https://sputnik.tj/20210521/alisher-usmonov-sahovatmandtarin-hayrhoh-1039635370.html
Алишер Усмонов саховатмандтарин сарватманд номида шуд
Алишер Усмонов саховатмандтарин сарватманд номида шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ба радабандии нави Rich List - 15 шахси саховатманди Русия дохил шуданд. Усмонов аз миёни русиягиҳо пешсаф буда дар стари шашум, ҷой гирифтааст. Сарвати ӯро 13.406 миллиард фунт стерлинг ҳисоб карданд
2021-05-21T15:31+0500
2021-05-21T15:31+0500
2021-05-21T15:44+0500
дар ҷаҳон
алишер усмонов
радабандӣ
саховатмандӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102411/04/1024110474_0:296:2591:1753_1920x0_80_0_0_f641caebf975e348fd658620c63add5e.jpg
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Рӯзномаи бритониёии Sunday Times рӯйхати сарватмандтарин одамони Бритониёи Кабирро тартиб дода, соҳибкори русиягии ӯзбектабор, Алишер Усмоновро саховатмандтарин доро номидааст, гузориш медиҳад РИА Новости. Тибқи иттилои нашрия, танҳо дар соли 2020 ӯ ва ширкатҳояш 500 миллион фунт стерлингро (706 миллион доллар) хайр кардаанд ва ҳаҷми умумии хайрияҳои сарпараст дар тӯли солҳои рейтинги Rich Rich аз 4,2 миллиард фунт (5,9 миллиард доллар) зиёд аст. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, маблағи умумии фиристодаи соҳибкор барои мубориза бо COVID-19 дар Русия, Ӯзбекистон ва Итолиё 134,2 миллион фунт (190 миллион доллар) - ро ташкил додааст. Ба радабандии нави Rich List - 15 шахси саховатманди Русия дохил шуданд. Усмонов аз миёни русиягиҳо пешсаф буда дар сатри шашум, ҷой гирифтааст. Сарвати ӯро 13.406 миллиард фунт стерлинг ҳисоб карданд. Мақоми ҳаштумро Роман Абрамович бо дороии 12,1 миллиард фунт стерлинг гирифтааст. Дар бистгонаи беҳтарин инчунин муассиси ширкати "Alfa Group" Михаил Фридман (сарвати ӯ - 10,8 миллиард фунт), узви Шӯрои директорони LetterOne ва шӯрои нозирони "Alfa Group" Ҳерман Хон (7,2 миллиард фунт) ворид шуданд.Инчунин, дар рейтинг муовини пешини вазири алоқаи Русия Денис Свердлов бо дороии 6,1 миллиард фунт, муассисони студияи бозии Playrix Игор ва Дмитрий Бухман бо дороии 5,6 миллиард фунт, саҳмдори LetterOne Holdings аз консорсиуми Alfa Group Алексей Кузмичев (5, 5 миллиард фунт) ном бурда шудаанд.Дар баробари ин, созандаи барномаҳои шиносоии Badoo Андрей Андреев, ҳамсари собиқ шаҳрдори Маскав Юрий Лужков - Елена Батурина ва роҳбари стартапи Revolut Николай Сторонский ва директори собиқи Толяттиазот Владимир Махлай ба радабандӣ ворид шудаанд.
https://sputnik.tj/20210423/uzbakiston-vaksinai-sputnik-v-1038976178.html
https://sputnik.tj/20201206/-VAO-Alisher-Usmonov-masuli-bakhshi-amniyati-prezidenti-Uzbekiston-shud-1032402568.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102411/04/1024110474_0:53:2591:1996_1920x0_80_0_0_de6c38f55c27bfa8895ea055db27c1dc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
алишер усмонов, ӯзбек, русиягӣ, хайрхоҳ, сарватманд
алишер усмонов, ӯзбек, русиягӣ, хайрхоҳ, сарватманд
Алишер Усмонов саховатмандтарин сарватманд номида шуд
15:31 21.05.2021 (Навсозишуда: 15:44 21.05.2021) Ба радабандии нави Rich List - 15 шахси саховатманди Русия дохил шуданд. Усмонов аз миёни русиягиҳо пешсаф буда дар сатри шашум, ҷой гирифтааст. Сарвати ӯро 13.406 миллиард фунт стерлинг ҳисоб карданд
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Рӯзномаи бритониёии Sunday Times рӯйхати сарватмандтарин одамони Бритониёи Кабирро тартиб дода, соҳибкори русиягии ӯзбектабор, Алишер Усмоновро саховатмандтарин доро номидааст, гузориш медиҳад РИА Новости.
Тибқи иттилои нашрия, танҳо дар соли 2020 ӯ ва ширкатҳояш 500 миллион фунт стерлингро (706 миллион доллар) хайр кардаанд ва ҳаҷми умумии хайрияҳои сарпараст дар тӯли солҳои рейтинги Rich Rich аз 4,2 миллиард фунт (5,9 миллиард доллар) зиёд аст.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, маблағи умумии фиристодаи соҳибкор барои мубориза бо COVID-19 дар Русия, Ӯзбекистон ва Итолиё 134,2 миллион фунт (190 миллион доллар) - ро ташкил додааст.
"Бо хайри беш аз 4,2 миллиард фунт аз сарвати шахсӣ ва тиҷорати худ дар тӯли таърихи 20-солаи рӯйхати Sunday Times Giving, Усмонови 67-сола саховатмандтарин хайрхоҳи радабандӣ аст, ки танҳо соли гузашта беш аз 500 миллион фунт стерлинг хайр кардааст" - омадааст дар хабарномаи Sunday Times.
Ба радабандии нави Rich List - 15 шахси саховатманди Русия дохил шуданд. Усмонов аз миёни русиягиҳо пешсаф буда дар сатри шашум, ҷой гирифтааст. Сарвати ӯро 13.406 миллиард фунт стерлинг ҳисоб карданд.
Мақоми ҳаштумро Роман Абрамович бо дороии 12,1 миллиард фунт стерлинг гирифтааст. Дар бистгонаи беҳтарин инчунин муассиси ширкати "Alfa Group" Михаил Фридман (сарвати ӯ - 10,8 миллиард фунт), узви Шӯрои директорони LetterOne ва шӯрои нозирони "Alfa Group" Ҳерман Хон (7,2 миллиард фунт) ворид шуданд.
Инчунин, дар рейтинг муовини пешини вазири алоқаи Русия Денис Свердлов бо дороии 6,1 миллиард фунт, муассисони студияи бозии Playrix Игор ва Дмитрий Бухман бо дороии 5,6 миллиард фунт, саҳмдори LetterOne Holdings аз консорсиуми Alfa Group Алексей Кузмичев (5, 5 миллиард фунт) ном бурда шудаанд.
Дар баробари ин, созандаи барномаҳои шиносоии Badoo Андрей Андреев, ҳамсари собиқ шаҳрдори Маскав Юрий Лужков - Елена Батурина ва роҳбари стартапи Revolut Николай Сторонский ва директори собиқи Толяттиазот Владимир Махлай ба радабандӣ ворид шудаанд.