ кишвари дигарро барқарор мекунад: кадом?
Sputnik Тоҷикистон
Русия парвозҳоро бо Арабистони Саудӣ, Исландия, Малта, Мексика ва Португалия барқарор мекунад
2021-05-25T13:35+0500
2021-05-25T13:35+0500
2021-05-25T13:35+0500
арабистони саудӣ
парвозҳои мустақим
алоқаи ҳавоӣ
барқарор кардан
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/07/1034905539_0:97:3073:1825_1920x0_80_0_0_20ddd47fa2420eb31747c371ca5fced1.jpg
ДУШАНБЕ, 25 май - Sputnik. Русия расман парвозҳоро бо панҷ кишвар, ки ба сабаби пандемияи коронавирус дар баҳори соли гузашта қатъ карда шуданд, аз сар мегирад, хабар медиҳад ТАСС. Ҳамин тариқ, ҳаракати ҳавоӣ бо Арабистони Саудӣ, Мексика, Исландия, Малта ва Португалия боз мешавад. Дар айни замон, ин навгонӣ танҳо расмият ҳаст. Қарор дар бораи кушодани робитаи нақлиётӣ аз ҷониби ситоди фаврӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии сирояти нави коронавирус дар Русия гирифта шудааст.Ғайр аз ин, Русия барои васеъ кардани квотаи парвозҳо ба Куреи Ҷанубӣ, Финляндия ва Ҷопон аз минтақаҳои Русия розӣ шуд. Барои оғози парвоз ба Максика танҳо ширкати ҳавоии Azur Air изҳори омдагӣ кардааст, дигар ширкатҳо ҳанӯз дар ин бора чизе нагуфтаанд.Аз обпошӣ то боздошти парвози нав: “Сибир” ба расонидани мусофирони бандмонда оғоз кардҲамзамон, муайян шуда, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Русия барои парвоз ҳафтае ду маротиба аз Маскав ба Рейкявик (Исландия) ва Валлетта (Мальта) 2 парвоз анҷом диҳанд, инчунин 3 парвози дигар ба Канкуни Мексика ва ба пойтахти Португалия - Лиссабон парвоз кунанд. Акнун ширкатҳои хориҷӣ низ метавонанд аз ин шаҳрҳо ба ҳамон миқдор ба Маскав ва Грозний парвоз кунанд. Дар мавриди парвози ҳавопаймоҳо ба Исландия, S7 нақша дошт, ки парвозҳоро дубора барқарор кунад, аммо баъдтар бо сабаби карантини ҳатмии воридшавандагон ба ин кишвар аз ин идея даст кашид. Чунин шароит метавонад ба парвозҳо таъсири назаррас расонад ва онҳоро барои интиқолдиҳандагон аз ҷиҳати тиҷорӣ зиёновар гардонад. Ёдовар мешавем, ки бинобар пандемияи коронавирусӣ, аз 27 марти соли 2020 Русия парвозҳои мунтазам ва чартериро бо дигар кишварҳо қатъ кард, ба истиснои парвозҳои содиротӣ ва борбарӣ. Барқарорсозии тадриҷии парвозҳои байналмилалӣ моҳи августи соли 2020 оғоз шуд. То имрӯз, имкон аст аз Русия ба Миср, АМА, Қатар, Белирус, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Арманистон, Ҳиндустон, Сербия, Швейтсария, Ҷопон, Куреи Ҷанубӣ, Эфиопия, Финляндия, Ветнам, Юнон, Сингапур, Олмон, Венесуэла, Сурия, Куба, Ҷазираҳои Сейшел, Малдив ва Шри-Ланка парвоз кард.Қаблан парвозҳо ба Бритониё, Танзания ва Туркия иҷозат дода мешуд, аммо бинобар вазъи эпидемиологӣ, парвозҳо ба ду кишвари аввал қатъ карда шуданд ва танҳо бо парвозҳои кишвари охирин маҳдуд карда шуданд.
https://sputnik.tj/20210509/uzbekiston-parvoz-qat-kard-1039329639.html
https://sputnik.tj/20210521/vadi-se-shirkati-rusi-arzon-chipta-tojikiston-rusiya-1039648339.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/07/1034905539_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_fe532c19165ea276dc526f2d1b6a650b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
парвозҳо, алоқаи ҳавоӣ, барқарор, русия
парвозҳо, алоқаи ҳавоӣ, барқарор, русия
Русия алоқаи ҳавоӣ бо панҷ кишвари дигарро барқарор мекунад: кадом?
Русия парвозҳоро бо Арабистони Саудӣ, Исландия, Малта, Мексика ва Португалия барқарор мекунад
ДУШАНБЕ, 25 май - Sputnik. Русия расман парвозҳоро бо панҷ кишвар, ки ба сабаби пандемияи коронавирус дар баҳори соли гузашта қатъ карда шуданд, аз сар мегирад,
хабар медиҳад ТАСС.
Ҳамин тариқ, ҳаракати ҳавоӣ бо Арабистони Саудӣ, Мексика, Исландия, Малта ва Португалия боз мешавад.
Дар айни замон, ин навгонӣ танҳо расмият ҳаст. Қарор дар бораи кушодани робитаи нақлиётӣ аз ҷониби ситоди фаврӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии сирояти нави коронавирус дар Русия гирифта шудааст.
Ғайр аз ин, Русия барои васеъ кардани квотаи парвозҳо ба Куреи Ҷанубӣ, Финляндия ва Ҷопон аз минтақаҳои Русия розӣ шуд.
Барои оғози парвоз ба Максика танҳо ширкати ҳавоии Azur Air изҳори омдагӣ кардааст, дигар ширкатҳо ҳанӯз дар ин бора чизе нагуфтаанд.
Ҳамзамон, муайян шуда, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Русия барои парвоз ҳафтае ду маротиба аз Маскав ба Рейкявик (Исландия) ва Валлетта (Мальта) 2 парвоз анҷом диҳанд, инчунин 3 парвози дигар ба Канкуни Мексика ва ба пойтахти Португалия - Лиссабон парвоз кунанд.
"Дар мавриди Арабистони Саудӣ, ҳар ҳафта се парвоз ба Ҷидда низ ба нақша гирифта шудааст. Ҳафтае як маротиба имкон аст, аз Грозний ва Махачқалъа низ ба Ҷидда парвоз кард", - омадааст дар хабар.
Акнун ширкатҳои хориҷӣ низ метавонанд аз ин шаҳрҳо ба ҳамон миқдор ба Маскав ва Грозний парвоз кунанд.
Дар мавриди парвози ҳавопаймоҳо ба Исландия, S7 нақша дошт, ки парвозҳоро дубора барқарор кунад, аммо баъдтар бо сабаби карантини ҳатмии воридшавандагон ба ин кишвар аз ин идея даст кашид.
Чунин шароит метавонад ба парвозҳо таъсири назаррас расонад ва онҳоро барои интиқолдиҳандагон аз ҷиҳати тиҷорӣ зиёновар гардонад.
Ёдовар мешавем, ки бинобар пандемияи коронавирусӣ, аз 27 марти соли 2020 Русия парвозҳои мунтазам ва чартериро бо дигар кишварҳо қатъ кард, ба истиснои парвозҳои содиротӣ ва борбарӣ.
Барқарорсозии тадриҷии парвозҳои байналмилалӣ моҳи августи соли 2020 оғоз шуд. То имрӯз, имкон аст аз Русия ба Миср, АМА, Қатар, Белирус, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Арманистон, Ҳиндустон, Сербия, Швейтсария, Ҷопон, Куреи Ҷанубӣ, Эфиопия, Финляндия, Ветнам, Юнон, Сингапур, Олмон, Венесуэла, Сурия, Куба, Ҷазираҳои Сейшел, Малдив ва Шри-Ланка парвоз кард.
Қаблан парвозҳо ба Бритониё, Танзания ва Туркия иҷозат дода мешуд, аммо бинобар вазъи эпидемиологӣ, парвозҳо ба ду кишвари аввал қатъ карда шуданд ва танҳо бо парвозҳои кишвари охирин маҳдуд карда шуданд.