https://sputnik.tj/20210219/kuja-komandir-tajovuz-muttaham-1032854575.html
Хӯҷа - Командир дар таҷовуз ба номус ҳам муттаҳам мешавад
Хӯҷа - Командир дар таҷовуз ба номус ҳам муттаҳам мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Парвандаи Хӯҷа Каримов маъруф ба номи Хӯҷа- Командир аллакай ба суд ирсол шудааст. Ӯ дар содир намудани 20 ҷинояти куштор муттаҳам дониста мешавад 19.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-19T12:04+0500
2021-02-19T12:04+0500
2021-07-07T18:38+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
вкд
парванда
таҷовузи ҷинсӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103073/04/1030730453_0:0:1389:782_1920x0_80_0_0_fc648e26ea2d3e03165ecd3f29086d91.jpg
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, Хӯҷа Каримов дар баробари даст доштан дар 20 ҳолати куштор, ҳамчунин дар таҷовуз ба номус низ муттаҳам дониста мешавад.Раҳимзода имрӯз зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки бар иловаи 20 ҷинояте, ки Хӯҷа - Командир дар содир кардани онҳо муттаҳам дониста мешавад, ҳамчунин дар дасти онҳо санҷишҳое мавҷуданд, ки ҷиноятҳои дигари ин нафарро бозгӯ мекунанд.Ба гуфтаи ӯ, боздоштшуда дар чанд ҳолати нав, аз ҷумла таҷовуз ба номус, гаравгонгирӣ ва куштор муттаҳам шуда, ин маводҳо низ барои барраси ба прокуратура ирсол хощанд шуд.Ёдовар мешавем, ки Додситонии куллӣ Тоҷикистон парвандаи ҷиноии Хӯҷа Каримовро ниҳоӣ намуда, ба додгоҳ ирсол кард.Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки Хӯҷа Каримов дар "20 ҷинояти куштор айбдор дониста мешавад".Парвандаи Хӯҷа Каримов ё "Хӯҷа-Командир" ҳанӯз соли 2008 оғоз шудааст. Ӯ бар асоси 7 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла бандитизм, одамкушӣ, азобу уқубат, шиканҷа, гаравгонгирӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон муттаҳам мешуд ва дар кофтукови расмӣ қарор дошт.Иттиҳоми нав дар парвандаи Хӯҷа Командир: ба пой ва бадани марди 62 - сола тир холӣ кардХӯҷа Каримов яке аз фармондеҳони Фронти халқӣ буд, ки дар замони ҷанги дохилӣ ноҳияи Ғозималики собиқ (ҳоло Хуросон) ва навоҳии атрофи онро таҳти назорат дошт.Каримовро дар оғози моҳи феврал аз Дубай ба Душанбе истирдод ва тафтиши парвандаашро оғоз карданд. Аз рӯи иттиҳомҳое, ки мақомот нисбат ба Хӯҷа Каримов эълон кардаанд, ба ӯ солҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.
https://sputnik.tj/20200714/Yusuf-Rahmon-Taftishi-parvandai-Khuja---Komandir-anz-nihoi-nashudaast--1031568198.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103073/04/1030730453_0:0:1389:1042_1920x0_80_0_0_0ad8dd89507805e81fd3d7037b08ee11.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, вкд, парванда, таҷовузи ҷинсӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, вкд, парванда, таҷовузи ҷинсӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Хӯҷа - Командир дар таҷовуз ба номус ҳам муттаҳам мешавад
12:04 19.02.2021 (Навсозишуда: 18:38 07.07.2021) Парвандаи Хӯҷа Каримов маъруф ба номи Хӯҷа- Командир аллакай ба суд ирсол шудааст. Ӯ дар содир намудани 20 ҷинояти куштор муттаҳам дониста мешавад
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, Хӯҷа Каримов дар баробари даст доштан дар 20 ҳолати куштор, ҳамчунин дар таҷовуз ба номус низ муттаҳам дониста мешавад.
Раҳимзода имрӯз зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки бар иловаи 20 ҷинояте, ки Хӯҷа - Командир дар содир кардани онҳо муттаҳам дониста мешавад, ҳамчунин дар дасти онҳо санҷишҳое мавҷуданд, ки ҷиноятҳои дигари ин нафарро бозгӯ мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, боздоштшуда дар чанд ҳолати нав, аз ҷумла таҷовуз ба номус, гаравгонгирӣ ва куштор муттаҳам шуда, ин маводҳо низ барои барраси ба прокуратура ирсол хощанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки Додситонии куллӣ Тоҷикистон парвандаи ҷиноии Хӯҷа Каримовро ниҳоӣ намуда, ба додгоҳ ирсол кард.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки Хӯҷа Каримов дар "20 ҷинояти куштор айбдор дониста мешавад".
Парвандаи Хӯҷа Каримов ё "Хӯҷа-Командир" ҳанӯз соли 2008 оғоз шудааст. Ӯ бар асоси 7 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла бандитизм, одамкушӣ, азобу уқубат, шиканҷа, гаравгонгирӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон муттаҳам мешуд ва дар кофтукови расмӣ қарор дошт.
Хӯҷа Каримов яке аз фармондеҳони Фронти халқӣ буд, ки дар замони ҷанги дохилӣ ноҳияи Ғозималики собиқ (ҳоло Хуросон) ва навоҳии атрофи онро таҳти назорат дошт.
Каримовро дар оғози моҳи феврал аз Дубай ба Душанбе истирдод ва тафтиши парвандаашро оғоз карданд. Аз рӯи иттиҳомҳое, ки мақомот нисбат ба Хӯҷа Каримов эълон кардаанд, ба ӯ солҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.