Гап партофтанд – нашуд, мушт зад: ҳабси 2 ҷавон барои кӯфтани 3 хоҳар пеши хонаашон–видео

© Sputnik / Амир ИсаевВечерний Душанбе. Архивное фото
Вечерний Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Обуна шудан
Гаштугузори шомгоҳии се хоҳар пеши хонаашон дар Душанбе ба лутукӯб аз ҷониби ду ҷавони “гаппарто” оварда, кор то милиса ва парвандаи ҷиноӣ расидааст
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе аз боздошти ду ҷавон хабар дод, ки дар латукӯби се хоҳар дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии пойтахт айбдор мешаванд. Навори латукӯб ва боздошти муттаҳамон низ нашр гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, ба идораи милиса 3 хоҳар муроҷиат карда, изҳор доштаанд, ҷавонписарон ҳангоми гаштугузорашон дар кучаи Ҳофизи Шерозӣ гаппартоӣ намуда, бо алфози қабеҳ дашном ва ҳамзамон мавриди латукуб қарор додаанд. Дар натиҷа яке аз ҷавонзанон ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст, омадааст дар иттилоия.
Бегов Ҷаҳонгир Далаталиевич, боздоштшуда барои дашноми духтарон дар маркази Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Дашноми духтароне, ки ба лексуссаворҳо не гуфтанд: ҳабси муттаҳамон - аксу видео
Мақомоти дохилӣ мегӯянд, дар пайи кофтукоб муайян карда шуд, ки ҷавонони дар навор инъикосёфта сокинони 24 ва 25-солаи кӯчаи Испечаки шаҳри Душанбе мебошанд.
Муайян шуд, ки 14-уми май, тақрибан соати 20:30 ин ду ҷавон ҳангоми дар назди манзили истиқоматии ҷабрдидагон дар кӯчаи Ҳ.Шерозӣ қарор доштан, нисбати ин 3 хоҳар, гаппартоӣ ва суханони қабеҳ гуфта, онҳоро озор доданд, омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки яке аз муттаҳамон бо ин қаноат накарда, ҷавондухтаронро мушту лагад зада, ба яке аз онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ расондааст.
Раёсати умури дохилӣ мегӯяд, алайҳи ин ду ҷавон барои авбошӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Назари бевоситаи худи айбдоршавандаҳо дар мавриди қазия ва иттиҳоми эълонкардаи мақомот феълан маълум нест.
Муҷозоти ҷавонписарон барои ба истилоҳ гаппартоӣ дар Тоҷикистон баъди он шиддат гирифт, ки гуруҳи занон аз мақомоти кишвар хостанд, онҳоро аз озори лафзии бархе ҷавонон дар кӯчаю хиёбонҳои ҷумҳурӣ ҳимоят намоянд. Дар пайи ин нашри аксу наворҳои афроде, ки дар хиёбонҳо ба гаппартоӣ ва озори духтарон даст мезананд, аз ҷониби мақомот афзоиш ёфт.
Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ алайҳи нашри аксу наворҳои чунин ҷавонҳо дар сомонаҳо баромад карда, изҳор медоранд, ки танҳо бо ҷарима бояд иктифо карда шавад.
Гуруҳи дигар мегӯянд, бигузор аксу наворҳои муттаҳамон дар озори лафзии духтарон дар шабакаҳо нашр гарданд, то барои дигарон дарс шавад.
Лентаи хабарҳо
0