ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Ширкаткунандагон дар ин нишаст нақши раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дар истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон баррасӣ карданд.
Барои ширкат дар ин мизи гирд мудири Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ва профессори Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Фарҳангистони улуми ҶТ Абдунабӣ Сатторзода даъват шуданд.
Пас аз намоиши филме мустанад дар бораи роҳҳои расидан ба оштиву зиндагии осоишта, сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов нишастро оғоз кард ва Рӯзи ваҳдати миллиро ба ширкаткунандагон табрик гуфт.
Вай дар суханронии худ роҳи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз замони расидан ба раҳбарии Тоҷикистон то ба боз овардани оромӣ ва оштӣ ба кишвари ҷангзадаро ёдоварӣ кард ва гуфт: "Бисёре аз дастовардҳои мардуми тоҷикон дар заминаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон бо номи Эмомалӣ Раҳмон гиреҳ хӯрдаанд".
"Ҷойгоҳи шоистаи Тоҷикистон дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ, нақши кишвар дар ҳалли буҳронҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ аз дигар дастовардҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Аз ин рӯ, расман Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат хонда шудани Эмомалӣ Раҳмон арзёбии мардуми тоҷик аз дастовардҳо ва арҷгузорӣ ба
Худобердӣ Холиқназар, мудири Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдӣ, ки дар гуфтушунидҳои оштиҷӯёнаи давлату мухолифин ширкат дошта, бархе аз ҷузъиёти онҳоро бозгӯ кард.
Чунончи, вай гуфт, замоне, ки Толибон дар соли 1996 бахше бузург аз Афғонистонро гирифта буд ва давлати он кишвар дар вилояти Тахор мустақар шуда буд, қарор буд, ки яке аз давраҳои музокирот дар Хӯстдеҳ дар он вилоят баргузор шавад.
"Ҳайъатҳои музокиракунандаи давлату мухолифин аз Машҳад бо ҳавопаймо сӯи Тахор парвоз карданд, вале дар ҳавои Ҳирот ҷангандаҳои "Толибон" моро водор ба фуруд омадан карданд. Раҳбарони "Толибон", ки бо Алқоида иртибот доштанд, намегузоштанд, ки мо ба Тахор биравем. Мулло Умар, раҳбари "Толибон", ҳавопаймо фиристод ва ҳайъати Иттиҳодияи мухолифин Кандаҳор рафт, аммо ҳайъати давлатӣ дар Ҳирот монд. Пас аз ду рӯз тавонистем Тахор бирасем ва музокиротро анҷом бидиҳем. Он замон Покистон намехост, ки тоҷикон оштӣ кунанд", — гуфт вай.
Ӯ ҳамчунин гуфт, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин гомҳояш дар сиёсат худро "сиёсатмадоре қавиирода ва дурандеш" нишон дод ва дар роҳи расидани тоҷикон ба оромиву оштӣ ҷонбозиҳо кард.
Профессор Абдунабӣ Сатторзода аз амалиёти сулҳофаринии Созмони милали муттаҳид ёд кард ва сулҳи Тоҷикистонро "яке аз амалиёти муваффақи сулҳофаринии СММ" хонд.
"Далели аслии комёб шудани оштигарии СММ дар Тоҷикистон ин буд, ки талошҳои оштихоҳонаи он созмон бо манофеъи миллии худи тоҷикон ва кишварҳои Русия ва Эрон, ки дар ҳалли ихтилофи тоҷикон ҳамсуд буданд, созгор омад", — гуфт вай.
"Барои он ки аз таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон сабақҳои даркорӣ гирифта бошем ва дигар ба иштибоҳоте, ки солҳои 1990-ум карда будем, роҳ надиҳем, онро бояд ҳамаҷониба омӯхт ва дар мактабу донишгоҳҳо омӯзонд. Инак чанд соз аст, ки дар донишкадаи равобити байналмилали Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарси "Таҷрибаи сулҳи тоҷикон" таълим дода мешавад", — таъкид кард профессор Сатторзода.