Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Кӣ ғолиби Евровидение - 2021 мешавад: рейтинги букмекерҳо

© AP / Sebastian ScheinerМикрофон с конкурса Евровидение
Микрофон с конкурса Евровидение - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Обуна шудан
Пас аз даври дуюми нимниҳоӣ, фикри букмекерҳо дар бораи барандаи Евровидение - 2021 тағйир наёфт
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Ҷойи аввалро дар рейтинги букмекерҳои байнулмилалӣ рок гурӯҳи итолиёӣ - Måneskin бо суруди Zitti E Buoni ишғол мекунад.
Чунин маълумот дар портали EuroINvision пешниҳод шудааст.
Имконияти пирӯзии итолиёиҳо 21%, баробар ба эҳтимолияти ба даст овардани ҷоизаи асосӣ барои овозхони фаронсавӣ Барбара Правӣ бо композитсияи Voilà ҳисоб карда мешавад. Тибқи иттилои манбаъ, Правӣ дар феҳрасти ғолибони эҳтимолӣ дар ҷои дуюм қарор долрад.
Дар ҷои сеюм букмекерҳо намояндаи Малта Тақдири Чукуниераро бо суруди Je Me Casse ҷойгир карданд. Пас аз даври дуввуми нимниҳоӣ, ӯ як мавқеъашро аз даст дод ва имкони пирӯзиаш ба 18% баробар шуд.
Российско-таджикская певица и автор песен Манижа поет во время второй репетиции первого полуфинала конкурса песни Евровидение в Роттердаме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Дигарон нимбараҳна, Манижа бо рӯймол: намояндаи Русия Евровидение - 2021 - ро тоҷикӣ кард
Ҷои чорумро Gears's Tears аз Швейтсария ва панҷумро Go_A аз Украина ишғол кардаанд.
Тибқи гуфтаи букмекерҳо, намояндагони ин кишварҳо метавонанд бо эҳтимоли 9 ва 8% дар Eurovision - 2021 ғолиб оянд.
Даври дуюми нимниҳоӣ ба пешгӯии букмекерҳо нисбати намояндаи Русия Манижа Сангин таъсири манфӣ расонд. Ҳамин тавр, ӯ аз ҷои 10-ум ба 15-ум гузашт.
Имконияти пирӯзии Манижаро дар Eurovision - 2021 то ҳол таҳлилгарон 1% ҳисоб мекунанд.
Ба даҳгонаи беҳтарин инчунин ҳунармандон аз Исландия, Финляндия, Булғористон, Сан-Морино ва Кипр шомиланд.
Четырехметровый трофей Евровидения, напечатанный на 3D-принтере из переработанного ПЭТ-материала - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Исми 10 ғолиби даври дуввуми нимниҳоӣ дар Евровидение - 2021 маълум шуд
Ёдовар мешавем, ки дар ин радабандӣ рейтингҳои 15 букмекери байналмилалӣ ба назар гирифта мешавад.

Манижа дар Евровидение - 2021

Манижа зодаи Тоҷикистон аст, ки бо суруди Russian Woman дар Евровидение - 2021 Русияро муаррифӣ мекунад.
Ҳунарнамоии ӯ дар даври аввали нимфинал миқдори зарурии овозҳоро барои ба даври ниҳоӣ баромадан гирифт.
Ҳунарнамоии ғайриодии овозхон тамошобинонро ба ваҷд овард: Манижа бо либоси азиме, ки матоҳояш аз манотиқи гуногуни Русия фиристода шуда буд, рӯи саҳна баромад.
Российско-таджикская певица и автор песен Манижа поет во время второй репетиции первого полуфинала конкурса песни Евровидение в Роттердаме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Букмекерҳо ба Манижа бовар надоранд: имкони пирӯзии Русия дар Евровидение - 2021
Сипас, сароянда аз дохили пироҳани бузург "берун омада" намоишашро бо либоси сурх идома дод. Марҳилаи аввали Евровидение - 2021 рӯзи 18 май ба анҷом расид.
Тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ, 10 даста аз Русия, Норвегия, Исроил, Озарбойҷон, Малта, Литва, Кипр, Шветсия, Белгия ва Украина ба финал баромаданд.
Аз рӯи натиҷаҳои даври дуввуми ниманиҳоии рӯзи 20 май Албания, Сербия, Булғористон, Молдова, Португалия, Исландия, Сан-Марино, Швейтсария, Юнон ва Финландия ғолиб шуданд.
Назарсанҷӣ
Манижа дар Евровидение ҷои чандум мегирад?
Лентаи хабарҳо
0