Ӯзбекистон парвозҳо бо ду кишварро қатъ кард: бо кадом?

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаСамолет "Узбекских авиалиний"
Самолет Узбекских авиалиний - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2021
Обуна шудан
Ин тадбир барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии COVID дар ҷумҳурӣ ва инчунин пешгирӣ аз ворид шудани навъҳои нави ин сироят ба кишвар, андешида шудааст.
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бар зидди паҳншавии коронавирус, парвозҳо ба Ҳиндустон ва Туркияро ба далели афзоиши теъдоди гирифторон ба ин беморӣ, муваққатан маҳдуд кард, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Гуфта мешавад, ки ин тадбир барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии COVID дар ҷумҳурӣ ва пешгирӣ аз ворид шудани штаммҳои нави ин сироят ба Ӯзбекистон андешида шудааст.
Город Стамбул, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Туркия маҳдудияти сартосарӣ ҷорӣ мекунад: аз кай то кай?
Ҳамин тариқ, аз 5 май то 1 июни соли 2021 парвозҳо аз Истамбул ба Фарғона, Урганҷ ва Самарқанд бекор карда шуданд.
Ғайр аз ин, ҳама парвозҳои чартерӣ ба Ҳиндустон ва Туркия аз 10 май то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ин кишварҳо боздошта мешаванд.
Дар баробари ин, тасмим гирифта шуд, ки аз 10 майи соли равон шумораи парвозҳо аз Тошканд ба Истамбул бар асоси паритетӣ (бар асоси талабот) коҳиш дода шавад.
Қайд карда мешавад, мусофироне, ки аз Ҳиндустон ва Туркия меоянд, бояд маҷбур барои худинзивоъии дуҳафтаина дар хона ё меҳмонхона дастхат нависанд.
На улицах Индии сжигают трупы умерших от COVID-19 - youtube
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Бедодгариҳои коронавирус дар Ҳиндустон: ҷасадҳо дар кӯчаҳо сӯзонида мешаванд - видео
Ғайр аз ин, ҳамаи шаҳрвандоне, ки аз Ҳиндустон ё Туркия ба Ӯзбекистон ворид мешаванд, вазифадоранд, ки дар фурудгоҳ аз ҳисоби маблағҳои аз буҷаи давлатии ҷумҳурӣ ҷудошуда аз ташхиси ПЦР гузаранд.
Агар натиҷа мусбат бошад, бемор дар тӯли 18 соат ба табобат фаро гирифта мешавад. Дар сурати манфӣ будан, шахс 14 рӯз карантин мешавад.
Лентаи хабарҳо
0