"Қаллобии махсусан калон": боздошти раис барои фиреби "Вавилон-Мобайл”-у “Интерком"

© Sputnik / Амир ИсаевМилиционеры в Душанбе, архивное фото
Милиционеры в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилӣ аз боздошти як нафар дар шаҳри Душанбе бо иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон хабар додааст
ДУШАНБЕ, 22 май - Sputnik. Раиси яке аз биноҳои Душанбе ба иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон дастгир шуд, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ӯ ду ширкати калони алоқа, "Вавилон-Мобайл” ва “Интерком" ва 70 сокини биноро фиреб кардааст.
Девушка за рулем автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Зане, ки савори “Ренҷровер” дар Душанбе мегашт, ба қаллобӣ айбдор шуд
Тавре манбаъ менависад, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 55-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намуда, аз раиси бинои №41 кӯчаи А.Синои ҳамин ноҳия шикоят бурдааст.
Гуфта мешавад, гумонбаршаванда, марди 33-солаи сокини ноҳияи Сино, муддати 14 моҳ аз 70 нафар истиқоматкунандагони бинои мазкур ва ширкатҳои "Вавилон-Мобайл” ва “Интерком" 49 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бинои мазкурро таъмир мекунад.
Аммо маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2020, дар кӯчаи Ҳисор, марди 28-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи "Тайота-Каролла"-ро ба маблағи 130 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол онро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0