Ҳушдори Агентии обуҳавошиносӣ аз борону сел давоми се рӯзи оянда

© Фото / Улан МаккамбаевСелевой поток
Селевой поток - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Обуна шудан
То санаи 22 май ҳаво дар Тоҷикистон номусоид хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 20 мая — Sputnik. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон сокинони кишварро аз ҳавои номусоид ҳушдор медиҳад.
Ба иттилои ин ниҳод аз 20 то 22 май дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд.
Дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ омадани сел аз эҳтимол дур нест, афзудааст манбаъ.
Клумба в одном из парков  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Борону раъду барқ: пешгӯии дақиқи обу ҳавои Тоҷикистон барои 20 май
Тибқи иттилои манбаъ, 20-23 май дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш (Сурхоб), Обихингоб, Зарафшон ва Исфара баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Мавриди зикр аст, ки тайи моҳи май дар пайи номусоидии боду ҳавои кишвар ва фаромадани сел, дастикам 9 нафар ҷон аз даст доданд.
Ҳамзамон дар баробари талафоти ҷонӣ хисороти иқтисодӣ ва харобиҳои зиёдеро низ дар пай дошт.
Лентаи хабарҳо
0