Раъду барқ ва жолаву борон: пешгӯии дақиқи ҳавошинсон барои 24 май

© Pixabay/NickyPeПрогулка в дождливую погоду
Прогулка в дождливую погоду - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят бориши борон ва барф ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4+9 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда бориши сусти борон ба амал меояд. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ мешавад. Боридани жола аз эҳтимол дур набуда, дар ағбаҳо туман мефарояд.
Селевой поток - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Ҳушдори Агентии обуҳавошиносӣ аз борону сел давоми се рӯзи оянда
Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои водигӣ бориши сусти борон дар назар аст. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола дар назар аст.
Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
"Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Дар ағбаҳо туман фаромада, бориши жола пегбинӣ шудааст",- гуфтааст манбаъ.
Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал омада, туман мефарояд. Ҳаво шабона 13+15 ва рӯзона 28+30 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0