https://sputnik.tj/20210521/sarboz-milisa-pulemyot-parond-bozdosht-sokin-varzob-1039609651.html
4 сарбозу як милисаро бо пулемёт паронд: боздошти сокини Варзоб барои ҷинояти 26 сол пеш
4 сарбозу як милисаро бо пулемёт паронд: боздошти сокини Варзоб барои ҷинояти 26 сол пеш
Sputnik Тоҷикистон
Номбурда дар дидбонгоҳи деҳаи Чорсадаи ноҳияи Нуробод бо “Калашников” чор нафар сарбозони қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилӣ ва як милисаро парондааст
2021-05-21T11:17+0500
2021-05-21T11:17+0500
2021-07-07T18:39+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вкд
куштор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102756/97/1027569719_0:3:1036:586_1920x0_80_0_0_714167da09654598099935b5f58c69b6.jpg
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Кормандони милиса мардеро боздошт намуданд, ки 26 сол пеш дар қатли чор сарбозу як пулис даст доштааст.Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, боздоштшуда сокини деҳаи Деҳмалики ноҳияи Варзоб мебошад.Ин ниҳод ному насаб ва маълумоти бештар дар мавриди боздоштшударо нашр накардааст.Манбаъ танҳо синну соли нафари муттаҳам дар қатли 5 нафарро овардааст, ки 50 сол доштааст.Гуфта мешавад, номбурда санаи 13 майи соли 1995 ҳангоми дар дидбонгоҳи деҳаи Чорсадаи ноҳияи Нуробод қарор доштанаш бо истифода аз пулемёти тамғаи “Калашников” чор нафар хизматчии ҳарбӣ, сарбозони қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қатл расондааст.Ҳамчунин аз тири ин мард, як корманди ШВКД дар ноҳияи Нуробод низ кушта шудааст.ВУД Тоҷикистон мегӯяд, оид ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида,, тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210219/kuja-komandir-tajovuz-muttaham-1032854575.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102756/97/1027569719_126:0:910:588_1920x0_80_0_0_94928bb6c27041d08b7e7d6b0cb8d46f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
тоҷикистон, вкд, ҷиноят, куштор
тоҷикистон, вкд, ҷиноят, куштор
4 сарбозу як милисаро бо пулемёт паронд: боздошти сокини Варзоб барои ҷинояти 26 сол пеш
11:17 21.05.2021 (Навсозишуда: 18:39 07.07.2021) Кормандони милиса як ҷинояти одамкуширо ошкор намудаанд, ки соли 1995 иттифоқ афтодааст
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Кормандони милиса мардеро боздошт намуданд, ки 26 сол пеш дар қатли чор сарбозу як пулис даст доштааст.
Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, боздоштшуда сокини деҳаи Деҳмалики ноҳияи Варзоб мебошад.
Ин ниҳод ному насаб ва маълумоти бештар дар мавриди боздоштшударо нашр накардааст.
Манбаъ танҳо синну соли нафари муттаҳам дар қатли 5 нафарро овардааст, ки 50 сол доштааст.
Гуфта мешавад, номбурда санаи 13 майи соли 1995 ҳангоми дар дидбонгоҳи деҳаи Чорсадаи ноҳияи Нуробод қарор доштанаш бо истифода аз пулемёти тамғаи “Калашников” чор нафар хизматчии ҳарбӣ, сарбозони қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қатл расондааст.
Ҳамчунин аз тири ин мард, як корманди ШВКД дар ноҳияи Нуробод низ кушта шудааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, оид ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида,, тафтишот идома дорад.