https://sputnik.tj/20210521/rahmon-stipendiyai-donishjuyon-baland-1039637581.html
Эмомалӣ Раҳмон ваъда дод, ки стипендияи донишҷӯёнро баланд мекунад
Эмомалӣ Раҳмон ваъда дод, ки стипендияи донишҷӯёнро баланд мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Дар соли нави таҳсил стипендия барои донишҷӯён дар Тоҷикистон сеяк зиёд карда мешавад
2021-05-21T16:11+0500
2021-05-21T16:11+0500
2021-05-21T18:49+0500
дар тоҷикистон
донишҷӯён
стипендия
ҷавонон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/19/1032691689_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_49278b16dc6ebf8242fcc8fef8337e66.jpg
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни табрикоти насли ҷавон бо Рӯзи ҷавонон, аз афзоиши қарибулвуқӯи стипендия барои донишҷӯён хабар дод. Ҳамин тариқ, сарвари ҷумҳурӣ аз афзоиши пардохтпулиҳо ба донишҷӯён хабар дод, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти сарвари Тоҷикистон.Раҳмон инчунин аз афзоиши шумори стипендияҳои президентӣ хабар дод. Ҳамин тариқ, теъдоди стипендияҳо барои мактаббачагон аз 400 ба 3000, барои муҳассилини мактабҳои миёна ва олӣ аз 100 ба 500 зиёд шудааст.Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ низ ҳамакнун ба аспирантон ба ҷойи понздаҳ, 50 стипендия мегиранд.Ба гуфтаи раисиҷумҳур, шумораи квотаҳои президентӣ барои ҷавонон аз 200 ба 1252 афзоиш ёфтааст.Сарвари давлат инчунин қайд кард, ки имрӯз зиёда аз 40 ҳазор донишҷӯён, магистрҳо, аспирантҳо ва докторантони мо дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд. Ба гуфтаи вай, дар шароити рушди босуръати илму техника яке аз вазифаҳои муҳим баланд бардоштани сатҳи маърифат ва саводнокии ҷавонон аст. "Бояд ҷавононро ба омӯзиши илму донишҳои муосир ҷалб кард. Ҳадафи мо дарёфти ҷойгоҳи сазовор ва муносиб дар ҷомеаи мутамаддин ва пешрафта аст", - гуфт Раҳмон. Бояд гуфт, ки имрӯз дар Тоҷикистон 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мавҷуд аст, ки 245 ҳазор донишҷӯро фаро мегиранд.Аз ҷумла, 17 донишгоҳ, 14 донишкада, як академия, се филиали донишгоҳҳои Русия, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Исфара, Консерваторияи миллӣ ва чор муассисаи таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амният мавҷуданд. Зимнан, соли 1992 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи олии таълимӣ мавҷуд буд, ки дар онҳо 70 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекарданд.
https://sputnik.tj/20210521/nigaroni-rahmon-jinoyatkori-honandagon-1039616329.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/19/1032691689_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_571a20de949c3b4aaaf3eb3d8e7da8fc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, стипендия, донишҷӯён, мактабҳои олӣ
эмомалӣ раҳмон, стипендия, донишҷӯён, мактабҳои олӣ
Эмомалӣ Раҳмон ваъда дод, ки стипендияи донишҷӯёнро баланд мекунад
16:11 21.05.2021 (Навсозишуда: 18:49 21.05.2021) Дар соли нави таҳсил стипендия барои донишҷӯён дар Тоҷикистон зиёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни табрикоти насли ҷавон бо Рӯзи ҷавонон, аз афзоиши қарибулвуқӯи стипендия барои донишҷӯён хабар дод.
Ҳамин тариқ, сарвари ҷумҳурӣ аз афзоиши пардохтпулиҳо ба донишҷӯён хабар дод, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти сарвари Тоҷикистон.
"Бо мақсади дастгирии давлат ва таҳкими вазъи иҷтимоии донишҷӯён, магистрҳо, аспирантҳо ва докторантҳо аз 1 сентябри соли 2021 стипендия 30% зиёд карда мешавад", - гуфт раҳбари Тоҷикистон дар суханонии табрикотии худ.
Раҳмон инчунин аз афзоиши шумори стипендияҳои президентӣ хабар дод.
Ҳамин тариқ, теъдоди стипендияҳо барои мактаббачагон аз 400 ба 3000, барои муҳассилини мактабҳои миёна ва олӣ аз 100 ба 500 зиёд шудааст.
Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ низ ҳамакнун ба аспирантон ба ҷойи понздаҳ, 50 стипендия мегиранд.
Ба гуфтаи раисиҷумҳур, шумораи квотаҳои президентӣ барои ҷавонон аз 200 ба 1252 афзоиш ёфтааст.
Сарвари давлат инчунин қайд кард, ки имрӯз зиёда аз 40 ҳазор донишҷӯён, магистрҳо, аспирантҳо ва докторантони мо дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд.
Ба гуфтаи вай, дар шароити рушди босуръати илму техника яке аз вазифаҳои муҳим баланд бардоштани сатҳи маърифат ва саводнокии ҷавонон аст.
"Бояд ҷавононро ба омӯзиши илму донишҳои муосир ҷалб кард. Ҳадафи мо дарёфти ҷойгоҳи сазовор ва муносиб дар ҷомеаи мутамаддин ва пешрафта аст", - гуфт Раҳмон.
Бояд гуфт, ки имрӯз дар Тоҷикистон 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мавҷуд аст, ки 245 ҳазор донишҷӯро фаро мегиранд.
Аз ҷумла, 17 донишгоҳ, 14 донишкада, як академия, се филиали донишгоҳҳои Русия, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Исфара, Консерваторияи миллӣ ва чор муассисаи таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амният мавҷуданд.
Зимнан, соли 1992 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи олии таълимӣ мавҷуд буд, ки дар онҳо 70 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекарданд.