https://sputnik.tj/20210521/bukmekerho-manizha-bovar-nadorand-evrovidenie-2021-1039633637.html
Букмекерҳо ба Манижа бовар надоранд: имкони пирӯзии Русия дар Евровидение - 2021
Букмекерҳо ба Манижа бовар надоранд: имкони пирӯзии Русия дар Евровидение - 2021
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз даври дуюми нимниҳоӣ, букмекерҳо имконияти Манижаро барои ғолиб шудан дар Евровидение - 2021 коҳиш доданд
2021-05-21T15:00+0500
2021-05-21T15:00+0500
2021-05-21T15:13+0500
евровидение - 2021: зодаи тоҷикистон, намояндаи русия
пирӯзӣ
пешгӯӣ
озмун
овозхон
манижа сангин
евровидение
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0e/1039441650_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_37f8378f31d6df37afa27e8d057f683b.jpg
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Манижа Сангин, ки Русияро дар Евровидение - 2021 муаррифӣ мекунад, дар рейтинги букмекерӣ мавқеашро аз даст додааст. Маълумоти портали EuroINvision аз ин шаҳодат медиҳад. Имконияти пирӯзии овозхон пас аз баромади ӯ дар даври ниманиҳоӣ, ки рӯзи 18 май дар Роттердам баргузор шуд, афзоиш ёфт. Дар натиҷа, сарояндагони 16 кишвар ба марҳилаи ҳалкунандаи озмун роҳ ёфтанд. Миёни онҳо Манижа бо суруди Russian Woman ҳам буд. Пас букмекерҳо ба ӯ ҷои 10-уми рейтингро сазовор донистанд.Пас аз даври дуюми нимниҳоӣ, ки рӯзи 20 май дар Нидерланд баргузор шуд, 10 иштирокчии дигар ба мубориза барои ҷоизаи асосии Евровидение - 2021 ворид шуданд. Ин ба андешаи букмекерҳо таъсир расонд, аммо на ба фоидаи Манижа. Дар ҳоли ҳозир, вай дар ин радабандӣ ҳамагӣ 15-ум аст ва имкони пирӯзии ӯ 1% арзёбӣ шудааст. Ҳамин тариқ, сарояндаи рус пас аз даври дуюми нимниҳоӣ якбора панҷ зина поин шуд. Тибқи иттилои портал, ғолиби эҳтимолӣ тағйир наёфтааст. То даври дуввуми ниманиҳоӣ, букмекерҳо ҷои аввалро ба гурӯҳи рок Måneskin аз Итолиё медоданд.Имконияти сарояндагони суруди Zitti E Buoni 21% арзёбӣ мешавад. Зани фаронсавӣ Барбара Прави аз сатри сеюми рейтинг ба зинаи дуюм баромад. Қобили зикр аст, ки имкони суруди Voilà-и Правиро букмекерҳо 21% арзёбӣ мекунанд.Манижа дар Евровидение - 2021Манижа зодаи Тоҷикистон аст, ки бо суруди Russian Woman дар Евровидение - 2021 Русияро муаррифӣ мекунад.Ҳунарнамоии ӯ дар даври аввали нимфинал миқдори зарурии овозҳоро барои ба даври ниҳоӣ баромадан гирифт.Ҳунарнамоии ғайриодии овозхон тамошобинонро ба ваҷд овард: Манижа бо либоси азиме, ки матоҳояш аз манотиқи гуногуни Русия фиристода шуда буд, рӯи саҳна баромад.Сипас, сароянда аз дохили пироҳани бузург "берун омада" намоишашро бо либоси сурх идома дод. Марҳилаи аввали Евровидение - 2021 рӯзи 18 май ба анҷом расид.Тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ, 10 даста аз Русия, Норвегия, Исроил, Озарбойҷон, Малта, Литва, Кипр, Шветсия, Белгия ва Украина ба финал баромаданд.Аз рӯи натиҷаҳои даври дуввуми ниманиҳоии рӯзи 20 май Албания, Сербия, Булғористон, Молдова, Португалия, Исландия, Сан-Марино, Швейтсария, Юнон ва Финландия ғолиб шуданд.
https://sputnik.tj/20210521/eurovisioni-2021-dar-kujo-va-kay-1039630978.html
https://sputnik.tj/20210521/manizha-ovozdih-ba-du-kishvar-evrovidenie---2021-1039613439.html
https://sputnik.tj/20210521/gholib-davr-duvvum-nimniho-evrojidenie-2021-1039525737.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0e/1039441650_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_f78ea6beef049779909ee9257e997ceb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
манижа сангин, букмекерҳо, пешгӯӣ, ҷой, евровидение - 2021
манижа сангин, букмекерҳо, пешгӯӣ, ҷой, евровидение - 2021
Букмекерҳо ба Манижа бовар надоранд: имкони пирӯзии Русия дар Евровидение - 2021
15:00 21.05.2021 (Навсозишуда: 15:13 21.05.2021) Пас аз даври дуюми нимниҳоӣ, букмекерҳо имконияти Манижаро барои ғолиб шудан дар Евровидение - 2021 коҳиш доданд
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Манижа Сангин, ки Русияро дар Евровидение - 2021 муаррифӣ мекунад, дар рейтинги букмекерӣ мавқеашро аз даст додааст. Маълумоти портали EuroINvision аз ин шаҳодат медиҳад.
Имконияти пирӯзии овозхон пас аз баромади ӯ дар даври ниманиҳоӣ, ки рӯзи 18 май дар Роттердам баргузор шуд, афзоиш ёфт.
Дар натиҷа, сарояндагони 16 кишвар ба марҳилаи ҳалкунандаи озмун роҳ ёфтанд. Миёни онҳо Манижа бо суруди Russian Woman ҳам буд. Пас букмекерҳо ба ӯ ҷои 10-уми рейтингро сазовор донистанд.
Пас аз даври дуюми нимниҳоӣ, ки рӯзи 20 май дар Нидерланд баргузор шуд, 10 иштирокчии дигар ба мубориза барои ҷоизаи асосии Евровидение - 2021 ворид шуданд.
Ин ба андешаи букмекерҳо таъсир расонд, аммо на ба фоидаи Манижа. Дар ҳоли ҳозир, вай дар ин радабандӣ ҳамагӣ 15-ум аст ва имкони пирӯзии ӯ 1% арзёбӣ шудааст.
Ҳамин тариқ, сарояндаи рус пас аз даври дуюми нимниҳоӣ якбора панҷ зина поин шуд.
Тибқи иттилои портал, ғолиби эҳтимолӣ тағйир наёфтааст. То даври дуввуми ниманиҳоӣ, букмекерҳо ҷои аввалро ба гурӯҳи рок Måneskin аз Итолиё медоданд.
Имконияти сарояндагони суруди Zitti E Buoni 21% арзёбӣ мешавад. Зани фаронсавӣ Барбара Прави аз сатри сеюми рейтинг ба зинаи дуюм баромад. Қобили зикр аст, ки имкони суруди Voilà-и Правиро букмекерҳо 21% арзёбӣ мекунанд.
Манижа дар Евровидение - 2021
Манижа зодаи Тоҷикистон аст, ки бо суруди Russian Woman дар Евровидение - 2021 Русияро муаррифӣ мекунад.
Ҳунарнамоии ӯ дар даври аввали нимфинал миқдори зарурии овозҳоро барои ба даври ниҳоӣ баромадан гирифт.
Ҳунарнамоии ғайриодии овозхон тамошобинонро ба ваҷд овард: Манижа бо либоси азиме, ки матоҳояш аз манотиқи гуногуни Русия фиристода шуда буд, рӯи саҳна баромад.
Сипас, сароянда аз дохили пироҳани бузург "берун омада" намоишашро бо либоси сурх идома дод. Марҳилаи аввали Евровидение - 2021 рӯзи 18 май ба анҷом расид.
Тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ, 10 даста аз Русия, Норвегия, Исроил, Озарбойҷон, Малта, Литва, Кипр, Шветсия, Белгия ва Украина ба финал баромаданд.
Аз рӯи натиҷаҳои даври дуввуми ниманиҳоии рӯзи 20 май Албания, Сербия, Булғористон, Молдова, Португалия, Исландия, Сан-Марино, Швейтсария, Юнон ва Финландия ғолиб шуданд.