Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Даъвати Манижа аз мухлисон барои овоздиҳӣ ба ду кишвар дар Евровидение - 2021

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкМеждународный конкурс песни "Евровидение-2021"
Международный конкурс песни Евровидение-2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Обуна шудан
Дар ҷараёни даври дуюми нимниҳоии озмуни Eurovision - 2021, намояндаи Русия Манижа якбора ба ду ҳунарманд афзалият дод ва ҳатто хоҳиш кард, ки онҳоро бо овоздиҳӣ дастгирӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Иштирокчии Евровидение - 2021 аз Русия Манижа аз мухлисон даъват кард, ки ба Исландия ва Молдова овоз диҳанд.
Дар ин бора Манижа дар сториси Instagram - аш гуфт.
Зодаи Тоҷикистон, дар ҷараёни даври дуюми нимниҳоӣ, иштирокчиёни озмунро мухлисӣ мекард ва ҳатто видеоеро дар шабакаи иҷтимоӣ нашр кард.
Россиянка Манижа выступает во время первого полуфинала 65-го конкурса Евровидение-2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Манижа дар финали Eurovision 2021 таҳти рақами 5 баромад мекунад
Ҳамин тавр, Манижа ду маротиба муштариёнро даъват кард, ки аввал ба Исландия ва сипас ба иштирокчӣ аз Молдова овоз диҳанд.
"Исландияро дастгирӣ кунед. Рақами 8", - навиштааст ӯ.
Вақти баромади иштирокчӣ аз Молдова, ӯ ҳамчунин даъват кард, ки ба ҷонибдорӣ аз шогирди овозхони рус, Филипп Киркоров - Наталя Гордиенко овоз диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Роттердам даври дуюми нимфиналии озмуни Евровидение - 2021 баргузор шуд ва пас аз он маълум шуд, ки овозхон Манижа дар финали озмун зери рақами панҷум баромад мекунад.
Дигарон нимбараҳна, Манижа бо рӯймол: намояндаи Русия Евровидение - 2021 - ро тоҷикӣ кард
Ғолибони марҳилаи дуввум Албания, Сербия, Булғористон, Молдова, Португалия, Исландия, Сан-Марино, Швейтсария, Юнон ва Финландия буданд.
Четырехметровый трофей Евровидения, напечатанный на 3D-принтере из переработанного ПЭТ-материала - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Исми 10 ғолиби даври дуввуми нимниҳоӣ дар Евровидение - 2021 маълум шуд
Пештар маълум шуд, ки яке аз аъзои гурӯҳи Daði og Gagnamagnið аз Исландия ва намояндаи Полша, гирифтори коронавирус шудаанд. Сарояндагон аз Руминия ва Малта, ки дар як меҳмонхона бо онҳо зиндагӣ мекарданд, ҳамроҳ ба худинзивоӣ рафтанд.
Ғайр аз ин, бо сабаби коронавирус, овозхон Монтен аз Австралия омада натавонист.
Даври ниҳоии Евровидение - 2021 рӯзи 22 май дар Роттердам баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0